ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУХАНЕ АЗ УСТОД

СУХАНЕ АЗ УСТОД

13 март 2024, Чоршанбе
26
0

  
Шафқат Саид солҳои 1965 – 1990 дар миёни журналистони тоҷик ситораи дурахшоне буд. Ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ мақолаҳое менавишт, ки то ба имрӯз дар ёди ҳамкорон ва шогирдон мондаанд. Падарашон домулло Саид дар шаҳри Исфара аз донишмандон ва мударрисони шинохта ба ҳисоб мерафтанд. Мутаассифона, солҳои репрессияи сталинӣ гирифтори шиканҷа гардида ва ба Сибир бадарға шуда буд. «Ман аз Сталин домангир нестам, падари маро Сталин намешинохт, бахилону ҳасудоне, ки обрӯи падарро дида наметавонистанд, туҳматнома навишта ба мақсад расиданд. Доноён, олимон, босаводон ҳамеша ғами халқро мехӯрданд, намегузоштанд, ки шахсони ҷоҳил обро лой карда моҳӣ доранд, мардумро ғорат намоянд, аз ин рӯ, душман доштанд ва онҳо пайт поида, чун каждум заҳр мезаданд. Як муддат нотавонбинон дастболо гардиданд, вале ҳақиқат ғалаба карду падар сафед шуданд», – дарди дил мекарданд устод.     
Моҳи апрели соли 1997 дар матбаа, ҳангоми саҳифабандии шумораи навбатӣ, бо рӯзноманигори варзида, сармуҳаррири «Нидои ранҷбар» (ҳоло «Коммунисти Тоҷикистон») Ҳабибулло Ёров, ки ду даҳсола дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» хабарнигор ва сардори шуъбаи мактубҳо буд, дар бораи ҳусну қубҳи рӯзномаву ҳафтаномаҳо ибрози назар кардем ва билохир сухан оид ба забону услуби мақолаҳо рафт. Ӯ аз тирезаи барҳавои коргоҳи ҳуруфчинӣ ба берун, ки борони маҳин як зайл рӯи майсаҳои навдамида, шохаҳои сабзи маҷнунбедҳо мерехт, нигоҳ афканда, чунин парда аз рози андеша барканд.
- Рӯзномаву ҳафтаномаҳо зиёд шуданду як зумра хабарнигорони ҷавони соҳибистеъдод ба  майдони эҷод асп давондан доранд, аммо забони мақолаҳояшон хеле таҳрирталаб. Онҳоро мураббие зарур аст, ки аз санг гавҳар падид овардан, аз сухани одӣ шаддаи марворид кашиданро омӯзонад. Устоди қавидасте, агар яке аз мақолаҳои дар ҳафтаномаи хусусӣ чопшударо таҳрир намояд, аз эҷоди хабарнигор танҳо рақаме мемонаду бас. 
Мусоҳибам ҳақ буд.  Имрӯз аксари эҷодкорон ҷавонанд, бештар дар  жанри хабару мусоҳиба қалам меронанд. Шояд, аз ин сабаб бошад, ки якрангӣ дар навиштаҳо зиёд гаштааст.
- Ман аз ду нафар миннатдорам, - ба суханаш идома бахшид Ҳабибулло. - Аз устод Ибод Файзулло тарзи фелетоннависию аз Шафқат Саид эҷоди очеркро омӯхтам. Онҳо дар таҳрири мавод чунон бераҳм буданд, ки баъзан вақт аз мақолаам танҳо номи қаҳрамонро мешинохтаму халос. 
Ман ҳам бо устод Шафқат Саид солҳои 1982 - 1987 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ҳамкор будам. Дар ҳақиқат устод мураббие буданд сахтгир ва ҳоло воқеае, ки рӯзҳои аввалини ба ин идораи муътабар ба кор омаданам ба вуқуъ пайваста буд, ба хотирам расид. Дар рӯзнома аз ҷавонон Саймурод Фаттоҳзода, Мақсудҷон Ҳусейнов, Усмон Солеҳ, Хурсанд Ҷумъазода, Додоҷон Рӯзиев, Оқил Фахриев ва  чанд нафари дигар ба кори эҷод шуғл меварзиданд. Рӯзе ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ Хурсанд Ҷумъазодаро каме парешонҳол дарёфтам. Вай дар роҳрави дароз, ки аз байни ҳуҷраҳо мегузашт, қадам мезад, назди дари дафтари кории устод Шафқат Саид рафта, каме меистод, сар мехорид, вале ворид нагардида бармегашт. Ман рафтори ӯро ба мушоҳида гирифтам ва дарк намудам, ки мақолаи навашро барои хондан ба устод додааст ё доданист. Мизи кории ман рӯбарӯи мизи Ҷумъазода буд, омадам, то бифаҳмам, ки андешаам дуруст ё на. Дастаи мактубҳои хабарнигорони ҷамоавиро рӯи миз тахт ва баъд парешон мекарду даст ба пешонӣ гузошта, ба дарёи андеша ғӯта мезад, гӯё қалбашро гурге тала мекарда бошад. Акнун ҳол мепурсам гуфта будам, ки дар кушода шуду пайкари на он қадар баланд, вале паҳлавононаи устод Шафқат Саид намоён гашт. 
- Ба кӯча, ба сайр бароям устод, - гӯён Хурсанд аз ҷояш хест. 
- Ба маслиҳат ҳоҷат нест, - гуфт устод ва ба китфи Ҷумъазода оҳиста тап-тап зада, - офарин, фелетони хуб навиштӣ, - гӯён ӯро таъриф карда рафтанд. 
Ҳамкори мо аз таҳсин чунон шод гашт, ки гӯё, аллакай, фелетонаш дар рӯзнома чоп шудаву дар чапира-маҷлиси васеи ҳамкорон, баҳои баланд гирифта бошад. Ин ҷо сире ниҳон будаасту онро сонитар фаҳмидам. Устод Шафқат Саид як одате доштаанд. Агар хабарнигори идора мақолаашро барои таҳрир диҳад, устод баъди мутолааи он: «Биё, як берун бароем, ҳавои тоза хӯрем»,-гӯён бо ӯ дар алоҳидагӣ суҳбат намуда, ҳусну қубҳи лавҳа ва ё очеркашро мефаҳмондаанд ва «ба кӯча ба сайр бароям, устод» гуфтани Хурсанд Ҷумъазода низ ишора ба ҳамин одат будааст. Баъдтар, ҳангоми дар котибот ифои вазифа кардан, боз як хислати устодро ба худ кашф намудам. Он кас ба мақолаи хуб бо ҳавсала имзои пурраи худро мегузоштанду ба мақолаи миёна ҳарфи «Ш»-ро чангакшакл менавиштанд…
Бо лабораторияи эҷодии устод Шафқат Саид сонитар шинос гаштам. Он вақт дар шуъбаи кишоварзии рӯзнома кор мекардаму устод як ҳафта ба ноҳияи Файзобод сафари эҷодӣ доштанд. Пас аз бозгашт ҳар рӯз як мақолаи даҳсаҳифагиро назди мошиннавис (он ҳангом ҳама мақолаҳои худро дастӣ менавишт, чопи компютерӣ набуд. Идора чор корманди мошиннавис дошт, ки «мошинистка» ном доштанд) мегузоштанд. Ва ман боре надидам, ки дар идора мақола навишта бошанд. Маълум буд, ки аз ҳисоби хоб шабона дар танҳоию оромӣ эҷод мекардаанд. Дар идора бошад, танҳо вақтро барои таҳрири мақолаҳои хабарнигорон ва тарҷумаи маводи ТАСС (ҳоло ИТАР-ТАСС, яъне Агентии иттилоотии Иттиҳоди Шуравӣ) ва ҳуҷҷатҳои сиёсиву расмии ҳукуматӣ, ки аз Москва мерасиданд, мебахшиданд. Ёд надорам, ки ба касе «не, вақт надорам» гуфта ва ё навиштаашро сарам – дилам қалам зада бошанд. Дар таҳрир хеле ҷиддӣ буданд. Хоҳ мақолаи хабарнигор, хоҳ аз они муҳаррири шуъба барояшон фарқе надошт. Ҳамаро бо як чашм медиданду дар таҳрир гузашт намекарданд. Аз Чехов ибрат гиред, - мегуфтанд пайваста ба мо. – Чи қадаре кӯтоҳ нависед, мақола бештар хонанда пайдо мекунад. Аз фикрро ғоз додан, касе обрӯ нагирифтааст. Мақола, ки тайёр шуд, дубораю себора хонед, бераҳмона хат занед, мағзаш монад мешавад. 
Аз хабарнигорони ҷавон меҳрашон ба Муҳаммадшариф Бобошоҳзода зиёдтар буд. Шояд, сабаб он бошад, ки паҳлуи ҳам менишастанд ё ба ин зарофатгӯиҳои Муҳаммадшариф боис гашта буд. Боре як суҳбати онҳоро шунидам.
- Агар рӯзноманигори ҳақиқӣ шудан хоҳӣ, аз заҳмат натарс. Мақоланависӣ, ҳарчанд каландзанӣ нест, ҳам қувваи ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ металабад. Ҳавсалаи дар паси миз нишастан доштан лозим. Пӯсткандаи гап ҳамин ки, агар тоқати шишт надошта бошӣ, беҳтараш аз пайи касби дигар шав,- мегуфтанд устод.
Устод Шафқат Саид ба ҳар кас насиҳат намекарданд. Умуман, баҳудаю беҳуда панд хонданро ба худ раво намедиданд. Мумкин, аз он сабаб бошад, ки ба идораи «Тоҷикистони советӣ» ҷавонони соҳибдиплом ва дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сабақ гирифтаю таҷриба андӯхта меомаданд, аммо навқаламеро бинанд, ки гирумонаш бад нест, оянда қаламкаши боҳунаре шуданаш мумкин, ҳамин тавр, аз таҷрибаи худу дигар журналистони варзида мисолҳо меоварданд. Қалби ӯро ба касби рӯзноманигорӣ гарм мекарданд ва дар айни замон пешаи осон набуданашро гӯшрас месохтанд. Воқеан, гуфтаҳои устод Шафқат Саид аз дилсӯзӣ буданд. Ман бисёр мушоҳида мекардам, ки чӣ тавр устод Мутеулло Наҷмиддинов, ки сардории шуъбаи маориф ва баъдтар шуъбаи адабиётро ба уҳда доштанд, махсусан дар таҳрири мақолаҳои Саймурод Фаттоҳзода ва Додоҷон Рӯзиев, бисёр ҷиддӣ буданд. Ҳар як ибораву ҷумла, алалхусус дар ҷояш омадани ибораҳои рехтаву маҷозӣ, зарбулмасалу мақолҳоро таҳлилу таъкид мекарданд.  Дар натиҷаи заҳмати устод, ин нафарон журналистони маъруф гаштанд, махсусан Саймурод Фаттоҳзода, доктори илми сиёсатшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ходими шинохтаи арсаи сиёсат шуд.   
 Дар соли 1987 устод Шафқат Саид ба нафақа баромаданд, ҳарчанд роҳбарони идораи «Тоҷикистони советӣ» хоҳиш карданд, ки аз кор нараванд, гуфтанд:
- Чашмонам хира шудаанд, солҳои охир аз навбатдорӣ ҳам озод будам. Як ҷойро банд карда гаштанам бас будагист. Акнун навбати ҷавонон.
Дар ҳақиқат ҳамаи мо – рӯзноманигорон, мувофиқи рӯйхат навбатдорӣ мекардем, яъне саҳифаҳои шумораҳои навбатиро мехондем. Баъзан вақт навбатдорӣ то пагоҳӣ давом мекард, яъне ба ҷойи ҳашт соат рӯзи корӣ то 16-17 соат кашол меёфт. Дар идора аз эҷодкорон танҳо устод аз навбатдорӣ, ки, асосан, шабона мегузашт, озод буданд. Вале як чиз аз ҳамаи мо пӯшида набуд. Вақте ки маводҳои пленум ё съезди Ҳизби коммунист ва ё сессияҳои Шурои Олии ҷумҳурӣ ё СССР 150-200-саҳифагӣ ба забони русӣ меомаданд, ягон нафар на дар «ТоҷикТА» (ҳоло АМИТ «Ховар») ва на дар идора ба мисли устод серкор намешуд. Шафқат Саид матни русиро як маротиба хонда, сипас, тарҷумаи тоҷикиашро ба мошинистка дикта мекарданд. Рӯзе то 100 саҳифаро. Ин дар назари аввал осон менамояд, аммо касе, ки ба чунин тарзи тарҷума боре даст задааст, медонад, ки ба кадом андоза заҳмати тоқатшикан аст. Ана ҳамин хел шахси пуркор, тарҷумони асарҳои Антон Чехов, соҳиби чандин китобҳо, аз қабили «Аз некон боғ» ва ғайра баъди ба синни 60 расидан, ба худ лозим надиданд, ки дар идора монанд, танҳо сабаб дар он буд, ки шабона навбатдорӣ карда наметавонистанд. Аз идора рафта бошанд ҳам, аз навиштан дил канда натавонистанд. Даҳҳо очерку қиссаҳояшон ба воситаи радио ба самъи сомеон расидаву дар рӯзномаҳои даврӣ чоп шудаанд…
Қиссаи «Ҷилваи таҷаллӣ», ки дар якчанд шумораи рӯзномаи «Нидои ранҷбар» соли 1997 ба нашр расид, худ гувоҳи сермаҳсулии устод аст. Ин қисса хонандаро бо таърихи Исфара, пешрафти санъати касбии навозандагӣ, бастакорони халқӣ, урфу одатҳои ниёгон ошно месозад. Устод дар остонаи санаи муборак, дар пешорӯи 70-солагӣ, ба мо - шогирдон, мухлисони эҷодиёти худ қиссаи «Ҷилваи таҷаллӣ»-ро чун «барги сабз» туҳфа оварданд. 
Ёди устодон ба хайр. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив