ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАШМИ БИНОИ СУХАН

ЧАШМИ БИНОИ СУХАН

15 март 2024, Ҷумъа
22
0

 
Раҷабалӣ Исматуллоев аз зумраи журналистони касбие мебошад, ки сазовори обрӯву эътибори хосса шудааст. Аз рӯзе, ки қалам ба даст ба соҳаи матбуот гаравид, як мақсад дорад: хидмат ба халқу Ватан. Худро як қисми ҷомеа меҳисобад ва пайваста дар ҳалли мушкилоти мардум хома рондааст. Мақолаҳояш, ки дар солҳои гуногун дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), «Ҷумҳурият» ба нашр расидаанд, масъалаву мавзуъҳоеро дар бар гирифтаанд, ки ба манфиати халқу диёранд. 
Агар ба 45 соли хомаронӣ ва лабораторияи эҷодии Раҷабалӣ Исматуллоев аз нигоҳи таҳқиқ бингаред, дарк хоҳед кард, ки аз хабарнигори ҷамоавии навраси дилаш пур аз умед то ба дараҷаи журналисти касбӣ сабзидан, чи қадар печутоби роҳҳо: хамгаштҳо, нишебу фарозҳои пайраҳаи эҷодиро тай задааст, то ки дасташ ба гиребони орзу бирасад, яъне дар журналистика комёб гардад. 
Вай бисёр мехонд, сермутолаа буд, ҳарчанд футболбозиро мисли дигар ҳамдеҳаҳо дӯст медошт, шабҳо сар аз китоб намебардошт. Қиблагоҳаш, Исматулло Муродов, ки дар хоҷагии деҳқонии «Ленинград»-и ноҳияи Ҳисор (ҳозира Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав) вазифаҳои масъул: роҳбари хоҷагӣ, ҳизбӣ, иттифоқи касабаро ба зимма дошт, ба ҳамаи рӯзномаҳои кишвар, аз ҷумла ба «Правда», «Известия» ва «Труд»-и Иттиҳоди Шуравӣ обуна буд. Ҳар рӯз даста-даста рӯзнома меомад ба воситаи хаткашон. Раҷабалӣ онҳоро мехонд ва рӯзе андешид, ки чаро вай ҳам ба мисли дигар хонандагон ба газета аз комёбиҳои ҳамсинфонаш нанависад. Ҳамин тавр, мақолаи «Пешсафон» рӯи чопро дид. Вай он замон дар синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Селбури ноҳияи Ҳисор мехонд. Баъди дар рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи ленинизм» («Ҳисори шодмон») ба нашр расидани чанд матлабаш, ӯро «мухбир» меномидагӣ шуданд.
Вақте соҳиби номаи камол гардид, ба факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, забонҳои форсиву дариро аз худ намуд, дар Афғонистону Эрон ба ҳайси тарҷумон кор кард, вале аз рӯзноманигорӣ канор нарафт. Дар байни халқ як мақол ҳаст: «Меҳри касб бо шири модар дар вуҷудаш ҷой гирифтааст». Инро метавон дар шаъни Раҷабалӣ Исматуллоев низ ба забон овард. Вай маъвои дили худро дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дарёфт. Аз хабарнигори одӣ то ба вазифаи муовини сармуҳаррир расид. 
Бо гузашти вақт дар журналистикаи муосир мавқеи хешро баъди фаъолият дар  нашрияи «Ҷумҳурият» устувор намуд. Ба воқеаҳо аз диди сиёсатмадор, шахси ҷаҳонбиниаш васеъ баҳо медод. Ҳар мавзуъро то ҳадди имкон ба дараҷаи комил таҳлил мекард ва ба рӯи варақ меовард. Агар бастаҳои солҳои 2012-2024-уми «Ҷумҳурият»-ро варақ занед, бо имзои Раҷабалӣ Исматуллоев рӯ ба рӯ мешавед, ки дар поёни мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ, махсусан варзишӣ ва тарҷумаҳо сабт гаштааст. Вай дар «Ҷумҳурият», мутахассис, сармутахассис ва муовини сардори раёсати котибот буд. Дар тарҳрезии шумораҳои зиёд саҳм гирифт. 
Раҷабалӣ Исматуллоев, дӯсти айёми ҷавонии мо, ки чилу панҷ сол қабл дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо ҳам вохӯрда будем ва як ҷо бо нависандаҳои навқалами ҳаҷвнигор Имомназар Холназаров, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоев, журналистони ҷавони ояндадор Талъат Нигорӣ, Шамсиддин Насриддинов, Отамурод Бекмуродов, Исмоил Ҳикматов, Ҳалима Хушқадамова, ки имрӯз доктори илм асту дар шаҳри Москва ба таълиму тадрис машғул аст, бо роҳбарии сармуҳаррир Ато Ҳамдам ва мураббии ҷавонони эҷодгар устод Кароматулло Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, кору пайкор дошт, имрӯз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» худ мураббии ҷавонон аст. 
 Вақте ки Қурбоналӣ Раҳмонзода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин гардид, пас аз чанде Раҷабалӣ Исматуллоевро сармусаҳҳеҳ таъин намуд. Ин тасмими худро сардабир чунин шарҳ дод: “Мо ҷавонони зиёдеро ба кор гирифтем, баъзеашон ҳанӯз донишҷӯянд, ба онҳо тарзи дуруст навиштани вожаҳо, таҳрирро бояд ёд дод, ин масъалаи басе ҷиддист, аз ин рӯ, устод Раҷабалӣ Исматуллоев сармусаҳҳеҳ таъин мешаванд, аз имло сар карда, тамоми ҷузъиёти рӯзноманигориро ба навкорон ёд медиҳанд. Дониши назариявӣ ҷойи дониши амалиро гирифта наметавонад, агар ҳар ду тавъам гардад, кор пеш меравад, рӯзнома бе хато ба дасти хонанда мерасад. Кори мусаҳҳеҳӣ душвор аст, ҳар рӯз саҳифа хондан, хатоҳоро ислоҳ намудан ва бори дигар дурустии калимаҳоро санҷидану муқоиса кардан, зарур меояд. Ҳар кас аз уҳдаи ин кор намебарояд, вале устод метавонанд”. 
Ҳамин тавр, ҷабҳаи кори Раҷабалӣ Исматуллоев дигар гашт, васеътар, масъултар шуд. Ба навкорон тарзи дурусти навишти калимаҳоро мефаҳмонд, аз фарҳангҳои тафсирӣ, луғатҳо истифода бурданро нишон медод. «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» китобҳои рӯимизии мусаҳҳеҳон буданд. Воқеан, мусаҳҳеҳӣ дар рӯзноманигорӣ ва китобдорӣ яке аз вазифаҳои масъултарин аст. Китоб ё рӯзнома пурғалат нашр шавад, хонанда аз мутолаа даст мекашад, меҳраш ба омӯзиш коста мегардад. Ҳамин андешаро адиби шинохта, мудири шуъбаи адабиёти «Ҷумҳурият» Мутеулло Наҷмиддинов ҳам борҳо таъкид карда, мегуфтанд: 
- Вақте ки сармуҳаррири «Комсомоли Тоҷикистон» будам, журналисти варзида Обид Умарро сармусаҳҳеҳ таъин кардам, зеро вай имлоро хуб медонист, ғалатҳоро зуд меёфт, рӯзнома бехато нашр мешуд. Барои он ки дилмонда нашавад, барояш имтиёзе ҳам муқаррар карда будем: мақола ё ҳикояе нависад, бе навбат ба дасти чоп мерафт. 
Дар кадом вазифае бошад, Раҷабалӣ Исматуллоев, ки ба даҳҳо китобҳои нависандагон мусаҳҳеҳ ва ҳам муҳаррир будааст, онро ба таври комил, пухта, мукаммал ба иҷро мерасонад. «Агар устод Раҷабалӣ хонда бошад, хато надорад» ё ки «Ҳоҷат ба хондани мо нест, ба чоп равад», гуфтанӣ ҷумлаҳо борҳо садо додаанд дар байни ҳамкорон. Ӯро аз чопхонаҳо меҷӯянд, муаллифони китобҳо наздаш меоянд, то ки навиштаашонро як аз назар гузаронад. Ибораи «як аз назар гузаронад», маънои жарф дорад, яъне хатоҳоро ислоҳ намояд ва ҳам қалами таҳрир занад. 
Дӯсти пуркори мо истеъдоди ба худ ҷалб намудани ҳамсуҳбатро дорост, ҳар корафтодаро бо диққат мешунавад, арзашонро барои гӯшаи «Шаҳрванд»-и рӯзнома омода месозад. Ба ҷавонони навкори паҳлуяш пайваста мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ аз омӯхтан даст накашед, аз таҷрибаи собиқадорон сабақ гиред, дар кор, агар хато равад, дилсард нашавед, аз пайи ислоҳ дасту остин барзанед, асл дар он аст, ки мавзуи мақола чашмрас, ҳадафманд бошад. Рӯзнома нақши роҳнаморо низ мебозад, тарғибгару ташвиқгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо ҷомеа сахт пайванд аст ва мақсадаш хизмат ба миллат аст. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив