ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТ 

ХАТЛОН. САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТ 

10 июн 2024, Душанбе
6
0


Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва раванди созандагиҳо ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.
Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳӣ карда, аз якчанд ноҳияи вилояти Хатлон дидан намуданд.
Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷараёни корҳои сохтмонии  хатти обҳои зеризаминӣ ва рафъи обҳои партоб (канализатсия) шинос  шуд.  Иттилоъ  доданд, ки сохтмони хатти обҳои зеризаминӣ ва рафъи обҳои партоб  дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули муосири меъморӣ  сохта мешавад. Айни замон дар марҳалаи якум корҳои лӯлахобонӣ ба анҷом расида, асфалтпӯш намудани мавзеъҳои кандашуда идома дорад.
Инчунин, дар шаҳраки Ҳулбук   4,6 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардиданд.
Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон   дар деҳаи Шобикаи ноҳияи Восеъ аз ҷамъоварии ҳосили пиёз, ғалладона ва кишти такрории пахта дар хоҷагии деҳқонии “Илҳом” боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур ҳосилнокии пиёз аз ҳар гектар  523 сентнерро ташкил медиҳад. Сарвазири мамлакат бо деҳқонон суҳбат намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо  баҳои баланд дод.
Қоҳир Расулзода ва  Давлаталӣ Саид дар деҳаи Кӯчабоғи деҳоти ба номи Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ огоҳ гардиданд. 
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Золи Зари деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор аз пойгоҳҳои обкашии Уртабуз-4 боздид намуданд. Пойгоҳи обкашии №4 дар мавзеи Уртабузи  деҳоти Гулшан ҷойгир аст ва лӯлаҳои шишагию пластикӣ, ки дар мавзеи сеюми пойгоҳҳои обкашӣ пайваст шудаанд, бинобар сабаби фарсуда шуданашон аз соли 2008  фаъолият намекунанд. Сарвазири мамлакат ба масъулон ҷиҳати тезтар таъмиру навсозии пойгоҳи обкашӣ дастуру супоришҳо дод.
Сарвазири кишвар ва раиси вилояти Хатлон  дар   деҳаи Дарқади деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор бинои иловагии МТМУ №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави МТМУ №30 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди бинои нав анбор барои гармидиҳӣ аз тарафи пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» сохта шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишӣ идома доранд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо омӯзгорону хонандагон суҳбат ороста, аз ҷумла гуфт: “Чунин шароит хонандагонро вазифадор менамояд, ки таҳсилро хуб идома дода, забонҳои хориҷиро омӯзанд. Инчунин, омӯзгорон бояд насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, илмомӯзӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд”. 
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода, Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз минтақаи хавфноки соҳили рости дарёи Панҷ дар ноҳияи Фархор боздид намуданд. Дар мавзеи осебпазир корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд. Сарвазири мамлакат ба масъулон дастур дод, ки ҳарчи зудтар бояд хатарро бартараф кард, то мардум дар фазои сулҳу амният ба кор машғул шавад.
Қоҳир Расулзода ва  Давлаталӣ Саид дар деҳаи Файзободи деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ шинос шуданд. Бино иловатан ба нақшаи чорабиниҳо аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Азиз Азизов бо маблағи 7 миллион сомонӣ сохта мешавад. Масоҳати умумии бино 500 метри мураббаъро ташкил дода, аз ду ошёна иборат аст. Баъди пурра ба истифода додани иншоот 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо муҳим шумурда, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив