ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМ, ТААССУБ ВА МАРГ

ТАНЗИМ, ТААССУБ ВА МАРГ

13 март 2024, Чоршанбе
14
0


Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Раҳими сваршик. Кору рӯзгори ин марди бепарвофалак, ки ягона одами «бенамоз»-и деҳа буд, дар масҷид мавзуи асосӣ ба ҳисоб мерафт. «Хонааш дар ҳавлии хонаи Худову як бор сар намехалонад», – доим Диловари галабон ғур-ғур мекарду мавзуи дӯстдоштаи шариатпаноҳонро оғоз мебахшид. «Ба ҳунарҳои додаи Худованд, ки шукр намегӯяд, обаш ранг намегирад. Мурад аз мӯйҳои сафедаш шарм надошта», – ба оташи ғайбат равған рехта, мегуфт Салими «коммунист», ки ҳамагӣ чанд сол пеш бо далели он ки, бобои модарияш сайидзода будааст, худро Эшони Салим эълон кардааст. Ба ҳамин монанд, ҳар гоҳе ки аҳли масҷид аз пушти дари Раҳимбой мегузаштанд, «ин хар одам намешавад», – гуфта, гиребон мегирифтанд. Зани домулло Сайфуллои осиёбчӣ ҳам аз забони олампаноҳаш фатво додааст, ки ҳатто аз авлоди ин бенамоз келин гирифтан ё ба ин зоти худобехабар духтари муъмину мусулмонро бароварда додан, куфр аст...
Аммо Раҳимбой кай парвои ин ҳарфҳо дошт. Мардуми одӣ,  ки  бисёр  дӯсташ  медоштанд,  гапи  ин гурӯҳи худпарастонро ба як тангаи пучак ҳам намегирифт. Панҷ ангушташ ҳунар. Лақабаш «сваршик» ҳам бошад, таоми маъракаҳои мардумро ҳамеша ӯ мепухт. Санги осиёб мечинд, ба қавли мардум, электрикӣ мекард, ҷорӯб баста мефурӯхт. Хуллас, аробаи зиндагиашро худаш беминнат мекашид. Хоксор буд, нафси калон надошт. Барои ҳамсояҳо кори ҳангуфтеро ба ваъдаи як шакароби бомаза ҳам анҷом медод. Агар мабодо 5-10 сомонияш медоданд, хиҷолат мекашид. «Илтимос розӣ шавед ё беҳтараш гардонда гиред», –  гуфта чанд лаҳза пушти дари корафтода мемонд. Аҷаб инсоне буд ӯ, зиндадил ва парвои фалак надошт…
Вале вақтҳои охир аз чи бошад, ки маъюсу камгап метофт. Мегӯянд, ки дигар  бо ҳамсараш ситораҳояшон рост наомада истодааст. Гӯиё аз он Руқияи чақ-чақиву шӯхтабиат нишоне намонда бошад.  Ба шӯхиҳои Раҳимбой дигар на механдаду на ҷавоб мегӯяд. Қошу қавоқаш аз саҳар то бегоҳ овезону зери лаб доим ғур-ғур. 
– Ин мардак кай дар фикри зиндагӣ мешуда бошад? Се духтари калон дораву дар бисоташ як ваҷаб карбос нест. Рӯзи дароз дар хонаи мардум зиёфат хӯрда мегарда. Одамо ними и нестан, келину домоддор. О ҳамсояҳо чӣ меган? Ақаллан, як бор Русия намерай, ки чор танга ба ҳами духтари калонита ҷамъ кунӣ. Одами зиндада Ҳанифа имрӯз-пагоҳ синфи даҳра тамом мекна охи...  
Раҳимбой бисёре аз гапҳои ҳамсарашро мефаҳмид. Мефаҳмиду худро ба карӣ мезад. «Эй занаки сода, –  мегуфт худ ба худ, –  дар ҳаму Русия ҳам одамдор кор меёва. Ма як каса нашносм, куҷо мерам? Худо ба тӯйи духтарма брасм, як илоҷ мекнм. Охи ҳукумат танзима барои чӣ кадай? Наход ин мардум то ҳозира нафаҳмида бошану тӯю маърака гуфта, худшона бкшан? Ҳамӣ катагиву гушнамастимон буд, ки бобоҳомон ба падаромона ғайри хонаҳои бонгӣ дига ҳичӣ намондан. Чӣ, мехоҳен, ки мо ҳам кори ҳамуҳора такрор кнем? Эй занакой нофаҳм кай фаросати шумо боло  мегира? Фикр мекнен, ки ҳами духтаро фақат ай шумоҳан. О мо мардакора намефора, ки духтармон гули сари сабад боша? Охи помона ба пойи баъзеҳо дароз кнем, ай ҳафт ҷо мешканае, беинсофо… Ростша бугум, дар иҷа айби раисой ҷамоат ҳам ҳастай. Охир, камбағала Худо худуш танзим кадай, чива боёра намегӯян, ки тӯю маъракаҳошона ранги мо кнан. Дар тӯёи уво дасто пеши баранду дар тӯёи мо паси пушт. О мо ба ин дурӯягӣ кай ак танзим мекнем???».
Янгаи Руқия ҳам гапҳои Раҳимбоя шунида будааст, ки  қариб як моҳ бо ӯ гап назад. Ба духтарҳояш мегуфтааст, ки: «Брен дадата буген, ки ё хдш Русия брава ё мара мона, ки брам. Ба умеди танзимш нашава, роҳош бисёрай. Ранги ҳаму дорандаҳо ними тахти духтарма як рӯз пеш ай тӯй «КамАЗ»-да зада, хонаи қудо ройи мекнм… Янгаҳо ҳам нимшон пеш ай мошини шаҳу арус рафтан мегиран. Баъди тӯйи хоҳарзодаи раиси ҷамоатмон ҳами хели «танзим» модда шидай»… 
– Бе танзимам занак Русия ба чӣ мерам,–  як рӯз тоқати  мардаки хона тоқ мешаваду рӯбарӯи ҳамсараш шишта, дилашро холӣ мекунад. – Хдт нағз медонӣ, ки саломатим у қадар хуб нестай. Камтар хунук бхрм хурдагима мегардонум. О сабр кнен, ҳами фабрика обод мешава меган, эрониё харидиянша. Ма сваршикме, занак дар рӯи шут ҷанг мешава, медонӣ…
– Дига корут надорм мардак, –  лабонашро инҷ мекунад янгайи Руқия, –  гови ачамдодагия мефурушму қати очайи Сабоҳат билет мегирем. Уво дар Волгоград замини агарот доран. Ҳама ранги тҳай, занако ворӣ дар тӯё шурбо пухта бгард.

Раҳимбой мебинад, ки кор ҷиддӣ аст, ғамгин мешавад. Лекин ҷанг намекунад. Охир, ӯ ҳунари ҷанг кардан ҳам надошт. Фақат уф мегӯяду пуштгардон ба хонаи хоб меравад...
Пагоҳӣ ҳеҷ кас нафаҳмидааст, ки Раҳимбой кай говро бозор бурдаву аз пулаш билети Новосибирск харидааст.
– Духтарҷон пагоҳ як лав кулча кнен, –  Ҳанифаро фарёд карда мегӯяд падараш, –  рӯзи дига ма Русия мерам.
Шаби охир янгаи Руқия ҳарчанд кӯшиш кард, ки аз дили мардаки мусофираш ғамҳои додагиашро барорад, ки фоида накард. Кор аз кор гузашта буд... 
Хабари ҷои кор ёфтани Раҳимбойро бачаи ҳамсоя баъди қариб ду моҳ овард.
–  Акам як ҳафта шидай, ки кор кадестай,–  гуфт ӯ. –  Корш вазбинай, неки ҳама дӯстш, ки медоран, ёрдамш мекнан. Маош нагирифта буд, ин пулҳора ма, ки миёмадм, ай ҳамкоро қарз гирифта дод. Корош хуб шаван, гардонда мета, панҷ ҳазори русӣ уқа пуле нестай.
Ҳаминро гуфта, чанд коғаз бароварда, ба зани Раҳимбой дароз мекунад.
Янгаи Руқия то пулҳора варақ мезанад, ки бача аз дарвоза баромада меравад. Дигар на ҷойи кори ҳамсарашро мепурсаду на ҳамсоябачаро биё бишин мекунад.
Аз байн тахмин як моҳ мегузарад. Занги охир ҳам наздик. Барои Ҳанифа то вечеру винетка 150 сомонӣ даркор аст, ғайри ягон куртаи «непрастой» гирифтанаш. То чанде рӯзи занги охир наздик мешавад, дили янгаи Руқия ҳамон қадар бештар оташ мегирад. Чӣ кор карданашро надониста, бечора Раҳимбойи дар ҳеҷ куҷо набудагиро дар як рӯз даҳ бор болои қишлоқ (мазор – муаллиф) мебараду мебиёрад. Мебараду мебиёрад, ғур-ғур мекунад, мебараду мибиёрад:
«Албат одами нодида ягон беваи уруса ёфтай, дига мо ба ёдш мерасем? Охи, ҷойи кор дошта бошӣ, маош бигирӣ, чува дар ду моҳ як танга ройи намекнӣ. Одамо ними ту нестан заношона ҳаҷ равон мекнан. Э, поҳот бшкана твори мардакае. Тӯй усу беста, дар занги охири дхтарм сарма пеши ҳамсояҳода чӣ хел мебардорм?! Унаму Хатича зани дуюмай, чиликой духтарша мебинӣ ҷойи холӣ надора. О дхтари ма ай ҳаму паспехаки Заррагул (духтари Хатича –  муаллиф) чӣ камӣ дора?»…
Бо ҳамин ғур-ғур занаки хонадора кай дар рӯи кати ҳавлӣ хоб мебарад, худаш намедонад. Нимашаб аз овози мошин, ки ба фикраш дар пушти дарвоза манъ кард, тарсида бедор мешавад. Хоболуд ҳам бошад, мешунавад, ки касе янгаи Руқия гуфта, фарёд карда истодааст. Алахон давида дарвозаро мекушояд. Янга ба худ наомада, ки Раҳимбойи ҳамсараш дар миёни ҳавлӣ аз дари қафои мошин бо асобағал мефарояд. Мефарояду то рост мешавад, ки талхаи хонадор мекафад. 
– Занак хта ба даст бигӣ, шукр созм, тақдир ҳами бдай, – мегӯяду аз пушти меҳмонҳо ба хона медарояд...
Баъд бачаҳои ҳамроҳаш нақл мекунанд, ки чи хел Раҳимбой аз ошёнаи дуюм меафтаду пойҳояш мешикананд. Ба гуфти онҳо, баъди яку ним ҳафтаи кориаш ҳамин ҳодиса рух медиҳаду қариб як моҳи охир Раҳимбой дар «гипс» бо тахтаи пушт ва бе нигоҳубин хоб будааст. «Хозяйин» гуфтааст, ки касе касалибонӣ карда кор намекунад, маош нагӯяд. Умуман, акаи Раҳим азобҳои зиёд мекашад. Агар ҳамин бачаҳои қишлоқ намебуданд, Худо медонад, ки чӣ гап мешудааст?… 
Саҳар боз ҳамон мошин Раҳимбойро ба беморхонаи ноҳия мебарад. Зиқ буд, ҳатто ду кӯдаки хурдакакашро намонд, ки аз хоб хезонанд. «Ғамшон натен», – гуфт пеш аз баромадан. Бечора ба фикрам хуб медонист, ки рӯзҳои аз Русия дида ҳам шумтар ӯро дар пеш интизоранд. Шухиву шодӣ аз лабу даҳонаш паридагӣ. Янгаи Руқия як пиёла чоя дода, заҳри танаш мекард: "Наход ту ай дйим этаж бғалтие. Одамо ними т нестан…"
Фикрӣ шид, мардаки бечора. Дар беморхонаи ноҳия ҳам ай бепулира хуб нигоҳш накарданд, ки вақти кушодани гипс, як пош варам монд. Дардам, ки накна варамш нагашт. Ҳар ду по чиқа хунук хурдагияй гуфтанд духтуро. Офарини мардакт ба и аҳвол чӣ хел панҷ сутка дар поезд омадай, мо ҳайрон…?
Раҳимбой дигар хонашин шуд. Сари бе ин ҳам дар назди занак хамаш, якбора дар замин зад. Рӯзи дароз фикр мекард. Ғур-ғури янгаи Руқия бошад, охир надошт:
–  Ҳама расияной кару кур соҳиби дову даскаву мо касаливон. Эй, Худо бигира тақдири шумма-е…
Паст не, ҳамуқае мегуфт, ки мардак бшнава…
Хайрият як ҳафта нагзашта буд, ки аз фабрика ба сарша омаданд.
–  Ҳа Раҳимбой, хурда хов, дига корт намефора, – шухӣ карданд меҳмонҳои нохонда. 
– Ҳо, мо рӯзӣ дорем-ак, – эсту бест накарда, янгаи Руқия ба гап ҳамроҳ мешава, –  мардако ҳама доллар биёран, шӯи мо чигас овард. Ай отаму очам то рӯзи қиёмата барои ҳами шӯи додагишон домангирм…
 Мардаки хона шарм дошт, сурху сафед шуд. Дами нафасашро чизе гирифтагӣ ворӣ қафаси синаашро молиш медод. Баъди лаҳзаи сукут сарашро бардошта: «Дилам камтар сих зад», – гуфт.
 Меҳмонон ҳам аз шӯхии кардагиашон пушаймон шуданд, ки омин карда хестанд.
– Пагоҳ ба фабрикара биё, –  гуфтанд раҳорав. – Илоҷи корро меёбем…
Рӯзи аввали корӣ нисфирӯзӣ буд, ки Раҳимбой ба хона омад. 
–  Имрӯз монда нашавӣ гуфта, барвақт ҷавобам доданд. Инҳоро сардори бригада дод, – гуфта як мурғу чанд дона тухмро ба ҳамсараш дароз кард. 
Баъд, барои истироҳат ба хонаи дарунӣ, ки нисбатан салқин буд, даромад. Вале, ҳанӯз пинак нарафта, овози янгаи Руқия баланд шуд, ки гӯё осмонро ба сар бардоштан мехост:
–  Рафта ба дадаҷонат гӯй, ки ба вечер намеравӣ, пеши ман чӣ оби дида мекунӣ? Дар ҳисоби сағераҳои бепадар кунҷи хонада кафида шин. Одамойи отадор вечер мераван, ту чӣ сарта ба сари уҳо мемонӣ?!...
Раҳимбой фаҳмид, ки Садаф баъди занги охир аз он ки мисли дугонаҳояш сарулибос надорад, ба шабнишинӣ рафтанӣ нест.  Дилаш боз таҳ кашид, дигар дар хона «истироҳат» кардан нахост. 
Ногоҳ ба ёдаш расид, ки соати шонздаҳ ба тӯйи Диловари галабон даъватист. Ҳарчанд нияти рафтан надошт, маҷбур аз дари хона бадар шуд…
 Дар тӯйхона раиси маҳалларо дид, ки дастҳо пеши бар чи гуна меҳмононро хушомадед мегӯяд. Ҳама калоншавандаҳои маҳалларо ҳам дид. Дид, ки чи хел қолинҳои калон ва бузу гӯсфанди бешумор аз дарҳои пешу қафои тӯйхона даро-баро доранд. Диловари галабон ҳам бо яке сари дасту бо дигаре дудаста вохӯрӣ карда, бо забонаш осмонро сӯз медод.
Арусро ҳам оварданд. Мошин даруни ҳавлӣ қарор гирифт. Аз пеш марди миёнаумри қоқина, ки тағои арус буд, берун шуд. Аз рӯйи таомул бояд сафедие гирифта, арусро иҷозаи фуромадан медод. Ногоҳ аз байни издиҳоми меҳмонон зани тануманде ба ӯ наздик шуду ба гӯшаш чизе пичиррос зад. Мард гашта ба мошин нишаст ва оҳистаҳак дарро пӯшид. Баъд ҳамон зан бо як хандаи нозебу сохта «канӣ тарафи шаҳ, ҳиммат карда худро як тилтонед-чи», –  гуфта, нидо баровард. Диловари галабон гӯё маҳтали ишора буд, ки як садсӯмаи шараққосӣ бароварда, аз дари пеши мошин дароз кард. Мардаки қоқина пулро  гирифту бо ишораи иҷозат ба сӯи зани ҳузарб нигарист. Зан он қадар хушҳол наметофт, ҳамон хандаи сохта ҳоло ҳам чеҳраашро «зеб» медод. Як лаҳза хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Соҳибхона рамузи корро фаҳмид, ки зани «даъвогар»-ро ба як тараф кашид.
Раҳимбой ба чашмони худ дид, ки чи хел ӯ ба дасти қудозанак як саддоллара қапонд.
– Танзим қудоҷон, танзим, –  пичиррос мезад галабон, – ҳеҷ кас нафаҳмад. – Ғайри ин, пушти мошини арус як қӯчқори кори калон мемонам, акнун келинро иҷозати фуромадан диҳед...
Садои карнаю  сурнай баланд шуд, садои қарсаку ҳушт-ҳушт ҳам. Келин аз мошин фуромад ва чодари болои сарашро бо дастонаш дошта, хиромон қадам мезад.  Бечора Раҳимбой, ки то ҳол манзараи пулчаспонии Диловари галабонро ҳазм накарда буд, якбора зебу зинати арусро дида, бехуд шуд. Шаш чала, ду қатор гарданбанд ва як дастпонаи дасти рости ӯ ҳама аз тилло буданд...
Не, Раҳимбой ҳасад нахӯрд. Аслан, ҳасадхӯрӣ дар хуни ӯ нест, вале ҳарчанд мехост худро аз ин ҳолат барорад, наметавонист. Болои сӯхта намакоб  суханҳои ҳамсар ва оби дидаи духтари пайи қинғолааш ҳеҷ аз пеши рӯяш намерафт. «Одамҳои падардор вечер раванд, ту чӣ саратро ба сари онҳо мемонӣ?», – гуфтани янгаи Руқия дили мардаки бечораро гӯё  пора-пора кардан мехост. Дар як лаҳза ранги рӯяш тағйир хӯрд. Ӯ, воқеан, нороҳат буд, ки дигар тоқат накарда, аз китфи марди паҳлу сахт қапид. Шояд гуфтан мехост, ки аҳволаш хуб нест, вале фурсат наёфта, ба замин афтод…
Даҳшат. Дар тӯйхона садои карнаю сурнай хомӯш нашуда, ҷисми беҷони Раҳимбойро аввал ба беморхона ва аз он ҷо ба хона оварданд. Сактаи дуюмбораи дил хулоса кардааст, духтури навбатдор...
Бале, рӯзи аввали кори Раҳимбой рӯзи мотамаш шуд. Ҳамин ки мошини ёрии таъҷилӣ болои ҳавлӣ қарор дод, якбора садои гиряву нола ба осмон печид. Зану духтаронаш мӯю рӯ кандаву хок ба сар мекарданд. Аҷиб, вақте аз кати духтурӣ маитро болои ҷойгаҳ хобонданд, чашмонаш кушода буданд. Касе хитоб намуд, ки чашмонашро пӯшида молиш диҳед. Ҳамин хел ҳам карданд, вале ба зудӣ натиҷа надод. Нафаре ҳам пичиррос мезад, ки мардак боумед аст ё чизи ногуфтаву васияте дорад, то дар гӯшаш азон нахонем, чашмонашро намепӯшад. Вале дигар дер шуда буд, ҷасади Раҳимбойро ба хона барои шустан бурданд…
 Баъди лаҳзае ҳама  пароканда шуданд ва мани бегонаву танҳо миёни ҳавлӣ ҳайрон  мондам. Ҳарчанд медидам, ки бо ишора чизе сӯям гуфтан доранд, вале ҳеҷ чиз ба гӯшам намерасид. Гӯё ҳоло ҳам Раҳимбой дар пешам рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Чашмони кушодаи ӯ аз пеши назарам ҳеҷ намерафтанд. Шояд ӯ, воқеан, чизе гуфтан мехост. Шояд мехост ба ҳамсараш бигӯяд, ки дигар гиряҳои шумо фоида надоранд. Шояд мегуфт, ки агар ними ҳамин дилсӯзиҳоро дар зиндагиям мекардед, ақаллан, дар тӯи духтарам ҳавас шикаста, беармон мемурдам, шояд… 
Бале, намедонам то чи андоза дар баёни мақсаде, ки доштам, даст ёфтам, вале далел ин аст, ки сатрҳо хулосаи воқеаҳо аз дидаву шунидаам тули беш аз як соли охир аст. Албатта, далели марг дар ҳодисаҳои ба ин монанд шояд хеле кам бошанд, вале бовар кунед, шумори маҳз аз ҳамин сабаб бохтагони саломатӣ андак нест, ки метавонад зиёни бештаре ба дунбол дошта бошад. 
Пас, моро  аввалтар аз иқдоме ки дорем, танзими ақлҳо мебояд. Танзими ақлу фаросати зан ва модари тоҷик. Зеро рушди ақл озодии тафаккур  ва озодии фикр шикасти таассуб аст ва ин шикаст метавонад миллатро аз бунбасти зеҳнӣ раҳо бахшад, ки ин, бахусус дар замони ҷаҳонишавӣ, ногузир аст... 
Янгаи Руқия қаҳрамони типишуда аст ва имрӯз ҳазорҳо янгаҳои дигари мо низ ба тарбия ниёз доранд. Тарбияе, ки тавонад дар болоравии маърифати модари тоҷик, дар оила мусоид бошад. В-арна ин таассуб, ки аз мардҳоямон бадар нашуда, домони модаронамонро гирифтан дорад, кӯшишҳои мову шуморо дар банизомдарории тӯё маъракаҳоямон бар бод хоҳад дод. Зеро ин ва даҳҳо мисолҳои дигар бар ин далеланд, ки калиди танзим на танҳо дар ихтиёри мақомоти масъул, балки дар дасти ҳар як модари оилаи тоҷик низ ҳаст. Раҳимбойи мо низ на аз сарфи тӯй, балки то тӯй, аз бемаърифатӣ ва аз таассуби зан мурд.
Афсӯс!

Бознашр аз китоби "Занкалон"-и Қ. ШАРИФӢ

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив