ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. ОЁ ЛАГЕРҲО БА МАВСИМ ОМОДААНД?

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. ОЁ ЛАГЕРҲО БА МАВСИМ ОМОДААНД?

11 июн 2024, Сешанбе
36
0
 
Истироҳатгоҳи вилоятии солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон", ки  дар мавзеи сабзу хуррам ва дилрабои Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов доман густурдааст, аввалин шуда 300 нафар наврасро аз гӯшаву канори гуногуни мамлакат  ҷиҳати фароғат ва таътили хуб ба оғӯш гирифт.  Ба хотири рангину хотирмон ҷараён гирифтани рӯзҳои таътил дар ин минтақаи ободу хуррам ва обу ҳавои мусоиду оби ширини чашмасори диёр тамоми шароитҳоро,  шуруъ  аз бозиҳои гуногун, маҳфилҳо, сайру саёҳат, вохӯриву мулоқот то ғизои болаззат муҳайё кардаанд. 
 
– Рӯзҳои дар лагер будан барои истироҳаткунандагони наврас олами афсонавӣ, дунёи ҷаззобу рангин, фараҳбахш ва аз хотир фаромӯшнашванда мебошанд, – мегӯяд Дилбарҷон Бобоева, директори КВД истироҳатгоҳи вилоятии солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. – Мафҳуми лагерро мактабиён бо ҳамин мазмун мефаҳманду  афсонавӣ будани  онро тасаввур мекунанд.
 То имрӯз дар ҷумҳурии мо намудҳои гуногуни лагер: наздимактабӣ, беруназшаҳрӣ, истироҳатӣ-солимгардонӣ, варзишӣ ва беҳдоштӣ фаъолият мекунанд.  Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки  мактабиён ва наврасон аз ҳама бештар лагери беруназшаҳриро мепазиранд.
Ҳоло дар қаламрави вилояти Суғд 15 лагери беруназшаҳрӣ, аз қабили “Шоҳин”-и Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Парасту”-и шаҳри Конибодом, “Гагарин”-и шаҳри Исфара, “Сиёвуш”-и ноҳияи Мастчоҳ амал карда, дар ин рӯзҳо зиёда аз 2,7 ҳазор нафар мактабиёну наврасонро ба оғӯши худ гирифтаанд. Ин рӯзҳо авҷи фаъолияти лагерҳо буда, истироҳаткунандагон – бачагони синну солашон гуногун, аз ҳамаи гӯшаву канори кишвар дар мавзеъҳои гуногуни зебову ҷолиб бо табиати афсонавию сарсабзу хуррам таътили худро рангину шавқовар, бо таассуроти ширину гуворо ва зебову  наҷиб мегузаронанд, ки ин ҳолатро аснои суҳбат бо фароғаткунандагон дар лагери  “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, ки бино ба мушоҳидаҳои коршиносони соҳаи маорифу иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз лиҳози ташкилу созмондиҳии фароғати бачаҳо, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳияшудаашон миёни дигар лагерҳо яке аз беҳтаринҳост, ба хубӣ пай бурдем.
– Бо назардошти он ки, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳияшудаи лагери мо ба мактабиён  солҳои қаблӣ писанд омаданд, дар мавсими имсола теъдоди хоҳишмандони ба ин ҷо меомада зиёданд,– мегӯяд Дилбар Бобоева. – Имрӯз шумо метавонед  истироҳаткунандагони наврасро аз Бадахшону Хатлону, Бохтару Суғд, шаҳри Душанбе  вохӯреду оид ба сифати хизматрасонӣ, шароитҳои муҳайёшуда пурсон шавед.  Ҳар мавзуи баргузидаи мо  дар шакли бозӣ доир гашта, тамоми бачаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Хусусан, ба наврасон нақлҳо аз таърихи шаҳрҳо, табиати кишвар ва бузургони миллат хеле писанд меояд. 
 Ба мактабиёну наврасони вилоят гузарондани таътили тобистона дар лагери “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” хеле писанд аст. Он дорои табиати зебову ҳавои тоза ва оби мусаффо, салқину фараҳбахш ва роҳатафзо бо анбӯҳи дарахтони гуногуни сояафкану  гулу буттаҳои ороишӣ мебошад .
Теъдоди хоҳишмандон ҷиҳати фароғат дар лагери мо ин мавсим боз афзудааст, – илова мекунад Дилбарҷон Бобоева, – ки ин бе сабаб нест,  чунки нахуст нархи роҳхат дастрас; дувум истироҳату со-лимгардонӣ дар ин табиати зебо ба саломатии наврасон хеле муфид аст; сабаби дигараш барномаи истироҳат ва маҳфилҳои гуногуну рангин мебошад. Мо барояшон як муҳити зебову созгори аз лиҳози истироҳату бозиву ғизо  муҳайё кардаем, ки ба омадагон қобили қабул буда, мехоҳанд боз соли дигар маҳз фароғати худро дар ҳамин ҷо гузаронанд.
Тавре ба мо аз  федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, интизор меравад, ки  мавсими имсола   лагерҳои дар қаламрави вилоят буда, зиёда аз 75 ҳазор нафар хонандагону наврасонро аз ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ фаро хоҳанд гирифт.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.06.2024 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив