ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРЗОНАФАРЗАНД

ФАРЗОНАФАРЗАНД

20 май 2024, Душанбе
10
0
Бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ, бахшида ба 113-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, таҳти унвони “Мирзо Турсунзода – чеҳраи мондагори адабу фарҳанги тоҷик” ҳамоиши адабӣ баргузор гардид. 
 
Устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик, журналистика, забонҳои Осиё ва Аврупо ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоб рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёди фазилатҳои неку мондагори шоир руҳи ӯро шод карданд. Баъдан, бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию адабӣ дар бинои асосии Донишгоҳ ҳамоиш доир гардид, ки ба 44-ум маҳфили “Турсунзодахонӣ” рост омад. 
Дар он Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳу дӯстӣ, нависандаи равшанзамир, машъалдори роҳи озодиву истиқлол, парчамбардори матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарашон “Чеҳраҳои мондагор” овардаанд: “Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мо аст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. 
 
Басона САТТОРЗОДА,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив