ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ ВИДОЪ БО САЙИД ИБРОҲИМ РАИСӢ

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ ВИДОЪ БО САЙИД ИБРОҲИМ РАИСӢ

23 май 2024, Панҷшанбе
7
0
 
22-юми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷиавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд. 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр –  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷиа – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ баён намуданд.
Ҳангоми изҳори ҳамдардӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз нақши  арзишманди  шодравон Сайид Иброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуданд. Зимни суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, ҳамчунин, алоқамандии ҳар ду ҷониб ба идомаи босубот ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таъкид гардид. 
Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19-уми май Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расиданд.
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив