ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАМОИШ-ФУРӮШИ ЧАКАН. ЛИБОСИ МИЛЛӢ БА САД РАНГ ҶИЛВА ДОРАД

НАМОИШ-ФУРӮШИ ЧАКАН. ЛИБОСИ МИЛЛӢ БА САД РАНГ ҶИЛВА ДОРАД

18 апрел 2024, Панҷшанбе
13
0


Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ ҷараён дорад. 
Дар он маҳсули ҳунармандони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намоиш-фурӯш гузошта шудааст. Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода, дар ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ зикр кард, ки мақсади намоиш-фурӯши чакан, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.  
Дар чорабинӣ ҳунармандони тамоми гӯшаву канори мамлакат бо маҳсули дастони худ иштирок намуда, таъриху омӯзиши онро ба алоқамандон муаррифӣ мекунанд. 
Ҳунарманди 50-солаи шаҳри Хоруғ Иқболбӣ Абдураҳмонова гуфт, ки дар чорабиниҳои гуногуни зиёда аз 10 кишвари олам фарҳангу ҳунари миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ошно кардааст. 
– Чакан, сӯзаниву гулдӯзӣ,  тоқиву ҷузвдондӯзиро аз модари ҳунармандам омӯхтам. Имрӯз бошад, фарзандонам меросбари ҳунари аҷдодӣ гаштаанд. Мо аз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдорем, ки таваҷҷуҳи мардумро ба эҳёи ҳунарҳои қадима равона сохта, ҳунармандонро беш аз пеш қадр мекунанд. Мо ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат кӯшиш мекунем, ки ҳунарҳои қадимаро эҳё кунему ба ояндагон ба мерос гузорем,– илова намуд Иқболбӣ Абдураҳмонова.
Чизи муҳиме, ки дар ин намоиш диққати бандаро бештар ҷалб кард, рӯ овардани ҷавонон ба расму оини аҷдодист. Солҳои қабл дар чунин саҳнаҳо занону мардони рӯзгордида ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ мекарданд. Имрӯз, ба қавле, мактаби “устоду шогирд” рушд кардааст, ки ҷавонон рӯ ба касбҳои қадима овардаанд. 
Саноатҷон Ҳакимова, ҳунарманди 20-солаи шаҳри Хуҷанд чунин гуфт: 
– Солҳои пеш ягона ҷашне, ки ҳунармандонро ба ҳам меовард, Наврӯзи оламафрӯз буд. Шукри соҳибистиқлолии кишвар, ки маҳсули дастони ҳунармандонро қадр мекунанд ва дар ҳамаи иду айём таваҷҷуҳ ба он афзудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз мо – ҷавонон, онҳоро аз бар менамоем. Бо бовари том гуфта метавонам, ҳар нафаре, ки дорои касбу ҳунар бошад, метавонад зиндагии худро беҳбуд бахшад. Беҳуда Низомӣ Ганҷавӣ намефармояд:
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, 
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Пари Ҳоҷиева, ҳунарманди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, аз роҳандозии чунин намоишҳо истиқбол намуд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз мақсадҳои намоиш- фурӯши чакан, агар тарғиби расму оин бошад, дигараш қадр кардани дастранҷи ҳунармандон аст. 
Қобили зикр аст, ки суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабилии чакан, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, порадӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқиву ҷузвдон, аз ҳадафҳои дигари намоиш- фурӯши чакан мебошад. 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив