ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 100-УМИН СОЛИ НАШР. ИМРӮЗ «ҶУМҲУРИЯТ» ИД ДОРАД!

100-УМИН СОЛИ НАШР. ИМРӮЗ «ҶУМҲУРИЯТ» ИД ДОРАД!

15 март 2024, Ҷумъа
7
0

 
Воқеан, «Ҷумҳурият» ид дорад, иди 100-умин соли нашр. Иди мо, иди таърихии миллат. Он тантанаи пойдорӣ, ҳифзи давлату миллати сулҳхоҳу мутамаддин ва ҳифзи арзишҳои инсониву  ҷаҳонӣ ҳам мебошад.
Имрӯз мо дар фазои сулҳу осоиштагӣ дар  кишвари  рӯ ба рушд  бо ифтихор  ҳамдигарро шодбош мегӯем. 15-уми марти соли 1925  барои ҳаммиллатон, мардуми шарифи Тоҷикистон ид буд, иде, ки тасаввури он ба дилҳо фараҳ мебахшад. Ин ид барояшон нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар диёри маҳбубамон бо номи «Иди тоҷик» буд. Оре, бо вуҷуди он ки ин гуна истиқлоле, ки мо имрӯз дорем ва дунё моро чун як мамлакати мустақил бо ҳама арзишҳои миллиамон мешиносад, дар он даврон набуд. Муборизаҳои шадид барои эътироф накардани миллату давлати тоҷикон ҳар рӯз, ҳар ҳафта, ҳар моҳ, ҳар сол меафзуд. Ин даврони имтиҳони ҷасорату мардонагии абармардони миллат маҳсуб мешуд ва онҳо ҳатто бо сарсупурдагӣ, ранҷу таъқибҳои бемисл аз ин имтиҳони бузурги таърих, яъне давлатсозӣ  гузаштанд. Дар ин ҳол миллат бояд бедортар мешуд ва дасисаҳоро мешинохт, ҳамқадами ҳаёт мешуд, дар баъзе мавридҳо ба ояндабинӣ пештару беҳтар гом мезад. Мувофиқи ин мақсаду маром рӯзнома номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт. Ин шумора дувумин шумораи рӯзномаи миллӣ буд, ки 5-уми апрели соли 1925 ба табъ расид. Теъдоди шумораҳо ва нусхаҳои он кам буд, аммо бо ин ҳол ҳам  бозгӯи иди ҳақиқӣ ва бедории миллат шуда тавонист. 
Аз 8-уми октябри соли 1928 рӯзнома ба «Тоҷикистони сурх» табдили ном намуд, яъне дар ин муддат рисолати таърихиашро, ки бедор кардани шуури инқилобии  тоҷик буд, ба ҷо овард. 
«Тоҷикистони сурх» ба «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шуравӣ» табдили номҳову алифбоҳо кард. Бо истиқлоли воқеӣ пайдо кардани кишвар рӯзнома номи «Ҷумҳурият» -ро гирифт.
Бешак, агарчи ин нахустин рӯзномаи миллии дар Тоҷикистон нашргардида вобаста ба  талаботи давру замон табдили ному алифбоҳо карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ табдили мақсаду маром нанамудааст. 
Ҳодисаҳои бузург ва вазъи ноҳамвору номусоид натавонистанд  ин рӯзномаро маҳв созанд. Баръакс, рӯзнома тавонист, ки дар рафти ҳодисаҳо, вазъи мавҷуда  дар пешрафти иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангии  мамлакат саҳми чашмрасу бориз бигирад. Ҳамзамон, таърихи ҳар рӯзи миллатро барои он насл ва наслҳои оянда сабт намояд. Имрӯз барои омӯзиши таърихи миллат дар асри рафта ва асри ҳозир ҳатман пажӯҳишгарон ба саҳифаҳои хонои ин рӯзнома рӯ меоранд ва минбаъд низ аз он истифода мебаранд.
Рӯзнома ба мактаби бузурги омӯзишӣ табдил ёфтааст. Дар он фаъолият кардан аз рӯзноманигор танҳо истеъдод ва шинохти давру баррасии он кофӣ нест, балки садоқат ба давлату миллат, мардуми шарифи кишварро хостор мебошад.
Ҳатто зикри шахсиятҳои барҷастаи миллат, ки дар ин рӯзнома сарварӣ ва фаъолият намудаанд, кофист, то фаҳм шавад, ҳар кадом чи гуна бо донишу таҷрибаи зиёд, муҳаббат, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ онро ба табъ ва ба дасти хонанда расондаанд. Бо фаъолияти пурсамар ва густурда онҳо сатҳи рӯзномаро баландтару баландтар бардоштаанд. Таъсису баргузории  маҳфилҳо, тарбияи мутахассисон, ривоҷи жанрҳои рӯзноманигорӣ ва адабӣ намунаи  он ба шумор мераванд.
Кишвар ду ҷанги шаҳрвандӣ ва як Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронд. Рӯзнома дар ин муддат як мавқеъ дошт, мавқеи дуруст ва он ҳам барои пойдории давлату миллату  арзишҳои он.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз 14-уми марти соли 2000 рӯзномаи «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. 
Сатҳи рӯзнома бо ин фармон болотар рафт, ҳамзамон, масъулияташ бештар гардид. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои раҳнамунӣ, эҳсоси масъулияти бештар, хидмати содиқона ба Ватан, миллат таъкид намудаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудоинопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон  дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад». 
 «Ҷумҳурият» бо таъсиси озмунҳо ва ҷамъбасти онҳо дар сатҳи баланд, тавонист, ки дар рушди маънавиёти ҷомеа, ҷалби хонандагон, тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  саҳми арзанда бигирад. 
«Ҷумҳурият» имрӯз дар тарбияи мутахассисони ҷавон намуна ва муваффақ аст. 
«Ҷумҳурият» бо таъсиси рубрикаҳо, гӯшаҳо, саҳифаҳои махсус, нашри шумораҳои махсус, китобҳо мавқеи баландтару шоистатар пайдо кард. 
«Ҷумҳурият» бо таъсиси шабакаи махсуси видеоӣ низ дар тарғиби сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи сулҳу осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ саҳми чашмрас мегирад.
Ин мактаби бузург дар муддати  сад сол пойдор буд ва ҳамеша пойдор мемонад. Беҳтарин анъанаҳо ва суннатҳоро нигоҳ медорад ва идома мебахшад. 
«Ҷумҳурият» имрӯз ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди беш аз 50 ҳазор нусха  нашр мегардад, яъне теъдоди умумии он дар як ҳафта аз 200 ҳазор нусха мегузарад. 
Ифтихору шарафи имрӯзиён, кормандони рӯзнома  ва хонандагону ҳаводорони он аст, ки 100-умин соли нашри «Ҷумҳурият»-ро мебинанду  шоҳид мешаванд.
Садумин соли нашри «Ҷумҳурият»-ро ба кормандон, рӯзноманигорон, хонандагон ва дӯстдорону ҳаводорони он табрик мегӯем.
«ҶУМҲУРИЯТ»

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив