ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ХАЗОН ОМАДУ БАҲОР ОВАРД

ДАР ХАЗОН ОМАДУ БАҲОР ОВАРД

15 март 2024, Ҷумъа
10
0


Ӯ сармуҳаррири «Ҷумҳурият» таъин шуд, сармуҳаррири рӯзномае, ки панҷ моҳ ё бештар аз он нашр намегардид. 
Ӯ сармуҳаррир таъин шуд ва ҳайати эҷодии парешонгаштаро асосан ҷамъ овард. Ҷамъ омадему гуфтем:  «Ногузир боз пароканда мешавем». Охир, идора пул надорад, чӣ гуна метавон рӯзнома баровард? Соле ё камтар аз он бе музд, бе пул кор кардем. Ва ҳам аз нав ташкил намудани кор, ба ҷараён даровардани он бо чунин як ҳайати дилмондаву пароканда ғайриимкон ба назар мерасид. Дар он рӯзгор ба он маоши рамзӣ ба рӯзнома ҷалб кардани мутахассисон ба нохун роҳ дар хоро буриданро мемонд.
Дар чунин як вазъият танҳо ӯ - Шоҳмузаффар Ёдгорӣ – метавонист бори вазнину сангини масъулияти роҳбариву эҳёи рӯзномаро бар дӯш бигирад. Бо он шуҳрате, ки ӯ дар кишвар ва зиндагии орому осудае, ки дар шаҳри Кӯлоб дошт, касе дигар ҳеҷ ба пойтахт намеомад ва бо доштани чунин масъулияти бузургу вазифаи баланд барои чор сол иҷоранишин намешуд.
Мо гоҳҳо ба ҷойи ӯ бо нигаронӣ меандешидем ва изҳор медоштем, ки оҳ, агар ӯ, ба он шуҳрате, ки дорад, дар эҳёи рӯзнома муваффақ нагардад...
Ва ҳам мегуфтем, ки оҳ, агар ӯ ба вазнинии рӯзгор, ранҷи кӯчидан аз як хонаи иҷора ба хонаи иҷораи дигар бо аҳли байту маоши андак тоб наёрад... 
Дигаронро намедонам, аммо ман то ҳанӯз чун ӯ роҳбар, сармуҳаррири идеалиро вонахӯрдаам. Мепиндоштам, ки ӯро мешиносам, аммо дар он рӯзгор, яъне замони ҳамкорӣ ва ҳам баъд, дарёфтам, ки на ҳар кӣ дар канори баҳр нишасту бар мавҷу дуриҳои он назар намуд, ба асрор, хосса умқи он, роҳ меёбад.
Бо ҳар нафар дар сатҳи бисёр баланди инсонӣ ва дар айни замон бисёр одӣ муносибат мекард. Эҳсос намешуд, ки бо шумо сармуҳаррир суҳбат дорад. Чун падар, чун бародар, чун дӯсти содиқ ба дунёи кас ворид мешуд. Ва ин вуруд файз дошт, чун насими баҳорӣ муждаи сарсабзӣ ва шукуфоӣ меовард.
Ӯ мегуфт: «Оинаи ҳамдигар бошед ва ин оинаҳоро покизаву пурҷило нигоҳ бидоред». 
Ва ҳам изҳор менамуд: «Дар куҷову дар кӣ камбудӣ нест? Дар шароити имрӯзи кишвар бештар аз хусуси дастовардҳо, ободкориҳо, пешравиҳо, меҳру муҳаббат нависед». 
На, на, ӯ ҳаргиз муқобили нашри матлабҳои танқидӣ набуд. Баръакс, чунин мавзуъҳоро худ пешниҳод менамуд. Ба рӯзноманигор дар шинохту ҳалли дурусти он мадад мерасонд. Руҳи муаллифро мебардошт, ба ӯ ҷасорат мебахшид. Мегуфт, пас аз танқид ҳеҷ неруе пайдо намешавад, ки ба зидду рағми рӯзноманигор бибарояду фаъолият намояд. 
Агар дуруст баррасӣ шаваду таҳқиқ гардад, дар он рӯзгори вазнини сиёсиву иқтисодӣ ҳеҷ воситаи ахбори оммае мисли «Ҷумҳурият» дар ошкору рафъи камбудиҳо бо ҷасорату мардонагӣ саҳм нагирифтааст. Аммо ӯ ҳеҷ намехост танқид ба хотири танқид бошад. Ва ҳам намехост аз он танқид бӯи ғарази сиёсиву манфиатҷӯии дигар кишварҳову созмонҳои хориҷӣ биёяд. 
Мегуфт: «Танқид бояд ба хотири созандагӣ сурат бигирад. Танқид бояд беғаразона бошад. Аз нохун чирк кофтан аз ҷавонмардӣ нест. Аз норасоиву камбудиҳои ҷузъӣ набояд ҳангома бисозем. Ҳаргиз фурӯхта нашавем, ки дигар харидор намеёбем ва обрӯи рехтаро наметавонем бибардорем».
Ӯ тухми муҳаббату садоқат ба Ватанро дар замини дилҳо мекишту мепарварид.
Ӯ ба ояндаи дурахшони давлату миллат ба туфайли мову дигар муаллифон хонандагонро умедвор месохт.
Ҳар он чи мо имрӯз мебинему бо он ифтихор мекунем, ӯ ҳанӯз он рӯзгор медиду бо меҳру самимият аз он ҳикоят мекард. Аз ҳар дастоварди давлату миллат шод мешуд ва ин шодиро бо дигарон тақсим менамуд.
Магар метавонам ба хотир наоварам? Аз ислоҳоти маориф мегуфт. Бо суҳбати гарму ҷолиби ӯ пеши назар меовардем, ки чи гуна вагонҳо ё худ синфхонаҳо аз миён бардошта мешаванд, садҳо мактабҳои замонавиро дар ҷойи онҳо месозанд, китобҳои дарсӣ аз нав таълиф мешаванд, хонандагон дар озмунҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад, мутахассисони моро эътироф ва ба бузургтарин корҳои ҷаҳонӣ ҷалб мекунанд.
Мегуфт: «Агар ояндаи дурахшони кишварамонро мехоҳем, бояд ба маориф рӯ биёрем, бо ҷиддият, эҳсоси масъулият». Ва баъд аз дастовардҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки туфайли пешрафти ин соҳа ба он ноил гардидаанд, мисолҳо меовард ва таҳлил мекард.
Як сарвар, як роҳбар, як сармуҳаррире буд, ки тамоми соҳаҳоро беҳтар аз ҳама кормандонаш медонист ва бо навтарин маълумотҳо ошноӣ дошт.
Ба ҳуҷраи кориамон меомад. Гӯё як сари қадам даромадаасту аз аҳволамон мехоҳад бохабар шавад. Баъд, дар рафти суҳбат супоришашро, ки дар сурати хоҳиш буд, медод. Гуфтугӯ боз идома меёфт. Аз рӯзгорамон, аз мушкилотамон мепурсид ва пас аз он маслиҳат медоду ёрӣ мекард. 
Қудрату тавоноӣ ва ҳунари ҳар коргарро хуб медонист. Вобаста ба он супориш медод. Супоришҳо зина ба зина мураккабтар мегардиданд, аммо ин мушкил, ҳеҷ гоҳ чун мураккаб эҳсос намешуд. Бо ин усул ҳар нафарро поя-поя ба болотар мебурд.
Ҳама барои беҳтар намудани сифати рӯзнома ва чопи он мекӯшиданд. Ҳама дар ин кор ба якдигар ёрӣ мерасонд. Чунин як муҳити солимро ӯ дар андак замон тавонист, ки ба вуҷуд биёрад. Рашк, бухл, кина ва дигар сифатҳои бад на танҳо барояш бегона буд, балки онҳоро аз ҳар ҳамкору ҳамсуҳбаташ метавонист бисёр ноаён дур созад. 
Мегуфтанду мегуфтем, ки устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар хазон омаду баҳор овард. 
Соли 2000-ум ба нафақа баромад, агарчи ҳеҷ яке аз мо инро намехост. Баромад ва шеърҳои зиёду ду роман навишту онҳоро ба табъ расонд. Барои романи «Васваса» барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шуд.
Соли 1990, дар ҷашни 50-солагияш, ки дар шаҳри Кӯлоб бошукӯҳ таҷлил гардида буд, яке аз шоирони бузурги кишвар изҳор намуд: «Шоҳмузаффар Ёдгорӣ кори рӯзномаро аз адабиёт муқаддам донисту боло гузошт, варна бо он донишу истеъдод, ҷӯшу хурӯше, ки омада буд, аз беҳтарин шоирони даврони мо мегардид ва ба шуҳрати бештар аз ин ноил мешуд». Ва нависандае баъдтар афзуд: «Ӯ кори рӯзномаро, ҳатто аз ҳастӣ, зиндагии хушу хуррам муқаддам шумурд».
Оре, дуруст аст, аммо чун ӯ марде огоҳу асил магар намедонад, ки ба кадом роҳе биравад ва чӣ кореро ба анҷом бирасонад? 

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият», с. 2012

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив