ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БО НОМИ “ДӮСТИИ ҶОВИДОН” 

БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БО НОМИ “ДӮСТИИ ҶОВИДОН” 

22 апрел 2024, Душанбе
7
0

 
18-уми апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукӯҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.
Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ – толори Кохи Борбад бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.
Баргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
Консерти ҷаззоби “Дӯстии ҷовидон” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

Санаи нашр: 19.04.2024 №: 73
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив