ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ҚАРЗ АСТ

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ҚАРЗ АСТ

23 май 2024, Панҷшанбе
26
0
Дар ҷомеаи имрӯза таълиму тарбияи дуруст, пешгирӣ аз корҳои зишту нораво, дар руҳияи ватандориву ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани фарзанд яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад. 
 
Адолат Шерализода, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар атрофи мавзуи мавриди назар чунин ибрози андеша намуд:
– Аввалан, фарзанд барои падару модар, сарфи назар аз синну сол, ҳамеша фарзанд мемонад. Бинобар ин, падару модар на танҳо дар тарбияи кӯдакон, балки фарзандони баркамоли хеш низ масъулият ба дӯш доранд. Имрӯз дарҳои ҷаҳон ба рӯи мо боз аст. Мо, ки дар шароити мураккабшавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, бархурди фарҳангҳо, воридшавӣ ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ қарор дорем, хоҳу нохоҳ ин ҷараёнҳо ба фарҳангу маънавиёти мо таъсири худро мерасонанд. Масалан, як хонанда ва ё донишҷӯ давоми рӯз 5-6 соат таҳти назорати омӯзгор қарор дорад, баъдан, волидон бояд ӯро назорат намоянд. Хонандаи мактаб ё донишҷӯ гуфта, ҳаволаашро ба муассисаҳои таҳсилотӣ нагузоранд. Синну соли фарзанд бояд назди падару модар рақаме беш набошад. Тарбияи фарзанд қарз аст. Бояд эътироф намуд, ки танҳо ба мактаб ва омӯзгор вобаста донистани таълиму тарбияи фарзандон ғалат аст. 
Воқеан, таълиму тарбияи фарзанд дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ - оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад.  Бешак, қабули чунин як қонун боис гардид, ки волидон дар тақдири ояндаи фарзанд бетаваҷҷуҳ набошанд. 
Гулнисо САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив