ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » УМРАШРО БЕДАРЕҒ БАХШИД

УМРАШРО БЕДАРЕҒ БАХШИД

09 апрел 2024, Сешанбе
13
0


Саргузашту ҳар амалу сухани шахси наҷиб як дарси ибрат, зиндагӣ аст. Ҷамъовариву нашрашон ҳатмӣ ва ҳам ба нафъи миллат мебошад. Дарёфтан мушкил нест, ки баъзе аз суханҳои онҳо баробар, балки бештару беҳтар аз як китоб маҳсуб мешаванд. Онҳо ба ҷуз ин шахсияти  гӯянда, амалкунандаро бозгӯ мекунанд, мақому мавқеашро дар рӯзгор муайян месозанд. Соҳиб Табаров, узви вобастаи АМИТ,  ки имсол таҷлили 100-солагии ӯ дар назар аст, аз ин зумра аст.
Ба ҳангоми танаффус аз синфхонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ба берун намебаромад. Ба мутолаа машғул мешуд. Дер ҳам бошад, сабаби инро аз ӯ пурсидам. Посух дод: – Инро аз академик Абдулғанӣ Мирзоев омӯхтам. Вақт барояш қимат буд, аз ҳар лаҳзаи он дуруст истифода мебурд. 
* * *
Мегуфт: – Академик Абдулғанӣ Мирзоев моро ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба тамошои намоишҳо ҷалб мекарду мебурд. Ба мо дар фаҳмишу дарк  ва таҳлили асарҳои операвию балет ёрӣ мерасонду асрори онҳоро мекушод.
Ба мо мегуфт: – Бештар биёед, бубинед, бишунавед, ба нозукиҳои мусиқии ҳирфаӣ ва балет ҳатман пай мебаред. 
* * *
Мегуфт: – Академик Абдулғанӣ Мирзоев ҳангоми таҳсил дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петергбург) дар тарабхонаҳо дар озмунҳои рақсӣ ширкат меварзиду ғолиб меомад ва аз ин ҳисоб 100 рубл ба даст меоварду сарфи таҳсилу зиндагӣ мекард. Яъне, дуруст гуфтаанд,  ки ба як мард чил ҳунар кам аст.
* * *
Соли 1979. Толори асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Вохӯрӣ бо Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон. 
Ҷалол Икромӣ: – Ман  50 сол аст, ки эҷод мекунам.
Соҳиб Табаров: – Не, не, 52 сол боз эҷод мекунед.
Ва бо далели муътамад  суханашро исбот менамояд.
* * *
– Чаро як китфи Иван-амак (Ф. Муҳаммадиев. “Палатаи кунҷакӣ”)  каҷ буд? 
Ин саволро Соҳиб Табаров ба 100  нафари мо – донишҷӯёни соли аввали ДМТ дар толори ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ медиҳад. Мебинам, касе шояд аз тарс бошад, ки посух намедиҳад ва аз ин устод меранҷад. Ноилоҷ тарсу хоксориро яксӯ гузошта, даст боло мекунам ва баъди иҷозат гирифтан посух медиҳам: “Бар асари пулемёти Максим,  ки дар китфаш буд”.
Устод мисли кӯдаке, ки чизе ёфтааст ва ё ба ӯ додаанд, шод мешавад. Пас аз чил сол ба ӯ ин саволу посухро ёдовар мешавам ва сабаби шодияшро дар он замон мепурсам. 
Мегӯяд: – Ҳар адиб дар асар як детали ёфтаашро истифода мекунад, ки фарқкунанда аст. Ба ин аҳамияти махсус додану дар хотир гирифтан далели ин мебошад, ки шумо онро хондаед, яъне ба ин касб содиқеду ихтиёрӣ, бо азму бо тайёрӣ ва қавӣ барои филолог шудан омадаед.
* * *
Хондани як асари бадеӣ, дидани як намоиши театрӣ кофӣ буд, ки аз устод Соҳиб Табаров донишҷӯ баҳои имтиҳонро бигирад, агарчи ба ягон саволи саволнома ҷавоб надиҳад. Оре, бо ин ки бисёр сахтгир буд. Сабабашро баъдҳо, аз ӯ пурсидам. Чунин посух гуфт: – Ин усули пурсиш, муносибатро донишҷӯ овоза мекунад ва дигар донишҷӯён ба хондани китобҳои бадеиву илмӣ, дидани намоишҳои театрӣ майл мекунанд. Ба ин васила, дониш меандӯзанд, дар оянда филолог мешаванд.
* * *
Духтараки шарикдарсамон аз дарси устод Соҳиб Табаров чанд дақиқа дер мемонад. Аз ӯ сабаби дер карданашро мепурсад. Ин посухро мегирад: – То худро оро додаму омадам, ки дер шуд.
Устод шод мешаваду мегӯяд:  – Офарин, духтарам, барои ростгӯӣ  ва ба зебоии худ аҳамият доданат!
* * *
Як рӯз аз устод пурсидам: – Бисёр зарур буд, ки ба танқиди адабӣ рӯ биёред, дар сурате ки монеи пешрафтатон ва зиндагии осоиштаатон шуд?
– Оре, зарур буд, агарчи бар асари он ранҷҳое кашидем, ки ману ҳамсараму Худо медонад. Ҳақиқатро бе парда, бо ҷасорат ба хотири рушди адабиёти асил, шинохти сара аз носара бояд гуфт.
Ба худ баъд гуфтам: – Бояд дар ин хусус лаб во намекардам. Охир устод ба мо курси «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ»-ро  гузашта буд ва ҳам аз китобаш хонда будем: «Мунаққид… ҳамчун шахси воқеӣ, ба фарзандони замони худ мушоҳидаву мулоҳиза ва фикру ақидаи адабиву бадеӣ, эстетикӣ ва сиёсиву иҷтимоии худро дар зимни таҳлилу таҳқиқ  ва танқиди эҷодиёти адабиву бадеӣ баён мекунад ва бо ҳамин роҳу равияи инкишофи адабиёти бадеии халқу миллати худро ҳам барои макону замони худ ва ҳам барои ояндаи наздику дур муайян мекунад.
* * *
Устод Соҳиб Табаров  дар соли чоруми таҳсиламон аз фанни «Назарияи танқиди адабӣ» дар се гурӯҳ: А, Б, В имтиҳон гирифт. Аксар  баҳои паст гирифтанд.
Пас аз он дар роҳрав чашмаш ба ман афтоду гуфт: –Раҳимзода, намехонанд, намехонанд,  намехонанд. Ман ба инҳо нагуфтам, ки Белинский, Чернишевский ва дигар асарҳои мунаққидони  русро бихонанд. Ду китобчаи банда («Асосҳои назариявии танқиди адабӣ»,  қисми 1, 2) ҳамагӣ 150 саҳифа аст. Ҳамонро нахондаанд, намедонанд.
– Устод, – гуфтам, – кош мефармудед, ки асарҳои он мунаққидонро мехондем, то ба фаҳми навиштаҳоятон дар китобатон мерасидем, –  ва баъд ҷумлаи якуми китобашро шарҳ додам. Хурсанд шуд ва хурсанд ба хонааш рафт. Фардояш гурӯҳи мо, яъне гурӯҳи Г, баҳои баланди муаллимро соҳиб шуданд.
Дар ҳақиқат, одам баъзан вақт ба як ҷумлаи тавсифии хушҳолкунанда ниёз дошта будааст.
* * *
Чанд шеърам дар рӯзномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» нашр шуд. Устод Соҳиб Табаров онро хонда будааст. Пеш аз он, ки дарс бигузарад, бо меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ гуфт: – Раҳимзода, намедонам ин ғаму андуҳ ба дили ту чи гуна роҳ ёфтааст. Одам набояд аз зиндагӣ ноумед шавад. Надсон, шоири рус, ҳамагӣ 24 сол зист. Медонист, ки ҳатман дар рӯзҳои наздик аз бемории сил дунёро падруд мегӯяд. Маъшуқааш ҳам инро ба хубӣ дарёфта буд, аммо то ба охири умраш ба ӯ бевафоӣ накард. Шеърҳои Надсонро биёбу бихон. Дар ҳеҷ шеъраш андак ноумедиро аз зиндагӣ намебинӣ.
Пас аз он Надсонро хондам ва ба хотираи устод, дониши васеаш, мавқеъву хулосабарорияш тааҷҷуб кардаму бори дигар қоил шудам.
* * *
Соли панҷуми таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  устод Соҳиб Табаров мегӯяд: – Раҳимзода, биё кори илмӣ бикун, дар мавзуи Мирзо Абдулқодири Бедил рисола бинавису ҳимоя бикун. Ман худам роҳбари кори илмият мешавам.
– Устод, тафаккури ман шоирона аст, на олимона, – узр пеш меорам.
– Раҳимзода, шоире, ки дар 24-солагӣ ҷаҳонӣ нашавад, бояд даст аз эҷод бишӯяд.
– Ин барои шоирони Аврупо аст, ки баъд аз он эҳсосашон мемирад. Шоирони мо пас аз хирадманд шудан,  яъне  аз 60- солагӣ ба гуфтани шеър рӯ овардаанд, – изҳор медорам.
Устод дигар сухане намегӯяд, балки намехоҳад суҳбатро идома бидиҳад.
Ҳамин тавр, бо ғурури ҷавонӣ мо ба маслиҳати пирони соҳа кор намекунем. Намедонам, чаро зиндагӣ дер, бас дер ҳақиқатро бароямон ошкор месозад. 
Руҳаш шод бод устоди забардастро, ки умрашро барои тарбияи шогирдон ва рушди адабиёти миллӣ бе дареғ бахшид.

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив