ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Обхезии шадид мавзуи телемарафони «Мо якҷояем» дар Қазоқистон гардид

Обхезии шадид мавзуи телемарафони «Мо якҷояем» дар Қазоқистон гардид

02 май 2024, Панҷшанбе
17
0


Мир 24. Обхезии шадид дар Қазоқистон мавзуи телемарафони умумимиллии «Мо якҷояем» гардид.  10 телевизиони пешбари  ҷумҳурӣ захираҳои техникӣ ва эҷодии худро муттаҳид намуданд, то миқёси офати бесобиқаро нишон диҳанд. Онҳо, инчунин, дар пахши мустақим фаъолияти волонтёрҳо, наҷотдиҳандагон ва мансабдоронро дар ҷойи ҳодиса  намоиш медиҳанд. Дар Қазоқистон  тули 80 соли ахир чунин обхезии шадид мушоҳида нашудааст.
Қаҳрамонҳои асосии телемарафон, албатта, одамон мебошанд. Масалан, Тлектес Нурмаганбетова, сокини вилояти Мангистау, 8 оиларо аз шаҳри Кулсари дар хонаи худ, ки қариб 30 нафар аст, паноҳ дод.
“Мо наметавонем танҳо ба Президенти худ такя кунем. Мо – қазоқҳо, меҳмондӯст ҳастем ва ҳоло вақти он расидааст, ки ин меҳмоннавозӣ ва меҳрубониро зоҳир намоем. Мо хонаи дуошёна дорем, қарор додем, ки ба мардуми зарардида ёрӣ диҳем. Ҳарчанд онҳо хешу табор набошанд хам, ҳамдиёронанд», – гуфт Тлектес Нурмаганбетова.


Ҳушдори созмони «Табибони бидуни марз»

РБК. «Табибони бидуни марз» ҳушдор додааст, ки, ҳатто дар сурати оташбас ҳазорон нафар метавонанд дар минтақаи Ғазза ҷони худро аз даст бидиҳанд.   
Амалиётҳои ҷангии давомдор дар минтақаи Ғазза на танҳо боиси талафоти зиёд дар байни аҳолии осоиштаи эксклави Фаластин аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил мешаванд, балки   боиси  буҳрони соҳаи тандурустӣ ва нарасидани хӯрок  гашта, ҳазорон нафарро мувоҷеҳи марг мегардонанд, – гуфта мешавад дар гузориши Соз-мони байналмилалии хайрияи «Табибони бидуни марз». Зиёда аз 32 ҳазор сокини минтақаи Ғазза, аллакай, қурбони даргириҳои мусаллаҳона ва 75 ҳазор нафар маҷруҳ шуда, тахминан 8 ҳазор нафари дигар зери   биноҳои   харобгашта мондаанд.


Вазирони корҳои хориҷии Швейтсария ва Бразилия конфронси дарпешистодаро оид ба Украина баррасӣ карданд

ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Швейтсария Игнасио Кассис ва ҳамтои бразилиягии ӯ Мауро Виейра масъалаи омодагиро ба конфронси сатҳи баланд оид ба ҳалли масъалаи Украина, ки моҳи июн дар Бюргеншток пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд. 
"Швейтсария ва Бразилия хоҳиши мусоидат ба сулҳи ҷаҳонӣ дар Украина ва Ховари Миёнаро тавассути муколама ва миёнаравӣ доранд", - гуфта мешавад дар изҳорот.  Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили равобити дуҷониба,  аз ҷумла дар бахши тиҷорат, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим, илм ва инноватсия, баррасӣ шуданд.


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир 24. Сарвазири Словакия Роберт Фитсо ба нишони якдилӣ бо коргарон дар заводи қисмҳои автомобил дар басти шабона кор мекунад. Ӯ гуфт, ки  мехоҳад бо ин амалаш таваҷҷуҳро ба мушкилот– бисёре аз коргарон дар кишвар то ҳол шабона кор мекунанд, ҷалб намояд.  

Lenta.ru. Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  Тедрос Адханом Гебрейесус дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст, ки ҳуҷуми густурдаи Исроил ба Рафаҳ дар ҷануби  Ғазза метавонад ба фалокати башардӯстона мубаддал шавад. 
"Мо аз ҳамаи ҷонибҳо даъват  мекунем, ки барои оташбас ва сулҳи пойдор талош намоянд”, – навиштааст ӯ.

АИР Новости. Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфт, ки Арманистон ва Озарбойҷон иштироки худро дар музокирот дар Қазоқистон тасдиқ карданд.  Идеяи баргузории музокироти ду мамлакатро дар Қазоқистон Президенти ин кишвар Қосим-Жомарт Токаев зимни сафарҳои ахир ба Арманистон ва Озарбойҷон пешниҳод карда буд.

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив