ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЖӮҲИШГАРЕ ДИЛБАСТАИ ТОҶИКИСТОН

ПАЖӮҲИШГАРЕ ДИЛБАСТАИ ТОҶИКИСТОН

03 апрел 2024, Чоршанбе
26
0


Бостоншинос, муҳаққиқи асри санг, доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) Вадим Александрович Ранов 100-сола шуд. Ӯ ҳамчун яке аз симоҳои дурахшони илми таърих на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷамъияти бостоншиносии ҷаҳон шинохтаву пазируфта шудааст. Вай умри худро ба омӯхтани таърихи қадими Тоҷикистон сарф кард.
Вадим Александрович Ранов 16-уми феврали соли 1924 дар шаҳри Верхотури губернияи Екатеринбург (ҳоло вилояти Свердловски Федератсияи Русия) таваллуд шуда, маълумоти миёнаро дар Фаронса гирифтааст, дар Университети Сорбонна (Париж) низ таҳсил кардааст. 
Падараш Александр Исаакович Ранов эпидемиолог буд. Соли 1938, вақте ки Вадим 14-сола буд, онҳо ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) омаданд. Александр Исаакович солҳо ба ҳайси муовини вазири тандурустии Тоҷикистон кор кард, ташкилотчии мубориза бар зидди бемории вараҷа буд, дар сохтмони канали Фарғона ва шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ ширкат варзидааст.
Соли 1941 Вадим Ранов ба Омӯзишгоҳи артиллерӣ дохил шуда, онро соли 1943 хатм кард ва ба сифати командири батареяи аслиҳаҳои  зиддитанкӣ дар муҳорибаи камонаки Курск ҷангид. Дорандаи ду ордени Ситораи Сурх мебошад. Сипас, ҳамчун капитани артиллерия дар нимҷазираи Ляодуни Чин хидмат карда, соли 1948 дар ҳайати дивизияи 201-уми пиёдагарди Душанбе ба Тоҷикистон баргашт. Соли 1949 ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд.
Ба гуфти мутахассиси пешбари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Татяна Филимонова,  Вадим Александрович дар ёддоштҳояш чунин зикр кардааст: «Ман 1-уми сентябри соли 1949 дар аввалин лексияе, ки дар Университети давлатии Тоҷикистон шунидам, қарор додам, ки археолог шавам ва асри сангро омӯзам. Он лексияи муаллими донишманд ва таърихдони маъруф Давид Ефимович Хайтун буд. Ва ин муҳаббати ман ба илми бостоншиносӣ як умр дар дилам монд".
Борис Литвинский солҳои 50-уми асри ХХ-ро барои бостоншиносии тоҷик давраи қаҳрамонӣ номид. Ҳарчанд экспедитсияҳои археологӣ ба назар мисли сайругашти ошиқона расанд ҳам, дар ҳақиқат кори душворест, махсусан дар он солҳо, ки бо мошинҳои фарсуда дар роҳҳои кӯҳии ноҳамвор ба теппае ё баландие мебаромаданду дар хаймаҳои чанголуд, ё намнок мезистанд. 
Соли 1951, вақте ки Борис Литвинский мудири шуъбаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид, олимони ҷавон Вадим Ранов, Эркиной Гулямова, Евгения Салтовская ва Эдуард Юркевичро ба кор гирифт ва онҳо ба машҳуртарин кашфиётҳо ноил гаштанд.
Ташнаи илм Вадим Ранов пайваста роҳҳои нави ошкор сохтани моҳияти фарҳангҳои қадимро меҷуст ва ҳамчун пешрав дар омӯзиши ёдгориҳои асри санг дар Тоҷикистон, усули ба худ хоси кофтукови осори сангинро таҳия намуда, таҷрибаи бостоншиносии ҷаҳониро омӯхт ва ба шароити маҳаллӣ мутобиқ кард.
Татяна Филимонова мегӯяд, ки Вадим Ранов яке аз бунёдгузорони мактаби бостоншиносии тоҷик аст, ки эътирофи байналмилалӣ гирифтааст. Вай давоми умри бобаракаташ дар Тоҷикистон қариб 20 ёдгории археологиро аз давраи палеолит то давраи неолит кашф кардааст. Комёбиҳои илмии ӯ дар омӯхтани марҳалаи қадимтарини таърихи инсоният дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд.
Давоми беш аз ним асри кор дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Вадим Ранов 53 мавсими саҳроиро гузаронда, дар кори тақрибан 100 дастаи археологӣ, чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷи кишвар, ширкат варзид. Ҳамчун барҷастатарин муҳаққиқи Осиёи Миёна асри сангро дар Муғулистон, Ҳиндустон, Ветнам, Чин, Афғонистон, Исроил, Чехия, Венгрия, Франсия, Олмон, Белгия, ИМА ва ғайра меомӯзад.
–Тақдир ба ӯ барои садоқаташ ба илм комёбиҳо дод. Вай дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон даҳҳо шаҳрак ва мавзеъҳои асри сангро кашф намуд, ки умри 500-700-ҳазорсола доранд. Дар Помири шарқӣ Вадим Ранов зиёда аз 40 мавзеъро кашф менамояд. Ин корҳо боиси кашфи баландтарин фарҳанги асри санги кӯҳӣ дар ҷаҳон гардид, ки Маркансу ном дорад,– бо ифтихор иброз дошт олими бостоншинос Татяна Филимонова.
Дӯсти тоҷикон, донандаи забони тоҷикӣ Вадим Ранов, дар асоси асарҳои сершумори экспедитсионии худ, тавонист таърихи бостонӣ, равандҳои фарҳангӣ, этникӣ ва антропологиро, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастаанд, беғаразона ва холисона равшан созад ва нақши бориз доштани ниёгони халқи тоҷикро дар таърихи тамаддуни минтақавию ҷаҳонӣ собит созад.
Вадим Ранов то охири умр ба тоҷикону Тоҷикистон содиқ монд. Дар ёддоштҳои худ  навиштааст:
"...Ҳаёти ман Тоҷикистон аст. Ман як одами аслан зиёии рус ҳастам, аммо тамоми умр дар Тоҷикистон зистаам ва мардуми ин диёри ҳамешабаҳорро дӯст медорам. Дар ин ҷо ҳама чиз аслӣ аст. Ягон зебоии дунё – ҷангалзор, соҳилҳои баҳри Миёназамин ва Атлантика, мисли кӯҳҳо, адирҳои одии аз Офтоб сӯхтаи ин сарзамин дар дили ман ин қадар ҳиссиёт барнаангехтааст».

Акмал МАННОНОВ,
таърихнигор, шаҳри Кӯлоб

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив