ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД

ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД

14 май 2024, Сешанбе
15
0
Виктор Рассадин низ, ба ҳайати олимпии Тоҷикистон шомил шуд
Узви дастаи мунтахаби гӯштии тарзи озоди Тоҷикистон Виктор Рассадин дар охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гӯштӣ, ки 9-12-уми май дар Туркия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Парижи Фаронса гардид.
Ӯ дар вазни -74 кг дар даври аввал ба Нурхоҷа Кайпанови қазоқ (4:1), баъдан бар Зелимхон Ҳоҷиев (6:5) аз Фаронса, сипас бар Вадим Тсуркан (2:0) аз Украина ғолиб шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Рассадин дар нимфинал Чермен Валиев аз Албанияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. 
Ин панҷум роҳхати варзишгарони Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж мебошад. То ин вақт дар намуди бокс Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев, Баҳодур Усмонов ва дар намуди таеквондо Мунира Абдусаломова соҳиби роҳхат гаштаанд. 
 
 
ҶУДО
Медали нуқраи Темур Раҳимов дар “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024”
Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024” сазовори медали нуқра шуд.
Мусобиқа 10-12-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки 450 варзишгар (235 мард, 215 зан) аз 84 давлат доир гашт. Ҷумҳурии моро панҷ нафар: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Шодмон Ризоев, Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ карданд.
Темур дар зӯрозмоиҳои вазни +100 кг аз даври дуюм гӯштӣ гирифта, бар намояндагони Қазоқистон, Гурҷистон ва дар нимфинал бар варзишгари Туркия ғолиб омад, вале дар финал аз паҳлавони ҷопонӣ Татсуру Саито бо як вазарӣ шикаст хӯрда, ҷойи дуюмро гирифт.
 
 
 
БОКС
7 медали варзишгарони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати бокси Осиё миёни ҷавонони 18 ва 22-сола, ки аз 25-уми апрел то 7-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, 7 медал (3 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои Конфедератсияи бокси Осиё, дар мусобиқа 397 варзишгар (130 зан ва 267 мард) аз 25 кишвари қора ширкат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 варзишгар дар ҳар ду синну сол дохил буданд.
Дар мусобиқаи ҷавонони то 18-сола Муинхоҷа Муъминов (48 кг) ва Руслан Ғафуров (63,5 кг) медали нуқра, Дамир Муйбалихонов (57 кг) медали биринҷӣ гирифтанд. Миёни ҷавонони то 22-сола бошад, варзишгарони мо Довуд Маҳкамов (-71 кг) сазовори медали нуқра, Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Абубакр Муродзода (-60 кг) ва Фотима Бегмуродова (-54 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд.
 
 
 
ВАРЗИШИ САБУК
6 медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ, ки 11-12-уми май дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон доир гашт, 6 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Дар Чемпионат дар баробари варзишгарони 5 кишвари минтақа, инчунин, намояндагони Озарбойҷон ширкат доштанд.
Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр, бо натиҷаи 10.54 сония медали тилло ва дар масофаи 200 метр, бо натиҷаи 21.53 сония медали нуқра гирифт. Ду медали дигари нуқраро Муҳаммадризо Мирзозода дар масофаи 400 метр бо монеаҳо (54.47 сония) ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр (41.89 сония) сазовор гаштанд. Муштарӣ Бобоқулова дар дискпартоӣ бо натиҷаи 40.04 метр ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехта 4х400 метр бо натиҷаи 3:35.77 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
 
 
 
ФУТБОЛ
«Истиқлол» бори дувоздаҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Равшан»-и Кӯлоб пирӯз шуд ва барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 гардид.
Бозии дастаҳо 11-уми май дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи "Истиқлол" анҷом ёфт. Голҳои тими ғолибро Рустам Соиров ва Элеке Чибуеке Блессинг заданд.
Ҳамин тариқ, «Истиқлол» дувоздаҳум бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Дастаи Душанбе қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 соҳиби Ҷом гардида буд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив