ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМРОЗУ МУНИСИ МАРДУМ

ҲАМРОЗУ МУНИСИ МАРДУМ

16 май 2024, Панҷшанбе
15
0
16-уми октябри соли 1949 идораи барномаҳои бурунмарзии радиои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Тоҷикистон яке аз  нахустин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ буд, ки дар он  идораи барномаҳои бурунмарзӣ   таъсис ёфт. Ин кор бо эҳтимоми Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуд. Ин тадбир якчанд омил дошт: аввалан, чун Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарзу ҳамзабон мебошад ва роҳбарияти шуравӣ бо дарки ин матлаб мехост нуфузи кишвари худ ва сиёсати худро ба ин кишвар, ки мавриди таваҷҷуҳи мамлакатҳои Ғарб қарор гирифта буд, тақвият бахшад. Аз ҷониби дигар, ин амал метавонист барои дигаргунсозиҳои ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ дар Афғонистон мадад кунад. Сониян, муносибати Иттиҳоди Шуравӣ бо Эрон он вақт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода буд ва пахши барномаҳо барои мамлакатҳои форсизабон метавонист заминаи ҳамкориҳои тарафайнро тавсеа бахшад. Сеюм, барои тарбияи мутахассисон ва таҳияи барномаҳо барои Эрон ва Афғонистон дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ заминаи хуб ва мусоидтар фароҳам омада буд. Теъдоди зиёди муҳоҷирони сиёсии эронӣ, ки аксаран донишмандону рӯзноманигорону шахсиятҳои шинохта буданд, дар Тоҷикистон фаъолияту зиндагӣ мекарданд. Гузашта аз ин, ҳамдину ҳамзабон ва ҳамфарҳанг будани Тоҷикистон бо ин кишварҳо имкон медод, ки барои фаъолияти барномаҳои бурунмарзӣ иқдом шавад. Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров ин буд, ки садои Тоҷикистонро миллионҳо ҳамзабонони мо дар кишварҳои хориҷӣ шунида, аз рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мунтазам огаҳ гарданд.
Солҳои аввал барномаҳо ҳар рӯз ба забони тоҷикӣ (дарӣ) 15 дақиқа ва ба форсӣ 15 дақиқа - ҷамъ ним соат пахш мешуданд. Дар мавзуъҳои муҳими рӯз шарҳу тафсир, гузоришу мусоҳибаҳо пахш мешуданд. Олимони маъруф Ҳилол Каримов ва Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳайати эҷодии идора робитаи қавӣ дошта, ба ҳайси мушовир самти фаъолияти  кормандонро муайян мекарданд, забону услуби барномаҳоро таҳлил намуда, барои пурмуҳтаво шудани онҳо  маслиҳатҳои судманд медоданд. Шарқшиносони маъруфи шуравӣ Александр Болдирев, Иосиф Брагинский, Андрей Бертелс, Михаил Занд, Олга Смирнова,  Евгений Примаков ва дигарон низ бо идораи гуфторҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ кардаанд. Бо тақозои замон ҳаҷми барномаҳо афзуда, соли 1958 барномаҳои бахши дарӣ ба як соат ва форсӣ ба ним соат расиданд. 
Соли 1948 дар Тоҷикистон маҷмааи радиоӣ ташкил шуд; имкони алоқа бо марказҳои вилоят, шаҳр, ноҳияҳо муҳайё шуд, алоқаи телеграфӣ бо Маскав ва қисмати шарқии вилоятҳои ИҶШС, аз ҷумла Новосибирск ва Хабаровск  роҳандозӣ шуд. Соли 1952 дар ҳудуди истгоҳи ирсол иншооти махсус бунёд гардид. Он аз  иморати техникӣ, ки дар паҳлуи мавҷгири баландияш  125 метр сохта шуд, иборат буд. Дар болои мавҷгир таҷҳизот ва антеннаҳои самтноки гуногун барои таъини нобудсозии мавҷҳои хориҷӣ ва зарарнок ба идеологияи ИҶШС, барномаҳои зиддишуравӣ, барномаҳои радиоҳои хориҷӣ барои ҷумҳуриҳои шуравӣ насб гардиданд. Ҳамчунин, дар бинои нав 13 фиристандаи навъи КВ бо иқтидори 5 кВт бо комплекси мавҷгирҳо ба кор андохта шуданд, ки барои рушди ояндаи чунин як минбари ҷомеасоз даҳсолаҳо хизмат намуданд.
Дар замони истиқлол ва давраи гузариш радиои Тоҷикистон чун воситаи муқтадири иттилоотӣ дар бозори расонаии мамлакат нақши пешгом дорад. Солҳои аввали истиқлолияти кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Дар ин муддат  радио таҳаввулоту тағйироти зиёдеро аз сар гузаронд. Моҳҳои май-ноябри соли 1992 чун дигар сохторҳои давлатӣ радио ва телевизион ҳам ба назорати  мухолифин даромада, чун яроқи муҳими таъсиррасон ба афкори ҷомеа истифода шуданд. Муддате ҳукумат дар дохили ҳукумат буд, ки радио дар гуфторҳояш воқеиятро ба таври худ шарҳу эзоҳ дода, мардумро ба гурӯҳҳо тақсим мекард. Дар ҳамаи гуфторҳо-иттилоотӣ, сиёсиву иқтисодӣ, адабиву фарҳангӣ сиёсати Ҳукуматро бо ҳар роҳ мавриди мазаммату сарзаниш қарор дод. Барномаҳо характери сиёсиву динӣ  ва мотамӣ пайдо намуданд. Нуфузи ходимони дин афзуд ва ҳамарӯза се маротиба азони намоз тариқи радиои Тоҷикистон пахш мешуд. Радио мардумро ба ду гурӯҳ-озодихоҳу меҳанфурӯш тақсимбандӣ намуда буд. 
Баъди дигар шудани роҳбарияти Кумита оҳангу шеваи гуфторҳо тамоман тағйир хӯрд. Дар муддати кӯтоҳ авзои ҷомеа дар Тоҷикистон дигаргун шуд. Дигаргуниву таҳаввулот ба радио низ таъсир мерасонд. Барномаҳои наве, ба мисли барномаи сиёсиву адабии «Хоки Ватан» ба вуҷуд омад ва дар тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат, бародариву ба ҳам омадани тоҷикон хидмати шоистаеро ба субут расонд. Барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то моҳи декабри соли 1996, беш аз 800 маротиба садо дод.  
Дар замони истиқлол баррасии масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба самти муҳимтарини кори радио табдил ёфт. Барномаҳои калонҳаҷми «Маҳфили Шоҳномахонӣ» (221 гуфтор), «Маснавии Маънавӣ» (99 гуфтор), «Озодазодагон» (100 гуфтор), «Фарзонафарзандони ориёӣ» (14 гуфтор), силсилаи «Хонишҳои адабӣ» аз рӯи асарҳои Б. Ғафуров «Тоҷикон» (224 гуфтор), С.Айнӣ «Ёддоштҳо» (112 гуфтор) ва ашъори ватанхоҳонаи М. Турсунзода «Дар ошёни дилҳо» (30 гуфтор) барои зина ба зина тақвият ёфтани руҳияи худшиносии ҷомеа замина мегузоранд. Дар барномаҳои радиои замони истиқлол дар баррасии масоили худшиносиву худогоҳии миллӣ дидгоҳи нав ба мушоҳида мерасад ва  нақши публитсистикаи таърихӣ фаъол гардид.   
1-уми июни соли 2007 тамоми шабакаҳои радиои Тоҷикистон бо техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз гардиданд, фарогирии минтақаи пахш ба 70% расид, дар заминаи шабакаҳои «Фурӯғи Ориёно» ва  идораи барномаҳои бурунмарзӣ радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Фарҳанг» ба кор сар кард. Шабакаи аввал имрӯз бо номи радиои «Тоҷикистон» амал намуда, пурра ҷанбаи миллӣ пайдо кардааст. Соли 2009 шабакаҳои  «Садои Душанбе» ва «Овози тоҷик» ба пахши шабонарӯзӣ гузаштанд. Ҳоло миқдори шабакаҳои радиои марбут ба Кумита чортост. Онҳо дар як шабонарӯз бо ҳашт забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш намуда, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд. 
Ҳамин тавр, радиои Тоҷикистон дар тули 94 соли фаъолият ба як дастгоҳи муқтадири иттилоотии мамлакат табдил ёфта, дар он дастаи калони ходимони эҷодиву техникӣ фаъолият доранд, ки ҳамарӯза садҳо барномаҳои гуногунжанру гуногунмуҳтаворо таҳия менамоянд. Барномаҳои шабакаҳои ин расонаи миллӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа- кӯдакону наврасон, ҷавонон, олимон, аҳли адаб ва бознишастагон нигаронида шуда, аудиторияи он миллионҳо нафарро ташкил менамояд. 
 
Саидмуроди ХОҶАЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив