ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ КИШВАРИ ПЕШТОЗ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБУ ИҚЛИМИ САЙЁРА

ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ КИШВАРИ ПЕШТОЗ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБУ ИҚЛИМИ САЙЁРА

25 июн 2024, Сешанбе
31
0
 
Тибқи сарчашмаҳо, яке аз масоили умдаи об истифодаи захираҳои он ва обёрикунонӣ аст, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба таври дақиқу дуруст танзиму тақсимбандӣ намешаванд. Аз ин рӯ, мардуми сайёра аз норасоии об ба мушкилот дучор мегарданд. Қадри ин неъмати бебаҳоро Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт шинохт ва ба ҷаҳониён расонд, то ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоянд.
 
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаву саривақтии худ зери роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу экологии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ намуд. Роҳбари давлат дар ин маврид чунин зикр карданд: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз зиёда аз 70 дарсади одамони сайёра обро барои обёрӣ намудани замин истифода мебаранд. Аз соли 1950 нишондиҳанда афзудааст. Мушкили дигари асосӣ шӯршавии заминҳост, ки тавассути обёрӣ намудани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор мегирад ва ҳосилнокии онро кам мекунад. Ҳамин тариқ, тибқи сарчашмаҳо, то ба имрӯз  аз набуду норасоии об сеяки аҳолии сайёра танқисӣ мекашад. 
Маврид ба зикр аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 20-21-уми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар сессияҳои алоҳида паҳлуҳои гуногуни мушкилоти вобаста ба об, аз ҷумла «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 
Об ва нақши он дар ҳаёти башар аз масоили муҳим арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон пайваста дар семинарҳои минтақавиву фароминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, баррасӣ мегардад. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 24-26-уми апрели 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург  (Grand Asia), воқеъ дар шаҳри Сиялкути  вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири шаҳири  Шарқ Муҳаммад  Иқбол  мебошад,  Конфронси  байналмилалӣ  бахшида  ба  тағйирёбии  иқлим  баргузор  гардид,  ки  дар  асоси таъкидҳои  пайвастаи  Президенти  кишвар  дар  масоили  мубрами обу экология сурат гирифт. Дар   Конфронс роҳбарони институтҳои ҳавошиносӣ, пажӯҳишгоҳҳои самти  обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлиму обу энергетика аз  кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва «энергияи сабз», профессорон, донишҷӯён ва ВАО-и дохилию хориҷӣ иштирок  намуда, ибрози андеша карданд.
Дар зимн,  рӯзҳои 25-26-уми апрели 2024 бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои вобаста ба таҳлилу мониторинги ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои амнияти об, инчунин, таҳия ва пешбурди механизму воситаҳои  хубу ҳавасмандгардонии ин раванд баррасӣ гардиданд. 
Ин ҷо бояд ишора кард, ки ба мисли дигар кишварҳои ҷаҳон Осиёи Марказӣ  низ зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор дорад ва дар сурати пайдо накардани роҳу воситаи пешгирии он натиҷаи манфӣ ба бор хоҳад овард. 
 Бояд тазаккур дод, ки аз 10 то 13-уми июни соли 2024 дар шаҳри  Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд. Ҳадафи Конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин, таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад. 
Хулоса, Маҷмаи умумии СММ панҷ ташаббуси  Президенти Тоҷикистонро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ кард, ки ташаббусҳои  бисёр муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мешаванд. Кишварҳои ҷаҳон аз пешниҳоду ибтикороти Президенти Тоҷикистон хушбин буда, бо гузарондани форуму ҷаласаҳо  талош мекунанд, то масоили мубрами обу иқлимро муштаракона баррасӣ намоянд. Тоҷикистон ва сокинони сулҳхоҳи  он шукрона мекунанд, ки дар кишварашон ин муъҷизаи нодир фаровон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки ба ҳифзу  сарсабзу хуррамсозии кишвар саҳм гузошта, пайваста онро озоду орому обод нигоҳ дорад.
 
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив