ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

18 апрел 2024, Панҷшанбе
4
0


ФУТБОЛ
Тими олимпии Тоҷикистон бозии якумашро дар Ҷоми Осиё-2024 доир кард
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024, дар гурӯҳи “С” аз ғолиби феълии Ҷоми Осиё, тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.
Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпӣ (U-23) 15-уми апрел дар Қатар шуруъ гардид, ки то 3-юми май идома меёбад. Дар мусобиқа 16 даста ширкат дорад.
Бозии дастаҳои Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ шаби 16-уми апрел баргузор шуд. Голҳои тими олимпии моро Руслан Хайлоев ва Рустам Соиров заданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Тайланд бар Ироқ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври навбатӣ 19-уми апрел бо Ироқ вомехӯрад.


САМБО
Чемпионҳои Тоҷикистон дар Кӯлоб муайян шуданд
16-уми апрел дар шаҳри Кӯлоб Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо доир гашт.
Паҳлавонони кишвар дар 8 вазн миёни мардҳо барои ишғоли ҷойҳои намоён талош карданд. Дар натиҷа, Эмомалӣ Қурбонов (-53 кг), Масъуд Куканшоев (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Муҳаммад Раҷабов (-71 кг), Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Комрон Карликов (-98 кг) ва Хуршед Маҷидов (+98 кг) бар ҳарифон дастболо гардида, унвони чемпиони Тоҷикистонро дар соли 2024 сазовор гаштанд.
Аз ҳисоби ғолибон дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Оташ барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 афрӯхта шуд
16-уми апрел дар шаҳраки Олимпиаи Юнон, зодгоҳи бозиҳои олимпӣ, дар як маросим оташи Бозиҳои олимпии Париж-2024 афрӯхта шуд.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфт: "Имрӯз бозиҳои олимпӣ ягона чорабиниест, ки тамоми ҷаҳонро дар рақобати осоишта муттаҳид мекунад. Дар қадим, ҳоло низ, варзишгарон паём мефиристанд: “Метавон бо ҳам рақобати шадид ва дар айни замон якҷоя, ба таври осоишта зери як бом зиндагӣ кард”.
Ҳунарпешаи юнонӣ Мэри Мина машъалро барои чемпиони олимпӣ дар қаиқронӣ Стефанос Нтоускос фурӯзон кард. Шиновари бознишастаи фаронсавӣ Лоре Манауду, ки якумин медали тиллои худро дар Олимпиадаи Афина соли 2004 ба даст овардааст, аввалин машъалбардори олимпии Фаронса шуд.
"Ин бозиҳои олимпӣ ҷавонтар, фарогиртар, устувортар, бо баробарии пурраи гендерӣ хоҳад буд, зеро КБО 50 дарсади ҷойҳоро барои варзишгарони зан ва мард ҷудо кардааст", - таъкид намуд Томас Бах.
Машъал дар замони Олимпиадаи қадим вуҷуд дошт ва ин анъана барои Бозиҳои олимпии соли 1936 дар Берлин эҳё шуд. 
Оташи олимпӣ 26-уми апрел дар як маросим дар варзишгоҳи мармарии Панатенаик, ки соли 1896 нахустин бозиҳои олимпии муосирро мизбон буд, ба созмондиҳандагони Париж-2024 супурда мешавад. Умуман, 10 000 машъалбардор алангаро дар 64 минтақаи Фаронса гардиш хоҳанд дод. Он аз 400 шаҳр ва даҳҳо мавзеи сайёҳӣ 12000 километрро тай мезанад.
Маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Париж рӯзи 26-уми июл ба нақша гирифта шудааст, ки қарор аст дар соҳили дарёи Сена баргузор шавад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив