ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 11 МАРТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР “КОХИ СУРУШ”

11 МАРТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР “КОХИ СУРУШ”

13 март 2024, Чоршанбе
10
0

  
11-уми март дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла   бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дар “Кохи Суруш”-и пойтахт Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил шуд. 
Матбуотчиёнро мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон   Зинатулло Исмоилзода шодбош гуфтанд. Зикр шуд, ки боиси хушҳолию сарафрозии мост, ки ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби матбуоти миллӣ ҳастем, ки рисолати хешро сарбаландона иҷро мекунад. 
Дар маросим ба собиқадорон мукофотпулӣ, ба рӯзноманигорони фаъол ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим гардид. Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имсол дар бахши матбуот Умари Шерхон, Камоли Қурбониён, Мавҷуда Ҳасанова, Амир Саидзодаи Мункӣ, дар бахши телевизион Ёрмаҳмад Самадов, Барно Соҳибова, Маҳмадалӣ Сафар, дар бахши радио ба Зиёратшо Аҳмадов, дар бахши сомонаҳои иттилоотӣ ба Абдураҳмон Раҳмонов, дар бахши пажӯҳиши илмӣ ба Зафар Аскар тақдим шуд. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо сипосномаи Вазорати фарҳанг қадр гашт.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи матбуотро бо ҳамоиш дар мавзуи «Рушди матбуоти тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ» ҷашн гирифт. Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни сухани табрикӣ аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик нақши муҳим ва муассирро дар рушду нумуи кишвари азизамон – Тоҷикистон мебозад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки намояндагони расонаҳои хабарӣ имрӯз рисолати хешро дар ҷодаи расондани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилоти ҷомеа, инчунин, ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллати тоҷик, поквиҷдонона ва бомасъулият иҷро карда истодаанд. Зикр шуд, ки дар шароити муосир дар рӯзгори мо нақши воситаҳои ахбори омма торафт меафзояд, зеро расонаҳо оинаи зиндагӣ буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад. Таърихи матбуоти тоҷик моломоли талошҳои созандаву пуршараф аст. Матбуоти тоҷик дар таърихи 112-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ новобаста ба сиёсати замон содиқ будаву ҳаст. 
Журналистони вилояти Суғд ҷашни касбиашонро дар меҳмонхонаи "Суғдиён" таҷлил намуданд. Муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода аҳли қаламро аз номи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода шодбош гуфта, аз ҷумла зикр намуд: “Аҳли қалам барои муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои милливу қадимӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва бовар ба фардои саодатбахш меҳнат мекунанд. Сипас, ба як қатор собиқадорони соҳа ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд. 
Аҳли қалами вилояти Хатлон барои таҷлили Рӯзи матбуот дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо намоиши матбуоти даврии вилоят ташкил шуда, мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот барпо гардид. Инчунин, озмуни “Неруи сухан” ҷамъбаст ва ғолибон бо диплом ва мукофотпулӣ қадр шуданд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив