ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВОЖАҲОИ АНГЛИСӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: ВАЗЪ ВА АМАЛКАРД

ВОЖАҲОИ АНГЛИСӢ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: ВАЗЪ ВА АМАЛКАРД

31 май 2024, Ҷумъа
8
0
 
Имpӯз забони тоҷикӣ бо вазъияти комилан наве рӯ ба рӯ шудааст, ки онро, ҳатто, метавон “таҳоҷуми забонӣ” номид. Шояд дар муҳити муосири Тоҷикистон ягон соҳаи фаъолият вуҷуд надошта бошад, ки дар он вожаҳои англисӣ истифода нашуда бошанд. Масалан, дар соҳаи таҳсилот: интенсивӣ, интерактивӣ, магистратура, бакалавр, мастер-клас; сайёҳӣ: трансфер, чартер, букинг, Coral travel, Annextour; хӯрокворӣ: фудкорт, фри, чикенбургер, микс, фишбургер, маффин, капкейк, кекс; зебоӣ ва мӯд: блейдинг, макияж, стилист, лофер, сникерс, ламинатсия; синамо: мултиплекс, 3D, трек, спойлер; мусиқӣ: сингл, тор, рэп; варзиш: паркур, скейтборд, фитнес ва ғайра. 
 
Чунонки маълум аст, ҷомеа аз забон ва забон ҷудо аз ҷамъият вуҷуд дошта наметавонанд. Аммо як қисми муайяни одамон аз рӯйи касб ё нуфузашон (рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, ҳунарпешагон…) метавонанд ба омма таъсир расонанд. Истифодаи онҳо аз миқдори зиёди вожаҳои англисӣ, мутаассифона, оммаро ба омӯзиши он водор намекунад, балки боиси гумроҳии фарҳангии аҳолӣ, бахусус насли наврас, мегардад. Ин метавонад минбаъд боиси аз байн рафтани таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикӣ гардад. 
Раванди воридшавии вожаҳои англисӣ ба забони тоҷикӣ он қадар васеъ ва босуръат аст, ки метавонад ба оқибатҳои манфии бебозгашт барои забонамон оварда расонад. Пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки тамоми вожаҳои феълии англисӣ дар забони тоҷикӣ чӣ гуна реша меандозанд ё мумкин як падидаи муваққатӣ барои забонамон, ё як навъ арҷгузорӣ ба равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ бошад. Намунаҳои гуногуни корбурди вожаҳои англисиро дар контекстҳои забони тоҷикӣ омӯхта, мо дар айни замон ду вазифаи асосии вожаҳои англисиро дар забони тоҷикӣ муайян кардем.
Яке аз вазифаҳои асосии калимаҳо дар забон, пеш аз ҳама, номгузории ашё, падидаҳо ва хосиятҳои онҳост. Аввалин ва ягона, ба назари мо, вазифаи қобили қабули луғати англисӣ дар забони тоҷикӣ ифодаи номи шайъ ё мафҳуми комилан навест, ки берун аз доираи забони тоҷикӣ ба вуҷуд омадааст. Аён аст, ки бо рушди босуръати илм, техника ва технологияҳо ба ин ё он забон калимаҳои нав ворид мешаванд ва истифодаи онҳо ҷоиз аст. Масалан, солҳои 90-уми садаи ХХ пайдоиши компютер ва ба Тоҷикистон ворид шудани он дар забони мо калимаҳои зиёди ба ин навъи техника марбутро ба вуҷуд  овард: компютер, принтер, протсессор, интернет, дивиди (DVD, сиди (CD), дискет, сайт ва ғайра. Чунин вожаҳо бо зарурат ба забонамон дохил гардиданд, талаби замон ва шароит буд. Ё худ, солҳои 2017-2018 калимаҳои  биткоин (Bitcoin) (пули рақамӣ) ва криптовалюта (cryptocurrency) (асъори рақамӣ ё виртуалӣ, як воҳиди пул - coin), ки мафҳумҳои навро дар соҳаи иқтисодии ҷаҳони муосир инъикос мекунанд, пайдо гардиданд ва истифодаи ин гуна калимаҳои англисӣ дар ин ҳолат комилан мувофиқи мақсад аст.
Дар баробари вожаҳои номбаршуда, ки забони тоҷикӣ ниёз ба қабули онҳоро дорад, боз калимаҳоеро дучор меоем, ки истифодаи онҳо бе зарурат ба миён омадааст. Масалан, калимаи сайт, ки муодили тоҷикии он – сомона, кайҳо боз дар забони адабӣ мустаъмал гаштааст, имрӯз ҳам дар газетаҳо ва ҳам дар овезаю тахтаҳои тарғиботӣ истеъмоли васеъ дорад: «Дар  ин  қисмат  дар бораи  сафарномаи  интернетӣ, хабар дар интернет, блог, коммент, колонкаи  муаллифӣ, маводи  интерактивӣ,  фотолента, форум,  фейк,  чат,  мессенҷер, почтаи  электронӣ,  сайт,  китобхонаи  электронӣ  ва  дар қисмати  шабакаҳои  иҷтимоӣ ва иртибототӣ перомуни Одноклассники, … маълумот  медиҳад» (Омӯзгор №40, 10.2021).
Чунонки ба назар мерасад, вазифаи дуюми вожаҳои англисӣ дар забони тоҷикии муосир иваз кардани калимаҳое мебошад, ки онҳо кайҳо боз дар забонамон мустаъмаланд ва мафҳуму ашёи мавриди номбар қарордодаашонро пурра ифода карда метавонанд. Ин вазифа барои забон ягон маънои луғавию консептуалӣ надорад, балки ҷойи вожаҳои ноби тоҷики- (сомона)-ро иваз намуда, ба фарҳанги дохилии забон таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, истеъмоли ин қабил калимаҳо дар забони гуфтугӯйии тоҷикӣ дар айни ривоҷ ёфтан аст.
 
Ин навъ вожаҳоро дар забоншиносӣ варваризмҳо (калимаҳои барбарӣ) номидаанд. Варваризмҳоро профессор Ҳ. Маҷидов ба қабати вожаҳои услуби паст дохил намуда, аз ҷумла мегӯяд: «Ба ҷумлаи калимаҳои услуби паст, ҳамчунин, як силсила варваризмҳо (юн. вararismos аз решаи barbaros – жожгӯӣ, беҳудагӯӣ) ё ки калимаҳои ифодагари мафҳуму эҳсосоти барбарӣ низ дохил мешаванд. Калимаҳои барбарӣ, ки ба ҷумлаи калимаҳои мамнуи хориҷӣ шомил ҳастанд, аз доираи меъёрҳои забони адабӣ берун мемонанд. Истеъмоли онҳо низ дар забони адабиёти бадеӣ бо сабабҳои муайяни услубӣ воқеъ мегардад». Яъне, варваризмҳо вожаҳое ҳастанд, ки забони тоҷикӣ ба онҳо эҳтиёҷ надорад ва истифодаи онҳо, асосан, дар нутқ бо сабабҳои зерин сурат мегирад:
– надонистани забони англисӣ, аммо хоҳиши худро замонавӣ ва доно нишон додани истифодабарандагон;
– худдорӣ аз муодилҳои дар забони тоҷикӣ мавҷудбуда (контент, ресепшн, дисконт, супервайзер, фидбэк, фэйк, трансфер, лайфхак, маффин, драйв, гаджет, дивайс, кэшбэк);
– зарурати баланд бардоштани сатҳи сифат ё эътибори маҳсулоте, ки чандон маъмул нест, таваҷҷуҳ ба як мушкили маъмулии хидматрасонӣ (хайп, аутлет, сеил-хауз, шоу-рум, дисконт, сток, шуга-ринг, баттл, кастинг, диггер, инженеринг, риэлтор, барбер, аккаунт-менеджер).
Аз сабабҳои дар боло овардашуда охирон – баланд бардоштан ва тарғибу ташвиқи маҳсулоти фурӯшӣ ё соҳаи хизматрасонӣ, мавқеи назаррас дорад. Дар овезаҳо, тахтаҳои электронии тарғиботӣ, лавҳаҳои мағозаҳою марказҳои хизматрасонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе калимаҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ, ниҳоят зиёд дучор мешаванд, ки мақсади аслӣ ҷалб намудани харидорон ва корафтодагон аст. Мавриди корбурд қарор гирифтани аксари онҳо, ба назари мо, мақсаднок набуда, балки нодида гирифтани имкониятҳои забони адабии тоҷикӣ мебошад. Инак, баъзе аз онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем.
1. Dodo pizza. Додо (ба русӣ - дронт) номи парандаи парвознакунанда ва нобудшуда аст. Ватани паранда ҷазираи Маврикий дар уқёнуси Ҳинд мебошад. Додо ба оилаи кабутарҳо тааллуқ дошт ва тақрибан як метр қад ва 20 кг вазн дошт. Ғизои асосии он мева будааст ва дар рӯйи замин лона мегузоштааст. Ба питсои тоҷикӣ чӣ алоқа дорад, маълум нест. Питзои дастрас.
2. Lazina beauty – кошонаи ҳусн. Тарҷумаи тоҷикии ин таркиби англисӣ «Лазинаи зебо» аст. Бо ин ном кошонаҳои ҳусн дар Душанбе амал мекунанд ва то андозае бо ин ном мувофиқат мекунанд, аммо чаро Лола, Манижа ё ягон номи дигари зебои занонаи тоҷикӣ нею маҳз Лазина? Кӣ аст Лазина?
3. Baby town – шаҳраки кӯдакон тарҷума мешавад. Бо ин ном низ дар Душанбе мағозаҳо мавҷуданд, ки мизоҷонашон, асосан, тоҷикзабонанд ва аксари онҳо маънои навиштаҷоти ин лавҳаро намедонанд ва ҳатто, дар байни фурӯшандагони ин марказҳо пайдо мешаванд нафароне, ки таҷумаи тоҷикии «Baby town»-ро намедонанд. Ба назари инҷониб, «Шаҳраки (шаҳрчаи) кӯдакон» барои ин гуна марказҳо беҳтарин ном мебуд.
4. Device store – «фурӯшгоҳи дастгоҳ» тарҷумаи таҳтуллафзии ин таркиб аст. Бо ҳамин ном маркази хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки дар он ҷо, асосан, намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили таъмири телефонҳо, компютерҳо ва чопу нусхабардорӣ фаъолият мекунанд, инчунин, техникаи компютерӣ низ фурӯхта мешавад. 
Ба ҳамин монанд, навиштаҷоти зиёде дар маркази тоҷикони дунё – шаҳри маҳбуби тоҷикони олам Душанбе, ба назар мерасанд, ки фақат бегонапарастиро тарғиб мекунанду халос. Масалан, ба ин номҳо таваҷҷуҳ мекунем: «Fast food» – тез тайёр, «French Bakery» – қаннодии фаронсавӣ, Gentlemen fashion house – либоси мардона, Beauty center – маркази зебоӣ, Zeynab Style – Либосҳои занона, Baby shop – мағозаи кӯдакона, Impero Home, English home,  Coffee & desserts, Southern fried chicken, Green Salads, Perfume Boutique, Coffee Moose, Barber shop, Mom&Kids, The Barber house, Burger chili, Relax, Beauty studio, Sou So, City style, Gulya Gold, Energy drink, Cake house, The frame, Wines & spirts ва амсоли инҳо.
Хулоса, дуруст аст, ки раванди иқтибосгирии вожаҳои хориҷӣ дар рушди ҳар забон як падидаи табиист. Имрӯз дар дунё забоне вуҷуд надорад, ки таркиби луғавии он вожаҳои хориҷиро дар бар нагирифта бошад. Ҳанӯз дар бораи ҳамаи вожаҳои англисӣ, ки тасодуфан ё ғайритасодуфӣ дар матнҳои тоҷикӣ истифода мешаванд, пажӯҳиши ҷиддӣ сурат нагирифтааст ва мақоми иқтибоси луғавии англисӣ то ҳол мушаххас нашудааст. Раванди иқтибосгирӣ аз забони англисӣ ҳанӯз аз лиҳози тағйироти лексикӣ ва грамматикӣ вақт ва саъю кӯшиши бештарро талаб мекунад. Аммо таъсири фарҳанги ғарбӣ, махсусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба ҷомеаи муосири Тоҷикистон тавассути интернет, санъати кино, мусиқӣ ва пайдо шудани миқдори зиёди вожаҳои англисӣ дар ВАО-и тоҷикзабон ба инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ метавонад таъсири манфӣ дошта бошад. 
Аз ин рӯ, моро мебояд тамоми кӯшишу саъйи худро  ба тозаву озода нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа равона созем. Дар ин раванд, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд номгузории фурӯшгоҳҳо, мағозаю тарабхонаҳо, меҳмонхонаву марказҳои зебоӣ ва дигар муассисаҳои хусусиро таҳти назорати пайваста қарор диҳад, ки номгузорӣ бо забони ноби тоҷикӣ сурат гирад, то ба забони миллат, ки ҳастии миллат аст, халале нарасад.
 
Эраҷ ҚУРБОНОВ, докторанти (PhD), факултети филологияи ДМТ
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив