ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  БУНЁДИ 60 КОРГОҲИ САНОАТӢ ДАР ЯК СОЛ

ВМКБ.  БУНЁДИ 60 КОРГОҲИ САНОАТӢ ДАР ЯК СОЛ

16 май 2024, Панҷшанбе
18
0
 
Мудири шуъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Ҳабиб Чоршанбиев зимни гузориш дар машварати назоратии назди раиси вилоят вобаста ба фаъолияти корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дар чор моҳи аввали соли равон иброз дошт, ки бо назардошти эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва амалигардонии стратегияи саноатикунонии босуръати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастгирии Ҳукумати  Тоҷикистон, шарикони рушд ва соҳибкорон солҳои 2022-2023 ва чор моҳи аввали соли равон оид ба рушди соҳа тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуд. Давоми ду соли охир дар вилоят 51 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ  бо фароҳам овардани  431 ҷойи кори нав  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
 
Тайи чор моҳи аввали соли равон дар вилоят 105 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият карда,  ба маблағи 50,7 миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  9,2  миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар вилоят 5 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рӯшон корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Санободсохтмон”, коргоҳҳои хӯроквории ҶДММ “Надим ” ва  ҶДММ “Амоч”, дар ноҳияи Шуғнон коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ “Зикриллоҳ” ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Расим”,  ба истифода дода шуданд.
Тибқи нақша, имсол  бояд дар вилоят 45 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Айни замон дар 35 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. 
Гуфта шуд, ки Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест-2023”, ки бо ибтикори  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар шаҳри Хоруғ  баргузор гардид,  ба рушди саноат дар вилоят такони тоза бахшид.  Аз 34 созишномаи умумии сармоягузорӣ, ки дар Форум ба имзо расид, 14-тоаш бо маблағгузории бештар аз 1,1 миллиард сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд. 
Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки дар чор моҳи аввали соли равон 12 корхона аз фаъолият бозмонд. 
Тавре раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, дармаҷмуъ, вазифаҳое, ки дар робита ба рушди саноат то 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба миён гузошта шудаанд, марҳала ба марҳала амалӣ мегарданд. Дастовардҳое, ки дар ду соли аввали марҳалаи нави рушди вилоят дар ин соҳа ба даст омаданд, хушнудкунандаанд. 
– Дар вилоят, – зикр кард раиси вилоят, –  барои рушди соҳа захираю имкониятҳо зиёданд ва онҳоро самарабахш истифода бурдан лозим аст. Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ, мо соли равон илова ба нақшаи тасдиқгардида барои имсол дар вилоят боз 15 иншоот, аз ҷумла корхона, коргоҳҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, мавриди истифода қарор медиҳем ва таҳкурсии ин иншоотҳо, аллакай, гузошта шудааст. 
Раиси вилоят ба шахсоне, ки ба иншооти сохташавандаи саноатӣ вобаста шудаанд, супориш дод, ки  дар ҳамкорӣ  бо соҳибкорон ҷиҳати  сари вақту бо сифати баланд мавриди истифода қарор додани иншоот чораҷӯӣ намоянд. 
   
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив