ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ. СОҲАИ МЕҲВАРӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

МАОРИФ. СОҲАИ МЕҲВАРӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

25 июн 2024, Сешанбе
17
0
Паёмат сарнавишти роҳи фардост,
Паёмат номуси имрӯзу фардост.
Охири соли гузашта мо шоҳиди бузургтарину муҳимтарин рӯйдод – ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ будем. Паёме, ки роҳнамои фардои ҷомеаи мо буда, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро ба сӯйи комёбиву дастовардҳои беназир ҳидоят менамояд.
Паём таҳлили фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар як сол зери ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро хурду калон, марду зан, коргару роҳбар пайваста кӯшиш менамоянд, то аз дастовардҳои солонаи кишвари азизамон бохабар бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, дар баробари дигар соҳаҳо, чун ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити омӯзгорон ва таҳсили донишомӯзон суханони самимиву ибратбахш, пешниҳодоти муҳим ва дастурҳои судманду созанда доданд.
Тавре Роҳбари давлат дар Паём зикр карданд, соли 2017 дар низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда бошад, пас, дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расид. Тибқи дурнамо то соли 2025-ум 2,7 миллион нафар ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ки зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Тавре аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, аз 1-уми июли соли 2024 музди меҳнати кормандони буҷавӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ба андозаи 40 дарсад зиёд мешавад. Чунин дастгирӣ масъулияти ҳар яки моро бештар намуда, водор месозад, ки барои рушди соҳаи маориф ва дастгириву тарбияи насли ояндасози миллат – наврасону ҷавонон бештару беҳтар саҳм гузорему шогирдонро дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намоем.
Хидматҳои Президенти кишвар дар соҳаи маориф аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёд буда, дар ин раддабандӣ мамлакати мо миёни 183 кишвар ҷойи 21-умро ишғол намуд. Ин омор натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дастгириву иқдомоти беназиру таърихии Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Инчунин, Пешвои муаззами миллат зикр карданд: “Мо чи қадар маблағе, ки лозим бошад, ба соҳаи илм равона мекунем”.
Ҳамасола бунёди садҳо муассисаи замонавӣ ва баргузории мулоқоти Сарвари кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён нишонаи арҷгузорӣ, эътимод ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳиму тақдирсози ҷомеа мебошад.
Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун машъали фурӯзоне барои ҳар кадоми мост, то ба сӯйи фардои дурахшон устуворона қадам гузошта, саҳми хешро дар рушд ва муаррифии Ватани маҳбубамон гузорем. 
Мо – маорифчиён паёмҳои солонаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кори хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем.
 
Тоҳир ОДИЛОВ, 
декани факултети кори ҳамширагии Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 25.06.2024 №: 121
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив