ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Пешниҳоди асарҳои Пешвои миллат дар шакли электронӣ 

Пешниҳоди асарҳои Пешвои миллат дар шакли электронӣ 

19 июн 2024, Чоршанбе
27
0
Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли электронӣ дар истифодаи умум қарор дод.
Аз Китобхона ба мо иттилоъ доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» тасмим гирифтаанд, то  кулли асарҳои Пешвои миллат ва осори дар бораашон интишорёфтаро дар шакли электронӣ манзури иштирокчиёни Озмун намоянд. Дар маҷмуъ, асарҳои рақамишуда 113-торо ташкил дода, 70-тоаш ба забони тоҷикӣ, 28-то ба русӣ  ва 15 нусхаи дигар ба забонҳои хориҷӣ мебошанд.
 
 
Вохӯрии вазири адлия бо сокинону фаъолони шаҳри Бохтар 
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мулоқоти вазири адлия Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳр доир шуд. 
Тавре ба мо дар МИҲД-и шаҳри Бохтар тавзеҳ доданд, вазир зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим ва калидист. Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ ҳар шаҳрванд бояд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшро хуб ва дар сатҳи зарурӣ донад ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода барад. 
 
 
Мулоқоти вазири фарҳанг бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия 
Аз Вазорати фарҳанг ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки мулоқоти судманди вазир Матлубахон Сатториён бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Россия Михаил Швидкой баргузор гашт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардида, баргузории як қатор чорабиниҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг пешниҳод ва масъалагузорӣ шуданд.
 
 
Дар Душанбе боз як ширкати мусофиркашонӣ ба фаъолият оғоз намуд
Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт боз як ширкати мусофиркашонӣ – «Эко таксӣ» ба фаъолият шуруъ кард.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки ширкат ба ин мақсад 400 электромобили муосир ворид намудааст. 
Айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати мусофиркашонии таксӣ фаъолият менамояд, ки 4350 нақлиёти кироякаш дорад. То 6-уми июни соли ҷорӣ аз ин теъдод 2451-тои онро электромобил ташкил медод.
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив