ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОЗАНДАИ ҲАЁТИ ХУД БОШЕМ, НА СӮЗАНДА!

СОЗАНДАИ ҲАЁТИ ХУД БОШЕМ, НА СӮЗАНДА!

16 май 2024, Панҷшанбе
21
0
 
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  (9-уми марти соли 2024) бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин дар байни ҷомеа ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо намуда, оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа  ва талқини шаҳрвандон ҷиҳати қадрдонӣ ба истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафти мамлакат ва амалисозии ормонҳои миллӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат, ки аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон хуб огоҳ ҳастанд, дар ибтидои мулоқот иброз доштанд, ки вазъи ноороми ҷомеа, муносибати  давлатҳои абарқудрат ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ, ҷангҳои идомадошта дар як қатор давлатҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба оянда назари нек дошта бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ расанд, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ҳифз ва афзун намоянд. Марҳалаи кунунии давлатдорӣ аз мо ҳушёриву зиракӣ, садоқат ба Ватан ва оштинопазирӣ нисбат ба падидаҳои номатлубро талаб менамояд.
Дар робита ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон, Сарвари давлат зикр намуданд, ки барои мардуми шарафманди кишвар баҳри амалӣ намудани ҳама рукнҳои дини мубини ислом аз ҷониби давлат шароиту имконияти пурра муҳайё буда, фақат аз эътиқодмандон шукргузорӣ, самимият ба Ватан, роҳ надодан ба бегонапарастӣ ва дурӣ ҷустан аз ифротгароӣ, фарҳанги бегона ва хурофотпарастиро талаб менамояд.
Давоми соҳибистиқлолии кишвар мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Иқтидори мудофиавии мамлакат афзуд, сулҳу ваҳдат таҳким, сатҳи зиндагонӣ баланд гардида, камбизоатӣ хеле коҳиш ёфт. Нуфузи сиёсии давлат афзуд. Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ гардид ва дар ин самт 5 пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи  ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт ва айни замон амалӣ гардида истодаанд.  Дар ин муддат мо анъанаҳои неки ниёгонро барқарор намудем. Идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада эҳё шуданд. Дар руҳияи эҳтиром ба суннатҳи исломӣ ҳар сол дар мавридаш идҳои Қурбон ва Рамазон таҷлил мегарданд. Мо ба бузургони миллат, аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Носири Хусрави Қабодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон арҷгузорӣ намуда, ашъори ибратбахши мутафаккирони бузурги миллати тоҷикро нашр ва ба хотири эҳтиром ба дини мубини ислом  Қуръони каримро се маротиба ба забони тоҷикӣ  чоп ва ба аҳолӣ дастрас намудем. Ба хотири тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, донистани таърихи миллат, фарҳанги бою ғании миллӣ китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва дастраси  аҳолии кишвар гардид.
Ҳамаи ин ташаббускориҳо ва рӯйдодҳои муҳим аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ғамхорӣ нисбат ба мардуми кишвар буда, аз мо - шаҳрвандон сипосмандӣ ва эҳтиром ба ин хоку сарзаминро талаб менамояд.  Ба хотири он ки 99 фоизи аҳолии кишвар пайравони дини мубини ислом ва 60 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошанд, ба арзишҳои созандаву инсонпарварона арҷ мегузорем. Инчунин, баҳри амалӣ намудани ниёзҳои исломӣ дар ҷумҳурӣ Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва Донишкадаи давлатии исломӣ фаъолият мекунанд.
Гузаштаро набояд фаромӯш кард. Мо ба ин рӯзҳои босаодат ба осонӣ ноил нашудаем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат мекашанд. Шаҳрвандони баору номуси тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, баҳри татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои раҳнамои Сарвари давлат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамаи пешрафтҳои мамлакат дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, шаҳодат аз давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Вале солҳои охир аз ҷониби диндорони каммаърифат ва бетаҳсил хурофот дар байни аҳолӣ тавсеа ёфта, аҳолии ноогоҳ асли Қуръонро ба роҳи хато раҳнамоӣ намуданд. Ҳарчанд, то ин вақт фаъолияти зиёда аз 28 гурӯҳи ифротгарои  ғайриқонунӣ манъ шудааст, боз дар дохил ва хориҷи кишвар пайравони ҳизби наҳзат, равияҳои тундгаро ва ифротӣ кам нестанд. Асосан, ба ин кор гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки дар хориҷи кишвар дастгирӣ меёбанд, ҷавонони ноогоҳ ва бетаҷрибаро ҷалб намуда, зомини ҳаёти ширини онҳо мешаванд. Ҳол он ки, мо ба ҳама дину ойинҳо назари нек дорем. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки сабабгори ҳама мушкилот, қафомондагӣ ва ҷангу ҷидолҳо тайи 1400 соли охир баҳсҳои мазҳабӣ мебошанд ва тибқи маълумот аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров давлати Сомониён, ки 124 сол мавҷудият дошт, бинобар роҳ додан ба тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ рӯ ба шикаст овард.
Ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи рушд қарор дорад. Марҳалаи амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар давоми 33 соли истиқоли мо аз 5 миллион нафар ба 10 миллион нафар расидем, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот хеле ободу зебо гардиданд. Хурсандибахш он аст, ки ҳоло 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Саҳми ҷавонон дар таъмини пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва ободонии кишвар назаррас аст.
Мутаассифона, бо ҳамин қадар пешравиҳо фазои ҷомеаи моро як гурӯҳ хоинони миллат ноором кардан мехоҳанд. Мақсади онҳо амалӣ намудани дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон, талқини урфу одатҳои бегона, тарғиби пӯшидани сатру ҳиҷоб, ҷорӣ намудани фарҳанги бегона, ба хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ ҷалб намудани қишри каммаърифати аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон буда, боиси афсӯс аст, ки аз ҷониби ҳаммилатони мо ташкил карда мешаванд. Бархе ба қадри фарҳанги  бою ғании миллӣ намерасанд. Аз ҳамин ҳисоб, ҳоло ҳам 4075 нафар гумроҳшудагони ифротгаро дар ҷустуҷӯ  қарор доранд.
Рушди ҷомеаи имрӯза аз сатҳи баланди маърифати шаҳрвандон, соҳибкорони муваффақ сахт вобастагӣ дорад. Боиси хурсандӣ аст, ки иқдомҳои неки созандагии Пешвои миллатро дар Ватани азизи мо пиру барно дастгирӣ менамоянд. Дар замони ҳозира  бояд аҳолӣ  дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад. Ҳуқуқҳои худро нағз донанд. Бо ҳамин мақсад, ба  муносибати  30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Пешвои муаззами миллат, ба соҳибкороне, ки дар ободонии маҳал, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ саҳми назаррас доранд, изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки беҳтарин амали хайр ва савоб ин садақаи ҷория, яъне иҷрои корҳои ободонӣ ва созандагӣ, дастгирии муҳтоҷон, беморон ва табақаи ниёзманди аҳолӣ мебошад. Адои ҳаҷҷи умра, ки ба мусобиқа табдил ёфтааст, танҳо як савоб буда, манфиати савоби рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бештар аст. Маъракаҳои ҳоҷиошӣ, ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат хилофи талаботи қонун ва боиси касодии буҷети оила буда, исрофкорие беш нест. Ин хурофотпарастӣ ва худнамоӣ асту халос. Дар ин бобат талаботро ба ҳисоб гирифта, ширкатҳои сайёҳии беруна  соҳиби маблағ мешаванд. Ҷойнамоз ва тасбеҳи истеҳсоли Чинро мардуми мо бештар мехаранд ва ҳамаи ин зарар ба иқтисодиёти давлат ва оила аст.
Бо ҳамин мақсад, ба хотири пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва исрофкорӣ Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки дар муддати ду моҳи оянда қонунҳои миллии “Танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро бозбинӣ намуда, барои вайронкунандагони қонун ҷазоҳои сахттар пешбинӣ карда шавад. Аз ходимони дин талаб карда шуд, ки оид ба пешгирии ин гуна падидаҳои номатлуб  дар сафи пеш бошанд.
 
Мурод ШУКУРЗОДА,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив