ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗАР САИДОВ: “ЗАБОНИ МО ОИНАИ ФАРҲАНГ АСТ!”

ОЗАР САИДОВ: “ЗАБОНИ МО ОИНАИ ФАРҲАНГ АСТ!”

07 май 2024, Сешанбе
15
0
 
Озар Саидов фарҳангнигори ҷавону ботаҷриба аст, ки давоми бисту як сол ранҷи илмӣ бурда, соли 2022 калонтарин “Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ”-ро бо фарогирии 160 ҳазор вожа фароҳам овард. То нашри ин китоби бошукӯҳ, фарҳангҳои дузабонаи мо то 30 ҳазор вожаро фаро мегирифтанду бас. “Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ” бо моддаҳои нави луғавӣ, вожаҳои тоза, ки имрӯз дар ҷомеаи мо истифода мешаванд, гулчини калимаҳои ноби тоҷикии порсӣ мураттаб гардида, самараи хуҷастаи фаъолияти муаллифи он аст. 
Барои равшанӣ андохтани ҷараёни иншои фарҳанг, Озар Саидовро барои суҳбат ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” давъат кардем, ки фишурдаи он пешорӯи шумост.
 – Нахуст, биёед, дар бораи пешинаи мактаби фарҳангнигории дузабона ва бисёрзабонаи тоҷик гуфтугӯе дошта бошем. Чӣ зарурат ё ниёзмандӣ буд, ки шумо ба эҷоди чунин луғатномаи бузург оғоз кардед? Дар саргаҳи ин мактаб киҳо меистанд?
– Ёдам ҳаст, вақте соли 1997, баъд аз хатми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гардида, пайи омӯзиши забони англисӣ шудем, ростӣ, ба ёфтани дафтар ва худкор (ручка) мушкил доштем. Солҳои вазнин буданд. Луғатномаҳои хурди англисиву тоҷикӣ ё тоҷикиву англисӣ, ки муаллифонашон Ф. Шаҳобова, М. Мамадназаров, П. Ҷамшед буданд, ниёзи ташнагони омӯзишро дар ҳадди зарурӣ қонеъ намекарданд. Дар онҳо вожаҳо кам, моддаҳои луғавӣ ва мисолҳои мувофиқи калимаҳои овардашуда, аллакай, куҳна шуда, ба дарди омӯзандагони оғози асри ХХ қариб, ки намехӯрд. Ҳамон солҳо ҳис кардам, ки барои ҷавонони миллати мо дар омӯзиши англисӣ холигоҳе вуҷуд дорад. Дар ин кори хайр аз аввалин устодам Шокир Мухторов, донандаи забонҳои англисиву фаронсавӣ, сипосгузорам. 
– Пеш аз оғоз бахшидан ба эҷоди “Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ” таҷрибаи сохтани фарҳангҳоро доштед ё ин аввалин таҷрибаи шумост?
– Ҳеҷ кор бидуни замина нест. Мо ҳам, қабл аз он ки, ба навиштани фарҳанг оғоз кунем, аз як мактаби хуби луғатсозӣ гузаштем. Чанд донишҷӯи муваффақи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, аз ҷумла маро, нахуст санҷида, ба як гурӯҳи луғатсозон даъват карданд. Дар ин гурӯҳ бо ибтикор ва пуштибонии  Донишкадаи забонҳои каммаъмули дунё, ки қароргоҳаш шаҳри Вашингтон аст, сохтани фарҳанги англисӣ-тоҷикиро оғоз кардем. Фарҳанги мазкур соли 2002 дар ИМА чоп шуд ва барои тоҷикистониён дастрас нест. Маҳз дар ин раванд хеле назокату душвориҳои луғатсозиро омӯхтам ва, инчунин, дарк кардам, ки зарфияти сохтани фарҳангҳо дар худи мо низ ҳаст.
– Фарҳанги номбурда, ки шумо бо гурӯҳи тарҷумонҳову забондонҳо мураттаб кардед, барои Амрико чӣ зарурат дорад?
– Барои дипломатҳо ва аҳли сиёсати Амрико, ки бо Тоҷикистон ва фаротар аз он, бо Осиёи Марказӣ сару кор доранд, донистани забони тоҷикӣ бисёр зарур ва, ҳатто, ҳатмист. Даст ёфтан ба назокату асолати забони мо ба онҳо имкон медиҳад, ки таърихи Осиёи Марказӣ, адабиёт, матбуот ва дар маҷмуъ, фарҳангу оинҳои қавму миллатҳои ин минтақаро омӯзанд ва дар барқарории робитаҳо оқилона истифода баранд, зеро мутахассисони хориҷӣ хуб медонанд, ки забони мо оинаи тамомнамои фарҳанги Осиёи Марказист.
– Дар маҷмуъ ниёзмандии ҷомеаи имрӯзи моро ба фарҳанги худ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ду сол боз “Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ”-ро дар мағозаҳои китобфурӯшиҳои шаҳри Душанбе гузоштем ва дар ин муддат 16 нусха аз он фурӯхта шудааст. 
Китоб бо сифати бисёр хубу шоиста, дар коғази олисифат 300 нусха чоп шудааст. Хушбинем, ки дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омӯзиши ҳадди ақал ду забони хориҷӣ – русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад, ҳаводорону хонандагони фарҳанги мо базудӣ меафзояд.
 
Шакли видеоии суҳбати моро аз ютубканали “Ҷумҳурият” бо ин суроға пайгирӣ кунед: https://youtu.be/-8vUfI4uymE?si=RgDPsVL3whRU1QEW  
 
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив