ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗ. ҶАШНЕ, КИ ИНСОНИЯТРО  МУТТАҲИД МЕСОЗАД

НАВРӮЗ. ҶАШНЕ, КИ ИНСОНИЯТРО  МУТТАҲИД МЕСОЗАД

20 март 2024, Чоршанбе
9
0
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллӣ буда, дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон нақш ва мақоми хоса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Наврӯз ҳамчун мероси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. 
Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини камназирамон дар фазои истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукргузорӣ таҷлил мегардад.
 
Фазилату хайру баракат, нишоту манзалати Наврӯз аз ҳазор солаҳо то ба имрӯз ба мо расид, вале бо тақозои замон як давра он аз забонҳо монд. Шукр, ки бо кӯшишҳои Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба мисли идҳои Фитру Қурбон ва анъанаву суннатҳои дигари милливу динӣ ва фарҳангиамон аз нав зинда шуд. 
Муаррихон таърихи пайдоиши Наврӯзро, асосан, ба замони Ҳахоманишиён мансуб дониста, дар баробари дигар ҷашнҳои анъанавие, ки дар ин салтанати бузург вуҷуд дошт, мақоми хоса пайдо мекунад. Дар айёми Сосониён Наврӯз бештар доман густурда, қавмҳои туркнажод ҳам онро чун ҷашни хонаводагӣ ва миллӣ мепазиранд. 
Аз соли 2009 бошад, иди Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид шуда, тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз 19-уми феврали соли 2010, он Ҷашни байналмилалӣ эълом гардид. Ин навгонии фарҳангӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, асосан, бо ибтикори кишварҳои ҳавзаи форсизабонон: Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба вуқуъ пайваст. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам дар ин кори хайр саҳм гузошт.
Моҳият ва аҳамияти имрӯзаи ҷашни Наврӯз бо он ҳикмати қадиме, ки дорад, оҳанги муттаҳидсозии миллатҳост. Ҳар куҷо, ки Наврӯз аст, он ҷо хушӣ, зебоӣ, ҳусни тафоҳум ва якдилию баробарию бародарист. Ин аст мафҳуми ҷаҳонишавии Наврӯзи оламафрӯз. 
Аслан, Тоҷикистонро ватани Наврӯз меноманд, зеро ҳамасола дар кишвари мо ин ҷашн хеле пуршукӯҳ таҷлил мегардад. Бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар «Наврӯзгоҳ» бунёд ёфта, ҳамасола дар ин ҷо маъракаҳои наврӯзи баргузор мегарданд. Ба Наврӯзи Тоҷикистон, ки барҳақ, оламиён ошиқанд ва дар ин айём ҳазорҳо нафар аз кунҷу канори дунё ба Ватанамон ташриф меоранд.
Дар ҳавзаи кишварҳои форсизабонон ҳам ҷашни Наврӯз шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Дар Эрон «Сездаҳбадар» ва дар Афғонистон «Милаи сур» (Ҷашни лола) ҳазорон-ҳазорон одамонро ба табиати гулпӯш мекашонад ва таҷлили он дар баъзе шаҳрҳои Эрону Афғонистон то ду ҳафта идома меёбанд.
Бо касб кардани ҷашни байналмилалӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз Наврӯз ҳамасола хуш истиқбол гирифта мешавад. Дар Қазоқистон рӯзҳои 21-23-юми март иди миллӣ, истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ аст. Сокинони Ӯзбекистону Қирғизистон ҳам Наврӯзро бо омодагӣ истиқбол мегиранд. Дар шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро ду ҳафта то Наврӯз омодагиҳо шуруъ шуда, маъракаҳои хотирмон меороянд. Бахусус, дар Самарқанд баъзе суннатҳои наврӯзиро то имрӯз ҳифз кардаанд, ки дар дигар минтақаҳо дида намешавад. Рӯзҳои наврӯзӣ дар аксар маҳаллаҳои ин шаҳри бостонӣ муқаддас будани оташро, ки аз замони Зардушт боқист, дидан мумкин аст. Одамон гулхан афрӯхта аз болои он меҷаҳанд. Дар Россия бошад, доғистониҳо, тоторҳо, бошқирдҳо ва чувашҳо Наврӯзро чун оғози Соли нав, фарорасии баҳор ва баробаршавии шабу рӯз истиқбол менамоянд.
Дар Озарбойҷон Наврӯз мероси фарҳангии миллӣ шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар Қафқоз озариҳо ҷашни Наврӯзро нисбат ба дигар миллату қавмҳо бошукӯҳтар таҷлил менамоянд. Дар шаҳрҳои калон, ба мисли Боку, Ганҷа, Ширвон, Масалли ва Сумгаит, мутрибон барномаҳои наврӯзӣ омода намуда, то се-чор рӯз дар майдонҳои пуршукӯҳ ҳунари худро намоиш медиҳанд.
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, бахусус шаҳри Синзиян – пойтахти Уйғуристон, маъракаҳои наврӯзӣ тоҷикону уйғурон ва дигар сокинони ин аёлатро боз ҳам муттаҳидтар кардааст. Тоҷикону уйғурҳо аз замонҳои қадим дар ин ҷо зиста, ин мероси фарҳангиро бою рангинтар сохтаанд. Тоҷикон оҳангҳои наврӯзиро бо забони модарӣ иҷро мекунанд; қабл аз Наврӯз хонаю дари худро пок карда, либосҳои идона  омода менамоянд.
Ҷашни Наврӯз дар ҷаҳон аз нигоҳи истиқболу таҷлил монандию ҳамҳонагӣ дошта, дар муттаҳидсозии одамон ба хотири дӯстиву бародарӣ ва ҳамраъйи хидмат мекунад.
Баҳору Наврӯзи оламафрӯзро боз ҳам баҳри ҳамагон муборакбод мегӯем. Умеди онро дорем, ки Наврӯзи имсола ба диёри нозанину дилкаши мо файзу саховат ва шукуфоии бештареро ато месозад.
 
Бахт, эй ёрон, шуморо ҳамдаму дилсӯз бод!
Бо умеди нав ба нав ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
    
Ш. ХОҶАЕВ, 
номзади илмҳои кишоварзӣ
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив