ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

15 март 2024, Ҷумъа
42
0


БА ХОТИРИ МОДАР
Мудирияти мактаб тасмим гирифт, ки ба хотири Рӯзи Модар барномаи театрикунондае ба намоиш гузорад ва дар он модарони ҳама ширкат варзанд. Барнома оғоз гардиду яке аз хонандагон аз байни ҳамсолон ҷудо шуд. Ӯ дар кунҷи толор истода, бо имову ишора барномаро ба касе нишон медод. Қисме аз ҳозирон аз ин манзара механдиду бархеи дигар ба гумони он, ки ҳамсолонашро масхара мекунад, ба ғазаб меомад. 
Ҳамин тавр, духтарак то охири чорабинӣ ба касе аҳамият надода, корашро давом дод. Лаҳзае пас ӯро ба хонаи муаллимон даъват карданд. Ҳоло касе чизеро нагуфта: «Маро бубахшед», – гуфт ӯ. «Устодони азиз, маъзарат мепурсам. Дигар илоҷ надоштам. Модари ман низ бояд аз хурсандиву меҳрубонии ману ҳамсолонам бархӯрдор мешуд. Гап сари он, ки модарам ношунавою лол аст. Маҷбур будам ба хотири шодии модар чунин амалро анҷом диҳам». 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ХӮШАЕ АЗ ГӮШАЕ
Зани бостоншинос (археолог) ҳар қадар, ки солхӯрда шавад, ҳамон қадар барояш ҷолибтар мегардад.
* * *
Олимон ниҳоят  ихтирое карданд, ки тавассути он деворҳоро бемалол убур намуданд мумкин аст. Баъди баҳсҳои тулонӣ номи ин кашфиёти нодирро «дар» монданд.
Таҳияи Кароматулло АТО


ДИҚҚАТ!!!
РУБРИКАИ НАВ 
ҲАФТ МУЪҶИЗАИ ОЛАМ ПИРАМИДАИ ХЕОПС
Пирамидаи Хеопс яке аз бузургтарин муъҷизаҳои ҷаҳони қадим, рамзи бузургӣ ва қудрати Мисри Бостон аст. Ин иншооти боҳашамат, ки зиёда аз 4500 сол пеш сохта шудааст, то ҳол барои олимон чун асрор боқӣ мондааст.
Пирамидаи Хеопс ҳамчун як қисми маҷмааи дафни Фиръавн Хеопс дар Гиза, дар наздикии Қоҳира сохта шудааст. Он бузургтарин  ва  баландтарин иншооти замони қадим ба ҳисоб меравад. Баландии пирамидаи Хеопс тақрибан 146 метр буда, пояи он беш аз 13 гектарро ташкил медиҳад.
Бархе аз олимон бар ин назаранд, ки пирамида маънои рамзӣ дошта, барои фиръавнҳои фавтида ҳамчун як навъ «зинапоя ба осмон» хизмат мекард. Дигарон тахмин мезананд, ки  бунёди пирамида ба донишҳои астрономӣ ва ғояҳои кайҳонии мисриёни қадим иртибот дошт. 

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА



ПАНДҲОИ  ШОҲОНИ СПАРТА
Сикандар чунон аз ғазаб ҷӯш зад,
Ғуломони худро «буни гӯш» зад:
-- Ки аз тирагии ниҳоди шумо,
Қарибе, ки афтам ба чоҳи зино!
                                                     ***
Пирил баҳри баҳои шири духтар,
Таланте чанд пурсид аз Сикандар.
Бифармудаш, ки панҷоҳаш фиристанд,
На кам аз ин ба даргоҳаш фиристанд.
Ҷавоб омад, ки даҳ будаш баси бас,
Ба духти нури маҳ будаш баси бас!
Сикандар гуфт:-- Баҳри ту кифоӣ,
Вале бар ман намеояд сазоӣ.
                                                     ***
Чу Доро ба танг омад аз зӯри ӯ,
Ба бахшиш фурӯ зад дили ҷӯри ӯ:
- Диҳам нимаи Осиёи бузург,
Чу баргардӣ аз роҳи ҷанги сутург.
Бубахшам ҳамат даҳ ҳазор аз талант,
Набояд нишондан ҷаҳон бар хаданг.»
Даме Парминон ин баҳо бишнавид,
Ба гӯши Сикандар дилаш боз чид:
- Ризо будаме гар Сикандар будам,
Баҳое чунинро фурӯсар будам.
Бигуфташ, ки -- Ман ҳам ризо будаме,
Агар Парминон дар баҳо будаме.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.

Зиё АБДУЛЛО



"НЕРУГОҲИ БАРҚӢ" ИХТИРОИ 
ДУХТАРИ ТОҶИК

Донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Маҳҷабин Давлатқадамова барои соҳаи хоҷагии қишлоқ 7 дастгоҳ ихтироъ кардааст. 
Яке аз намунаҳои барҷастаи кори ӯ, «Неругоҳи барқӣ» ва «Огоҳкунаки беноқил» мебошад, ки истифодаи он мушкилоти хоҷагидоронро осон мекунад. 
Ӯ мегӯяд, ин неругоҳҳоро барои истифода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод кардааст.
Неругоҳи ихтироъкардаи Маҳҷабин аз 1 то 3 мВт қувваи барқ истеҳсол мекунад ва онро дар хонаашон истифода мебаранд. 

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


НЕКӢ ҲАТМАН БАРМЕГАРДАД!
Рӯзе марде аз роҳ мегузашт, нохост пойяш ба санге зада хуншор шуд. Дигарон пешпо нахӯранд гуфта, сангро аз роҳ бардошт. Аз зери санг сандуқчае баромад. Мард онро кушод, аз дарунаш мори хурде берун шуд. Мор ду ғел заду калон шуда, ба гардани мард печида гуфт: 
– Ҳозир ман туро неш мезанам. 
Мард ҳайрон шуда пурсид: “Ҷавоби некӣ бадӣ аст, ман-ку туро аз сандуқ озод кардам?”. Ин ҳангом писараке ба баҳси онҳо ворид шуда, ба мард мегӯяд: “Наход аз даруни ин сандуқча чунин мори калон баромада бошад”. Мор тасдиқ мекунад. Писарак китф барҳам кашида, мегӯяд: “Ку, аз нав ба сандуқча даро, ман бо чашмони худ бинам?”. Мор ду ғел хӯрда, ба сандуқча медарояд. Писарак сандуқчаро мебандад ва зери хок мекунад. Мард аз писарак мепурсад: “Ту кӣ ҳастӣ, ки аз чанголи аҷал маро раҳо додӣ?”. Писарак ҷавоб медиҳад: “Ман савоби ҳамон нимто нони ту ҳастам, ки рӯзе ба гуруснае додӣ”.
Таҳияи Л.РИЗОЕВА



АФСУС ХӮРДАНИ ПУТИН АЗ ГУМ КАРДАНИ МАКТУБИ МОДАРЕ
Владимир Путин, Президенти Россия, саргузаштеро қисса мекунад:  Соли 2000-ум буд. Ҳамон рӯз  якбора чанд сафари корӣ  доштам, зеро кишвар дар вазъи мушкил қарор дошт. Охири рӯзи корӣ буд, раҳораҳ  шаб мешуду торикӣ ҳама ҷоро фаро мегирифт. Ногоҳ як пиразани солхӯрдае дар пеши мошинамон пайдо шуд. Ӯ ба ман чизе мегуфт, аммо овозаш шунида намешуд. Баъд ба ман дастхатеро дод. Ман  ба ӯ ваъда кардам, ки, албатта, номаашро хонда мебароям. Баъзан хоҳишҳое мекунанд, ки ҳал ношуданианд, гап сари ин ҳам нест. Коғазро аз дасташ гирифтаму ба ёрдамчиам додам. Афсус, ки варақ гум шуд. То ҳол худро намебахшам.  Баъд аз ин ҳар чизе, ки ба дасти ман мерасад, кӯшиш мекунам, хонда бароям».
Таҳияи Нигина РАҲМОН


170 РӮЗ БЕ НЕРУ

Телефонҳои мо бо суръати кайҳонӣ тағйир меёбанд. Ҳоло дастгоҳҳое бароварда шудаанд, ки то 170 рӯз неру нагирифта кор мекунанд. Ин телефонҳо ба таври моноблок сохта шудаанд. Коркард ва истеҳсоли онҳо аз ҷониби ширкати «China Elektronics Corporation» амалӣ шудааст.  
Модели мазкур дорои дастгоҳи тугмачаҳо ва батареяи гунҷоишаш 3160 мАч мебошад. Манбаи таъминотӣ гуфтушуниди бетанаффуси 58-соатаро кафолат медиҳад. Дар реҷаи корӣ ин нишондод ба 170 рӯз баробар аст. 
Дастгоҳи 156-граммаи он дигар асбобҳоро низ аз неру пур карда метавонад. Он дорои  ҷойи 2 SIM - корт, камераи 2 МП, корти micro SD ва Blutooth A2DP мебошад. Чароғи равшанидиҳӣ ҳам дорад. Онро метавон ба сифати МР3 плейер низ истифода бурд. Андозаи телефон 133,5х58, 6х15,7 миллиметр  буда, арзиши он бо асъори миллии мо 615 сомониро ташкил медиҳад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АВВАЛ ХУДАШОН САР КАРДАНД

Дар суд:
— Сидиров, чаро шумо бонкҳоро ғорат мекунед?
— Аввал онҳо моро ғорат  карданд, рафиқ судя. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
НИМПАЙКАРАИ РАМСЕСИ II 
Қисми болоии муҷассамаи Рамсеси II яке аз  беҳтарин ёдгориҳои коллексияи мисрии Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон мебошад. Он дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дар Миср пайдо шудааст. Ин нимпайкара аввалин муҷассамаи бузурги мисрӣ  дар ин Осорхона гардида, таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаро ба вуҷуд овард. 
Рамсеси II яке аз бузургтарин фиръавнҳои Миср буда, симои як ҳокими тавоноро ифода мекард, ки барои ин сарзамин ҳазорон осори санъати аъло гузоштааст. Аз ин рӯ, мисриён ӯро гиромӣ медоштанд ва пайкараашро дар тамоми гӯшаҳои шаҳрҳои қадимаи Миср  дидан мумкин аст.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ



ҲАФТ ПАНДИ  МАВЛОНО 

1. Дар бахшидани хатои дигарон монанди шаб бош.
2. Дар фурӯтанӣ монанди Замин бош.
3. Дар меҳру дӯстӣ монанди Хуршед бош.
4. Ҳангоми хашму ғазаб монанди кӯҳ бош.
5. Дар саховат ва кумак ба дигарон монанди рӯд бош.
6. Дар ҳамоҳангиву канор ба дигарон монанди дарё бош.
7. Агар мехоҳӣ дигарон хуб бошанд, худат низ монанди оина хубу соф бош.

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР



ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ШОҲМОТ
Тибқи иттилои сомонаҳои интернетӣ, аз соли 1974 боз, бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии бозиҳои компютерӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот миёни барномаҳои компютерӣ доир мегардад.
Тавре гуфта мешавад, моҳи августи ҳамон сол барномаи «Каисса» (СССР) барномаҳои «Chess 4», «Chaos» и «Ribbit»-ро мағлуб намуда, аввалин чемпиони ҷаҳон эълон гардид.   
Дар охирин чемпионати ҷаҳон, ки соли 2019 баргузор шуда буд,  барномаи «Сомоdо» (коркарди Дон Дэйли, ИМА) пирӯз омад. Мутаассифона, соли 2020, баъди паҳншавии пандемияи коронавирус, чемпионатро барҳам доданд.  
 Таҳияи Ш. ШОКИР


ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
«РОҲИ МАРГ»-И БОЛИВИЯ
Сайёҳоне, ки тавонистаанд аз ин масир сафар кунанд ва зинда монанд, таҷрибаи худро бо баромадан ба кӯҳи Эверест муқоиса мекунанд. Гарчанде номи асосии он North Yungas Road (Роҳи Юнгаси шимолӣ) аст, дар тамоми ҷаҳон он бо номи "Роҳи марг"-и Боливия маъруф аст. 
Ин масир дар соли 1930 барои пайваст кардани шаҳрҳои Ла-Пас ва Коройко таъсис шуда, аз канори пурпечутоби роҳҳои нишеби кӯҳӣ мегузарад. Дарозии он 56 километр ва баландиаш то 4650 метр аст. Дар баробари ин, паҳнои қисми зиёди роҳ ҳамагӣ 3,2 метр буда, гузаштани ду автомобил хеле душвор аст. Бо сабаби намии баланд тамоми роҳ бо гил сохта шудааст. Агар ба ин боридани боронҳои пай дар пай, туман, сангрезаро илова кунем, пас омори ғамангези “Роҳи марг” равшан мешавад, ки ҳамасола то 300 нафарро ташкил медиҳад. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ



ҲУШТАККАШӢ БО БИНӢ
Як зани канадагӣ рекорди баландтарин ҳуштак бо биниро гузошт.
Лулу Лотус таронаеро "иҷро кард" ва садои биниаш дар авҷи худ ба 44,1 детсибел расид.
Ӯ маҳорати худро дар кӯдакӣ кашф намуд. Барои гузоштани рекорд ба Лулу лозим омад, ки утоқи махсус ва таҷҳизоти гаронбаҳоро барои чен кардани садо пайдо кунад. 40-45 детсибел ҳаҷми миёнаи нутқи инсон мебошад.
Лотус метавонад бо бинии худ қариб ҳама гуна композитсияро, аз ҷумла классикиро «навозад». Ӯ наметавонад шарҳ диҳад, ки чӣ тавр ин корро мекунад, аммо иқрор мешавад, ки баъзе мушакҳои гулуяшро назорат намуда, даҳони худро баста нигоҳ медорад.
Мутахассисон мегӯянд, ки танҳо зани дорои садои баландтарин метавонад ба чунин дастовард ноил гардад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА



НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АЙБИ РУТБА
Дар маҷлиси фаврӣ:
— Сидиров,  чаро як ҳайати калони гумонбарро дар болои ҷиноят дида,  дастгир карда натавонистед?
— Рутбаашон аз мо хеле баланд буд, рафиқ полковник. 

Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


ТИЛЛО.  ЯГОНА ЭЛЕМЕНТЕ, КИ ҲАМЧУН ПУЛ ИСТИФОДА МЕШАВАД

Аз яксаду ҳаждаҳ унсури ҷадвали даврӣ тилло ягона элементест, ки инсон онро ҳамеша ҳамчун асъор истифода кардааст. Инак, чанд далели ҷолиб дар бораи ин металл.
* Медали тиллои олимпӣ ҳамагӣ аз 1 фоиз тилло иборат аст.
* Қисми зиёди тилло дар қишри замин дар натиҷаи афтидани метеорит ба вуҷуд меояд.
* Алюминийро замоне гаронбаҳотарин металли рӯи Замин медонистанд. Сарватмандон дар зарфҳои алюминий ғизо мехӯрданд, камбағалон бошанд, дар зарфҳои тиллоӣ.
* Тиллоро хӯрдан мумкин аст.
* Дар бадани одам 0,2 мг тилло мавҷуд аст, ки дар хун мечархад.

Таҳияи Наргис АТОЕВА


2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД
Асрҳои миёна гузашт. Бояд иқрор шуд, ки он вақт давраи дилгиркунанда буд: ҷангу хунрезиву кишваркушоиҳо. Дар чунин фазо идеяи олимпӣ ба фикри ҳеҷ кас омаданаш мумкин набуд. Ҳар касе дар ин бора садо баланд мекард,  шайтон ё ягон махлуқи ғайриодӣ эълон мешуд.
Ниҳоят, давраи эҳё фаро расид. Инсоният ба қафо – ба гузаштааш назар кард ва Рими Қадимро дид. Бо шавқи зиёд мардум илми антиқӣ ва санъати гузаштаро омӯхт. Дар асрҳои XVI-XIX варзиш дар бисёри кишварҳо рушд кард ва андешаи эҳёи бозиҳои олимпӣ ба миён омад. Онро омӯзгори чех Ян Амос Коменский, файласуфи фаронсавӣ Жан Жак Руссо ва адиби олмонӣ Фридрих Шиллер дар суханрониҳо ба забон оварданд.
Бозиҳои варзишии монанд ба Бозиҳои олимпии Юнони Қадим дар Шведсия, Англия, Олмон, Канада ва, албатта, дар ватани Олимпиада – Юнон баргузор мешуданд. 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ



СОЗҲОИ МУСИҚӢ БАЛАЛАЙКА 

Балалайка сози халқии русӣ буда, се тор дорад. Онро бо зарбаи ангуштони панҷаи дасти рост менавозанд. Тори якуми он филизӣ буда, ду тори дигараш аз капрон тайёр карда мешавад. То охири садаи XIX дар дастаи балалайка 57 парда баста мешуд. Дар дастаи балалайкаи имрӯза аз 12 то 14 пардаи филизӣ насб шудааст. 
Ақидае ҳаст, ки балалайка аз думбура ба вуҷуд омада, аз садаи XVIII дар байни халқ васеъ паҳн шудааст. Дар ташвиқу тарғиби балалайка В. Андреев хидмати шоён кардааст. Ӯ нахустин оркестри созҳои миллии русиро ташкил дода, ба он роҳбарӣ мекард. 

Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ



РЕКОРДИ НАВИ NOTHING 
Ширкати  Nothing дар рӯзи аввали ба фурӯш баровардани смартфони наваш Nothing Phone (2a) 100 ҳазор нусхаи онро амалӣ кард, ки дар олами технологияҳои ҷадид рекорди нав ба шумор меравад. 
Nothing Phone (2a) смартфони сеюми истеҳсолнамудаи тавлидкунанда буда, аз ду модели пешини ихтироъшуда муваффақтару серхаридор гардид. Смартфон дорои интерфейси рӯшноии махсуси Glyph, экрани  OLED бо диагонали 6,7 дюйм, камера бо ду сенсори 50-мегапиксела ва аккумулятори ғунҷоишаш 5000 мАч бо иқтидори шоржи 45-ватта мебошад. 
Дастгоҳ ба Android 14, ки дорои интерфейси  Nothing OS 2.5 мебошад, насб шудааст. Он, ҳамчунин, дорои системаи муҳофизатии IP54 аст, ки яке аз пешрафтатарин ва муосиртарин системаҳои муҳофизатӣ эътироф шудааст. 
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА



ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ МЕР ДЕ ГЛЕЙС
Дар кӯҳҳои Фаронса яхе, ки солҳо аз қуллаҳои 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷорӣ мешавад, пиряхи Мер де Глейсро ба вуҷуд овардааст. Пиряхи дарозтарини Фаронса дар майдони 7 километр доман паҳн кардааст. Барои тамошои ин зебоии табиӣ қатораи сурх роҳандозӣ шудааст, ки ҳар 30 дақиқа аз Шамонии Фаронса ҳаракат мекунад. Қатора зиёда аз 50 сол ба дӯстдорони табиат хидмат расонда, ба баландӣ қариб 20 дақиқа мебарояд. Дар ин муддат ҳарорат тадриҷан паст шуда, ба – 15 дараҷа мерасад. Одамоне, ки ба ҳарорати паст ё баланд одат кардаанд, аз сафар лаззат мебаранд. Вақте ки қатора дар баландии 1900 метр меистад, аз он ҷо аввалин шуда пиряхи Мер де Глейс намоён мешавад. Илова бар ин, аз ин баландӣ манзараҳои қаторкӯҳҳои Лес Дру, Айгул ва Йорассро ҳам дидан мумкин. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ЧАНД ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ РОҶЕЪ БА ПАЙДОИШИ ПОЙАФЗОЛ
* Дар таърихи пойафзол ҳолатҳое буданд, ки нархи ботинкаҳо ба миллион доллар расид. Яке аз ин гуна мисолҳо – ҷуфти ботинкае маҳсуб мегардад, ки бо алмос ва дигар сангҳои қиматбаҳо ороиш гардида буд.
*Дар Рими Қадим ботинкаҳои бо номи «Caligae»-ро лигионерҳои римӣ мепӯшиданд. Онҳо барои маршҳои тулонӣ махсус коркард шуда буданд ва ҷиҳати ҳаводароӣ сӯрохиҳои зиёд доштанд.
* Дар асрҳои миёна дарозии нӯги ботинкаҳои мардона индикатори мақоми иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Чӣ қадар нӯги ботинка дароз мегардид, ҳамон қадар мақоми иҷтимоии соҳиби он баландтар мегашт.

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив