ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САБОҲАТ РАҲИМЗОДА: “МАН ЗЕБОИПАРАСТАМ!”

САБОҲАТ РАҲИМЗОДА: “МАН ЗЕБОИПАРАСТАМ!”

31 май 2024, Ҷумъа
23
0
 
Мусаллам аст, ки инсон аз роҳи саъю кӯшиш ва заҳмати пайваста  метавонад корҳои бузургеро ба сомон расонад, зиндагии худу дигаронро беҳтар намуда, ба пешрафти ҷомеа нафъ бахшад. Сабоҳат Раҳимзода аз зумраи чунин афродест, ки тули ҳаёти пурсамараш бо фаъолияти кории гуногунсамти худ, ҷидду ҷаҳд ва иродаи қавиаш дар рушду нумӯи Ватани азизамон хизматҳои босазое кардааст. Зиндагиномаю  умри бобаракат, корҳои анҷомдодааш намунаи ибрату пайравӣ ва нишонаи олии хидмат ба мардум аст.
Сабоҳат Раҳимзода моҳи майи соли 1944 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, хатмкардаи собиқ Университети давлатии Тоҷикистон  ба номи В.И. Ленин, Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Иттифоқи  Советӣ дар шаҳри Москва ва аспирантураи ғоибонаи шаҳри Душанбе мебошад. Номзади илмҳои таърих. 
Ӯ ҳамчун яке аз ходимони маъруфи сиёсӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ  зиёда аз 63 соли фаъолияти корӣ дорад, ки шоистаи таҳсин аст, зеро дар ҷараёни ин солҳо ҳамеша вазифаҳои баланду пурмасъулиятро ба уҳда дошт. Аз ҷумла, 48 сол дар корҳои роҳбарикунандаи  комсомолӣ,  ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ адои вазифа намуда,  то ҳол  роҳбарии ду ташкилоти ҷамъиятиро ба зимма дорад.  
Заҳмати ҳақиқӣ дар ҳамаи давру замон подоши воқеии худро мегирад. Ин аст, ки қаҳрамони мо низ бо фаъолияти чашмрас дар ҷомеа мавқеи худро сазовор гашт. Яъне, ӯ дар ин давра то ба ҳайси  муовини  раиси Комиҷроияи депутатҳои халқии вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон),  мудири шуъбаи муассисаҳои иҷтимоӣ-мадании раёсати маъмурияти Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон,  муовини  мудири шуъбаи тараққиёти илмӣ-техникӣ ва рушди иҷтимоии раёсати маъмурияти Шурои Вазирони РСС Тоҷикистон, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҳифзи оила, модару кӯдаки  Девони Вазирони РСС Тоҷикистон ва муовини вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.  
Даврони душвортарини кишвар – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бесарусомониҳои мардуми ваҳшатзада, гурезагони сарсон,  ки бисёрии онҳо занони бесаробону бесарпаноҳ ва кӯдакон буданд, Сабоҳат Раҳимзодаро бетараф нагузошт. Ӯ бо мақсади  дастгирии муҳтоҷон  соли 1992 гурӯҳи бонувон “Кадбону”-ро ташкил кард ва сарварии онро ба уҳда гирифт. Дар ин давраи сангин ба гурезагон дасти ёрӣ дароз намуда, онҳоро бо ҷои зист, либосу хӯрока таъмин мекард, донишу касб омӯзонда, ба соҳибкорӣ ҷалб менамуд. Соли 1999 ин гурӯҳро ба ташкилоти ҷамъиятию эҳсонкоронаи  Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону»  мубаддал кард. Инчунин, соли 2008 бо ташаббуси ӯ  Иттифоқи занони россиягии ҳамватанони Тоҷикистон таъсис ёфт. Айни ҳол ин ду ташкилоти ҷамъиятиро роҳбарӣ дорад. 
– Вақт қиматтарин ганҷ аст. Ман ҳамеша мекӯшидам, ки вақту қувваро беҳуда сарф накунам, то ҳол низ аз ҳар як дақиқаю соат сарфакорона истифода мебарам. Зеро дар ҳаёт ва фаъолияти инсон  дастёб шудан ба комёбиҳои дилхоҳ танҳо дар ҳамон сурат рӯй медиҳанд, ки агар инсон ба қадру қимати вақт расад. Одобу ахлоқи неки инсонӣ низ, ки асоси тарзи ҳаёти солимро ташкил медиҳад, дар ин росто нақши муҳим дорад. Инчунин, мехоҳам як нуктаи дигарро махсус зикр намоям, ки ман дар зиндагӣ зебоипарастам, зебоиро дӯст медорам. Пайваста кӯшиш мекунам, ки ҳар як лаҳзаи умрро хушу хотирмон гузаронам, – мегӯяд қаҳрамони мо.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.05.2024 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив