ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. РУШДИ ВОҚЕИИ ОН КАЙ ТАЪМИН МЕГАРДАД?

САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. РУШДИ ВОҚЕИИ ОН КАЙ ТАЪМИН МЕГАРДАД?

17 май 2024, Ҷумъа
24
0
 
Гарчанд сайёҳӣ соҳаи нав дар иқтисодиёти кишвар аст, таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа имкон дод, ки дар муддати начандон тулонӣ сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав баромада, дастовардҳои назаррасро ноил гардад. Аммо имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.
 
САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ЯКЕ АЗ НАВЪҲОИ ОЯНДАДОР, ВАЛЕ…
Сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намудҳои ояндадори сайёҳӣ арзёбӣ гашта, имкониятҳои фаровон барои пешрафти он мавҷуданд. Аммо, тавре коршиносон вобаста ба ин масъала ибрози назар доштанд, рушди сайёҳии экологӣ дар қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавии ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ пешбинӣ нашудааст. Инчунин, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани инфрасохтори сайёҳии экологӣ дар мавзеъҳои имконпазири рушд, тарҷрибаи кофӣ надоштани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар пешбурди сайёҳии экологӣ, рақобатпазир набудани хизматрасонии сайёҳии экологӣ дар кишвар  ба рушди зарурии сайёҳии экологӣ монеа эҷод мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аксари сайёҳони хориҷӣ ба хотири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ё пиёдагардии кӯҳӣ  ба кишвари мо ташриф меоранд. Бо назардошти ин ва ҷиҳати роҳандозии васеи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии экологӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23-юми декабри соли 2022 Кумитаи рушди сайёҳиро муваззаф намуданд, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Аз маълумоти пешниҳоднамудаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ки барои муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ, 27 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 20 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор шуд, вале худи чорабиниҳо ва натиҷаҳои он маълум нест. 
 
ЧӢ КОР МЕТАВОН КАРД?
Тавре коршиносони ҷаҳонӣ пешгӯӣ менамоянд, сайёҳии экологӣ яке  аз  намудҳои  зудинкишофёбандаи соҳа маҳсуб ёфта, рушди солонаи он аз 10 то 30 фоизро ташкил медиҳад. Дар Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 рушди сайёҳии экологӣ ҳамчун омили тиҷоратикунонии табиат ба манфиати ҷомеа ва дарёфти маблағҳо баҳри ҳифзу барқарорсозии сармояи табиат баррасӣ шудааст. Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки пешрафти сайёҳии экологӣ барои рушди «иқтисоди сабз» аҳамияти муҳим дорад. Барои ноил шудан ба ҳадафи ниҳоӣ дар баробари фаъолият оид ба иттилоотонӣ, ҳамзамон, таҳияи механизми самарабахши татбиқи он ва ба шакли ҷолиб пешниҳод намудани кишвар зарур дониста мешавад. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, дар ҳолати сармоягузории оқилона, рушди минбаъдаи соҳа таъмин гашта, оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим коҳиш меёбад. Дар ин раванд, коршиносон ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ, гузариш ба «нақлиёти сабз», идоракунии самараноки энергия дар меҳмонхонаҳо, истифодаи манбаъҳои алтернативии  неруи барқ ва дигар инфрасохтори соҳаи сайёҳиро тавсия медиҳанд, ки феълан амалӣ мешаванд.  
Фаридун Ҳамроев, мутахассиси соҳаи сайёҳӣ, иброз медорад, ки имкониятҳо барои рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон хеле зиёданд, зеро кӯҳсор будани сарзамин, аллакай, боиси ҷалби сайёҳон мегардад. Як арчаи кӯҳӣ то 4 километри атрофи худро тоза мекунад ва сайёҳ мехоҳад маҳз зери ҳамон арча истироҳат намояд. Бинобар ин, сайёҳон кӯҳсорро дидан мехоҳанд, вале дар баробари ин, мехоҳанд, ки аз шароитҳои беҳтар бархӯрдор шаванд. Яъне, оби тоза, оби гарм, ҷойи хобу истироҳати тозаву бароҳатро истифода баранд. Албатта, дар ин самт баъзе мушкиливу камбудиҳо бо кӯшишҳои давлату Ҳукумат бартараф шуданд, вале ин кори дастаҷамъиро талаб менамояд. Яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ин самт айни ҳол чарондани чорво дар ҳудудҳои табиӣ ва буридани ғайриқононунии дарахтон мебошад. Ин ҷо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар то соли 2040 саривақтӣ буда, мутмаин месозад, ки вазъи экологии кишвар беҳтар гашта, сайёҳии экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим нигоҳ дошта мешавад.
Чун сайёҳии экологӣ ба боздиди манотиқи табиии нисбатан ҳифзшуда нигаронда шудааст, нарасондани зарар ба муҳити ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, ташвиқу тарғиби ин ҳудудҳо, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои нигоҳдории ҷангал аз тадбирҳои муассире мебошанд, ки метавонанд дар ин самт амалӣ шаванд. Ҳамзамон, барои расидан ба рушди воқеии сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва овардани фоидаи бештар ба иқтисодиёт, пеш аз ҳама, дастгирии рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиӣ ва махсус муҳофизатшаванда, таъмини рақобатпазирии хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва муаррифии бренди миллии сайёҳии экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим дониста мешаванд.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив