ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВЕРА РАСТОРГУЕВА. ЛАҲҶАШИНОСИ НОМВАРИ РУС, КИ ДУХТАРИ ТОҶИК ШУД

ВЕРА РАСТОРГУЕВА. ЛАҲҶАШИНОСИ НОМВАРИ РУС, КИ ДУХТАРИ ТОҶИК ШУД

06 май 2024, Душанбе
32
0
 
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Институти забон ва тафаккури Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар шаҳри дар муҳосирабудаи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) мустақар буд, ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе (он замон Сталинобод) интиқол ёфт. Он замон дар аспирантураи ин муассисаи бонуфуз таҳти роҳнамоии профессор И. Зарубин ду духтари рус: оянда шарқшиносони маъруф Вера Сергеевна Расторгуева ва Валентина Степановна Соколова таҳсил мекарданд. Лаҳҷашиносии тоҷик он солҳо дар ҳолати ташаккул қарор дошт.  Маҳз хонум Расторгуева асосҳои рушди лаҳҷашиносии тоҷикро гузошт ва барои инкишофи забони мо хидмати шоистае анҷом дод.
АСОСГУЗОРИ ЛАҲҶАШИНОСИИ МУОСИРИ ТОҶИК
Ховаршиноси номвари ҷаҳон, доктори илмҳои филология, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Вера Сергеевна Расторгуева 5-уми июни соли 1912 дар вилояти Липетски Русия ба дунё меояд. Соли 1938 пас аз хатми шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград ба Тоҷикистон омада, сарнавишти хешро то вопасин нафас ба Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ пайваст.
Ин бонуи донишёр асосгузори лаҳҷашиносии муосири тоҷик, созмондеҳ ва аввалин мудири бахши забонҳои эронӣ дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия (АИР) мебошад.
Бавижа, солҳои ҳафтодуми асри ХХ таҳти роҳбарии Расторгуева навиштани китоби панҷҷилдаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» анҷом ёфт. Маҳз ҳамин китоби бунёдӣ соли 1989 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр гардид. Ҳамчунин, баъдтар бо ордени «Дӯстии халқҳо» сазовор шуд.
 
ДУХТАРИ ТОҶИК
Пажӯҳиши аввалини бону Расторгуева ба лаҳҷаҳои тоҷикии ноҳияи Варзоб бахшида шуда, баъдтар, асоси ҷилди якуми силсилаасари ӯ «Очеркҳо оид ба лаҳҷашиносии тоҷик» (“Очерки по таджикской диалектологии”) қарор гирифт. Ин силсилаасар барои муҳаққиқони дигар, бавижа лаҳҷашиносони ҷавони тоҷик, мактаби омӯзиш гардид.
Рисолаи ӯ “Лаҳҷаи варзобии забони тоҷикӣ” на фақат ба равнақи илми лаҳҷашиносӣ мусоидат намуд, балки ба ҷанбаҳои низоми забон, масъалаҳои овошиносӣ (фонетика) ва сарфу наҳви забони тоҷикӣ равшанӣ андохт.
Мардуми ноҳияи Варзоб ҳанӯз охирҳои солҳои чилуми асри ХХ ин хонуми хирадварзро духтари тоҷик хонда буданд. Носирҷон Маъсумӣ, олими маъруфи тоҷик, дар як шеъри худ ин дӯсти тоҷиконро чунин тавсиф карда буд:
Ному кори некатон вирди забон,
3-он ба дил наздик мегӯем мо.
Баски пайвандед бо тоҷикзамин,
Духтари тоҷик мегӯем мо.
 
Бону Расторгуева солҳои панҷоҳуми асри ХХ ба маҳалҳои гуногуни тоҷикнишини Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сафар карда, дар асоси маводи фаровон чор ҷилди дигари «Очеркҳо оид ба лаҳҷашиносии тоҷик»-ро таълиф кард, ки онҳо давоми солҳои 1952-1963 дар шаҳри Москва нашр шудаанд. Вай нахустин касест, ки дар Конгресси ХХV байналмилалии шарқшиносон (Москва,1960) таснифоти нави илмии лаҳҷаҳои забони тоҷикиро пешниҳод ва тасдиқ намуд.
Солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бораи гӯйишҳои тоҷикии водии Фарғона (Чусту Косонсой, Риштону Сӯх, Хуҷанду Конибодом, Исфараю Истаравшан) асарҳои пурарзише офарид. Тасаввур кунед, дар шароите, ки воситаҳои нақлиёти мусофирбар хеле камёфт буд, барои як зан ин қадар масофаро ба хотири илм тай кардан, чӣ қадар ранҷ дар пай дошт. Чунин инсонҳо соҳиби дили бузург ва садоқати инсонианд. 
 
ЗАБОНШИНОСИ БУЗУРГ 
Саҳми Вера Расторгуева дар пажӯҳиши масъалаҳои забони адабии тоҷикӣ низ хеле калон аст. Се асари ӯ: «Очерки мухтасари грамматикаи забони тоҷикӣ» (“Краткий очерк грамматики таджикского языка”, 1954), «Очерки мухтасари фонетикаи забони тоҷикӣ» (“Краткий очерк фонетики таджикского языка”, 1955) ва «Системаи феъли забони тоҷикӣ» (“Система таджикского глагола”, 1964) дар ганҷинаи забоншиносии тоҷик мақоми вижа доранд.
Бино ба навиштаи забоншиноси шинохтаи тоҷик Ғаффор Ҷӯраев, фаъолияти илмии мавсуф танҳо бо пажӯҳиши масъалаҳои забони тоҷикӣ маҳдуд нашудааст. Рисолаи ӯ «Очерки мухтасари грамматикаи забони порсӣ», ки ба луғати Б. Миллер «Персидско-русский словарь» (1960) пайваст шуда буд, дар олами эроншиносӣ ҳанӯз ҳам эътибор ва нуфуз дорад. Солҳои охири умр Расторгуева ҳамроҳи шогирдон ба таълифи «Луғати этимологии забонҳои эронӣ» машғул буд, ки ду ҷилди он дар шаҳри Москва ба табъ расид. Таҳти роҳбарии ӯ як зумра ҷустуҷӯгарони ҷавони  тоҷик: Н. Беҳбудӣ, А. Каримова, Қ. Тоҳирова, М. Турсунов, М. Файзов, М. Маҳадов рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд.
Ӯ бо даъвати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зуд-зуд ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, барои ҳалли масъалаҳои забоншиносии тоҷик машварат медод. Ба забони тоҷикӣ шевову ширин суҳбат мекард. 
Солҳои охир таҳти роҳбарӣ ва иштироки В. Расторгуева тадвини фарҳанги чандҷилдаи решашиносии забонҳои эронӣ ҷараён дошт. Сарнавишти чунин фарҳанги бузург чи шуд, ба аксари забоншиносони мо маълум нест. 
Вера Расторгуева 4-уми ноябри соли 2005 дар 93-солагӣ дар Москва бо олам падруд гуфт. Ёду корномаҳои илмияш мероси муштараки миллатҳои тоҷику рус аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив