ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСТОНА

ОСТОНА

20 май 2024, Душанбе
11
0
Номзадии Дабири нави СҲШ баррасӣ хоҳад шуд
ТАСС. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар нишасти қарибулвуқуъ дар Остона, ки рӯзҳои 20-21-уми май баргузор мешавад, номзадии Дабири кулли нави ин Созмонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора дар паёми Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад. 
Вазирон масъалаҳои асосии вазъи кунунии СҲШ-ро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар мекунанд. 
Дар ВКХ Русия, ҳамчунин, зикр карданд, ки дар доираи барномаи сиёсати хориҷӣ мавзуи бартаридошта ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ хоҳад буд. Ҷониби  Россия меҳисобад, ки самти муҳими ҳамкориҳо дар марҳалаи кунунӣ бояд эҷоди камарбанди амниятӣ дар Авруосиё дар асоси ҳамкории зичи кишварҳои авруосиёӣ бидуни  ҳузур ва дахолати беруна бошад.
 
 
КДАМ 
Тадобири амниятӣ тақвият меёбанд
 
Sputnik.tj. Аз шаҳрвандони дохилию хориҷӣ даъват шудааст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.
Посгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандон, аз ҷумла хориҷиҳоро, ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд, - иттилоъ дод Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ хостааст, ки муқаррароти воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадиро риоя кунанд.
Таҳкими тадобири амниятӣ ба вазъияти мураккаби минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани амалиётҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, рабт дода шудааст.
 
 
Россия ва ҶХДК Оғози ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ 
 
Мир24. Роҳбари Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсия Россия Александр Козлов дар мулоқот бо Президент Владимир Путин иттилоъ дод, ки  сайёҳони Россия  ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея бори аввал пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ  ба кишварҳои ҳамдигар сафар карданд.
Ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳи бузурге аз  кишвари Приморск, вилояти Калининград ва як қатор манотиқи дигари Россия ба ҶХДК рафтанд. Вай, ҳамчунин, афзуд, ки кишварҳо ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ мекунанд.
Нахустин гурӯҳи сайёҳон аз Россия моҳи феврал ба ҶХДК сафар намуданд. Саёҳат аз тамошои Пхенян, дидан аз ҷойҳои асосии он ва истироҳат дар маркази лижаронӣ иборат буд.
 
 
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир24. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлати Қазоқистон,  Президенти мамлакат Қосим-Жомарт Токаев ба Ҳукумат дастур дод, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки аз обхезии шадид зарар дидаанд, бо манзили босифат таъмин намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки бо шаҳрвандон фаъолона ва муассир кор кунанд, сиёсати давлат ва тадбирҳои андешидашударо фаҳмонанд.
 
 
ТАСС. Бино ба гуфти муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Дмитрий Афанасйев, миёни донишгоҳҳои Русия ва Белорусия 600 созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид. 
 
 
INTERFAX.RU. "Раванди муайян кардани сарҳадҳои байни Арманистон ва Озарбойҷон идома дорад, ки мо натиҷаҳои аввалини мусбати ин равандро мебинем", – гуфт  президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев
 
 
ТАСС. Аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ дар Ғазза дастикам 198 корманди агентии кумак ва кор бо гурезаҳои фаластинии Созмони Милали Муттаҳид дар Шарқи Наздик (UNRWA) кушта шудааст. Дар ин бора комиссари генералии UNRWA Филипп Лаззарини дар нишасти матбуотӣ дар Аммон пас аз гуфтушунид бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Урдун Айман ас-Сафадӣ хабар дод.
 
 
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив