ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТПАРВАРЕ АЗ МАКТАБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДАСТПАРВАРЕ АЗ МАКТАБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

23 май 2024, Панҷшанбе
5
0
Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем! 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Ӯ аз паси меҳмонон ба меҳр чашм дӯхту сипас, оҳиста зери лаб пичиррос зад: «Беҳтарин мукофоти амал қадрдонии мардум ба вақти бознишастагӣ будааст. Албатта, дар замони соҳибмансаб будан, шахсони корафтода барои ҳалли мушкилоташон бисёр меомаданд, аммо имрӯз баҳри дилбардориат қадам ранҷа месозанд, тамае надоранд. 
Ҳол мепурсанду мераванд». Чунин андешаҳо аз меҳвари хаёлоти Абдулмуъмин Улфатов, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2010, раиси вақти ноҳияҳои Кӯшониёну Қубодиён, ки имрӯз бар асари бемории диабети қанд ранҷур аст, мегузаштанд. Вай дар солҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба  ҳайси молшиноси заводи пахтаи хоҷагии ба номи Куйбишев фаъолият мебурд. Хислатҳои бунёдгарии Абдулмуъмин Улфатов дар  солҳои раиси хоҷагии зарардидаи ба номи Файзалӣ Саидов таъин гардиданаш, зуҳур карданд. Вай хоҷагиро аз нав сохт, хонаҳои сӯхтаро барқарор, набзи корро муътадил намуд ва дар соли аввали раисӣ нақшаи ҷамъоварии пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, тухм ва дигар нишондиҳандаҳоро сарбаландона иҷро кард. 
Хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён дар маркази ҷанги таҳмилӣ қарор дошт, дар натиҷаи кашмакашиҳо хело ҳам валангор шуд, қисме аз заминҳои корам ба хорзор мубаддал гардида, тамоми техникаю таҷҳизот ба яғмо рафтаву боқимонда аз оҳанпора фарқ надоштанд. Мутахассисон намерасиданд. Иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо аз фаъолият боз монда буданд. Аммо, бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси хоҷагӣ тавонист мутахассисону муҳандисон, сохтмончиёнро ба кор аз нав ҷалб намояд. Дар маркази хоҷагӣ устохонаи таъмири техникаи кишоварзиро фаъол кард. Бригадаи сохтмонӣ низ барои таъмиру барқарорсозии манзилҳои гурезагон, корро бо суръат идома медод. 
Дар муддати 7 соли раиси ноҳияи Кӯшониён буданаш, Абдулмуъмин Улфатов дар баробари соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон, соҳаи саноатро рушд дод, якчанд коргоҳу корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, коркарди мева ба роҳ монда шуд, дар маркази ноҳия хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, маҷмааи калони варзишӣ, қасри фарҳанг ва беморхонаи чорошёна, боғу гулгаштҳои замонавӣ барои истироҳати мардум бунёд гардиданд, роҳу кӯчаҳо асфалтпӯш шуданд, ки ин ҳама аз заҳматҳои шабонарӯзии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
Дар баробари ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, филиалҳои Коллеҷи омӯзгорӣ, Коллеҷи тиббӣ таъсис ёфтанд. Ҳамзамон, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия Гимназияи хусусӣ ва кӯдакистони ҳозиразамон  ба фаъолият шуруъ намуданд. 
Дар ҳақиқат ҳам метавон гуфт Абдулмуъмин Улфатов, ки имрӯз давлати пирӣ меронад, яке аз он дастпарварони мактаби роҳнамосози Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, зиндагиномаи ин марди фурӯтану меҳанпараст, ободгари як гӯшаи диёр, рӯзгорест баҳри ибрати ҷавонони ояндасози Тоҷикистон. 
 
Музаффар МУРОДОВ, бойгонишиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив