ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОҲНОМА. НАҚШИ АСАРИ БЕЗАВОЛ ДАР БАЛАНД  БАРДОШТАНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

ШОҲНОМА. НАҚШИ АСАРИ БЕЗАВОЛ ДАР БАЛАНД  БАРДОШТАНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

03 апрел 2024, Чоршанбе
12
0


Таҳти ҳамин унвон рӯзи 28-уми март дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон баргузор гардид. 
Дар кори Шуро муовинони идеологии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармуҳаррирони рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявии минтақаи Кӯлоб ширкат доштанд.
Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон, муовини раиси Шуро Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шоҳкории ҳамаи давру замонҳо дар баробари васфи шуҷоату далерӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ситоиши хирад ва дониш, ақидаҳои инсондӯстона, андешаҳои моломол аз ифтихорот нисбат ба расму оин ва ҷашнҳои ниёгонро дар бар мегирад.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик, ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар як оилаи мамлакат дастрас шавад. Ин иқдом идомаи ҳамон ташаббусҳои дурбинонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат аст, ки на танҳо ба тарбияи ватандӯстона, баланд бардоштани  эҳсоси ватандории мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбиниву дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст, - афзуд Анзурат Абдусаломзода.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив