ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

28 май 2024, Сешанбе
10
0
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон
25-уми май дар ҷумҳуриамон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил гардид. Ба ин муносибат, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт, шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд фестивали футбол доир гашт.
Дар шаҳри Душанбе чорабинӣ бо иштироки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гашт.
Президенти ФФТ иштирокчиёнро табрик гуфта, ба кӯдакон таманно намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, ба Созмони Милали Муттаҳид барои эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Федератсияи байналмилалии футбол барои дастгирии ҳамаҷониба дар пешбурди ҳафтаи футбол дар саросари ҷаҳон изҳори сипос кард.
Собиқ нимҳимоятгари дастаи «Челси»-и Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ дар фестивал иштирок дошт.
Дар чорабинӣ, ки аз машғулиятҳои гуногуни шавқовар иборат буд, 900 нафар кӯдакону наврасон иштирок намуданд. Мақсади асосии фестивал тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардондани футбол мебошад.
Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва Ҷон Оби Микел ба иштирокчиён тӯб тақдим карданд.
 
 
ФУТЗАЛ
Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2024 бо Португалия бозӣ мекунад
26-уми май дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон маросими қуръакашии Х Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал баргузор шуд, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар се шаҳри Ӯзбекистон – Тошкент, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, шаш гурӯҳ иборат аз чордастаӣ ташкил шуд. Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо тимҳои Португалия, Марокаш ва Панама бозӣ мекунад.
Дастаҳое, ки дар марҳалаи гурӯҳӣ ҷойҳои аввал ва дуюмро мегиранд, инчунин, чор тими беҳтарини зинаи сеюми гурӯҳҳо ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Сармураббии тими миллии футзали кишвар Пайрав Воҳидов дар робита ба қуръакашӣ чунин ибрози назар кард: “Мо дар Чемпионати ҷаҳон-2024 шомили гурӯҳи душвор шудем. Бо чемпионҳои се қора бозӣ мекунем. Тими Португалия ба муаррифӣ ниёз надорад – чемпиони феълии Аврупо ва ҷаҳон мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки ба Чемпионати ҷаҳон хуб омода шавем ва бар муқобили чемпионҳо бозии шоиста нишон диҳем”.
 
 
 
ВАРЗИШИ САБУК
Медали нуқраи Илдар Аҳмадиев дар Тошкент
Узви дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар 6-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Геннадий Арзуманов дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.45 метр медали нуқра ба даст овард.
Мусобиқа бо иштироки 194 варзишгари 13 давлат дар шаҳри Тошкент доир гашт. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар дар ин мусобиқа ширкат дошт.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив