ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТИ ОЗОДМАНИШ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛАТИ ОЗОДМАНИШ

26 июн 2024, Чоршанбе
36
0

 
Таърихи куҳан, тамаддуни ориёинажод ва қудрату неруи сухани оламгири миллати фарҳангсолори тоҷик аз пушти қарнҳо бо диди тозаву рӯйнамоиҳои ҷадид дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳуру эҳёи давраи нави тоҷикон гашт. Бале, азхудгузаштанҳо барои пойдории шарафу ваҳдат ва суботи ин миллати куҳанбунёд дар симои Президенти маҳбуби мо Сарвари асилро парварид. Тоҷикон ба шарофати ин Пешвои раиятпарвар ба умқи ошноӣ ба решаҳои таърихиву фарҳангӣ ба давраи нави эҳёи худшиносӣ расиданд. Донишу заковат ва фазилату дурандешӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар як муддати кӯтоҳ ба шахсияти миллӣ табдил дод, ки ҳифзи ном ва шуҳрату нуфузи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон аз вазифаҳои аввалӣ ва меҳварии сиёсати созандаашон ба шумор мерафт.
Таърих гувоҳ аст, ки бо гузашти солҳо ва дар натиҷаи ноил гаштан ба дастовардҳои миллӣ дар замони истиқлол, руҳи миллии давлати тоҷикон пурҷило гашт, ки дар саҳифаҳои рангини таърихи давлатдории навин ҳар як иқдоми бузурги дар ин самт анҷомдодаи Пешвои миллат бо хатти заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии хеш ба ҷаҳониён нишон доданд, ки қудрати давлати миллиро танҳо тавассути амнияту ваҳдати пойдор метавон ба даст овард. Дастури давлатдории тоҷиконро имрӯз қариб тамоми давлатҳои дӯсту бародару ҳамҷавори мо ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ пайравиву эътироф менамоянд. Яъне, сарҷамъӣ ва иттиҳоду дӯстӣ аз муҳимтарин фасли оинномаи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ана ҳамин арзиш нақши калидиро дар пешрафту шукуфоии Ватани биҳиштии мо иҷро кард. Вақте аз давлати миллӣ ва аз фарҳангу тамаддуни беш аз ҳазорсолаи хеш ёд меорем, зеҳни мо бояд ҳамеша банди он бошад, ки ин давлат худ аз худ бино нашуда ва ба осонӣ ба даст наомадааст. Худованд барои наҷоти ин миллати дар вартаи нестӣ қарордошта, шахсеро ато намуд, ки тавонистанд бо неруи хирад тамоми мардуми Тоҷикистонро сарҷамъ ва хатҳои бунёдиро аз давлати навини тоҷик дар харитаи ҷаҳон бо ҷоннисорӣ сабт намоянд. 
Дар ҷаҳон кам шахсиятҳои таърихиро вохӯрдан мумкин аст, ки бо пиндору гуфтор ва рафтори созанда тавониста бошанд мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ поянда созанд. Агар мо аз даричаи тафаккури миллӣ ба ин масъала назар афканем, дар мавриди чунин инсонҳо танҳо аз мавқеи шахсони “худодод” сухан дар миён меорем. Аслан, инсон бо иродаи хеш ҳамон вақт мувофиқ мешавад, ки неруи азалии онро пай мебарад ва, албатта, ин неру сарчашма аз домони Худованд мегирад ва сарчашмаи тасмимҳои бузург дар ҳар коре мегардад. Яъне агар вазъияти ба сари қудрат омадани Президенти маҳбуби моро аз ин зовия назар кунем, ҳамон ҳукмро мегирад. Ин сиёсатмадори барҷаста шахсияте ба шумор мераванд, ки Худованд сарвариашонро барои ин халқ салоҳ донист ва дар вазъе, ки ҳалли низоъ ва муноқишаҳои сиёсӣ имконнопазир буданд, эшонро дармонбахши руҳу равони ин миллати дар гумроҳӣ афтода фармуд. Неруи хирад ва қувваи иродат ба Сарвари худододи тоҷикон даст дод, то тамоми сарҳадҳои пуршикасту ҳавлнок ва тоқатфарсоро убур намоянд ва номи бошарафи тоҷикро дар уфуқи тобон дарҷ кунанд. Барои анҷоми ин кор иродати як шахси одӣ кифоят намекард, чунки Тоҷикистон дар ҳамон шабу рӯз мисли бурузи фарҳангҳои зиёд дар арсаи ҷаҳони муосир буд, ки ҷобаҷогузории онҳо кори бисёр заҳматталаб, ҳатто номумкин буд.
Президенти мамлакат дар назди худ якчанд ҳадафи олиро қарор дода буданд: Аввал решакан кардани шохаҳои кинаву адоват аз дили мардум; дувум, байрақи истиқрори сулҳро барои ҳамешагӣ дар миёни тоҷикон барафрохтан; сеюм, охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан баргардондан; чаҳорум, барои суботи мамлакат ҷонро дареғ надоштан ва минбаъд дар Ватани азизамон ба сар бурдан. Бо гузашти солҳо мебинем, ки тамоми ҳадафҳои олии Сарвари тоҷикони ҷаҳон ҷомаи мақсуд пӯшидаанд ва мо дар давраи нави эҳёи давлатдорӣ ба дастовардҳое ноил гардидем, ки ҳатто баъзеаш дар дидаи бедори таърих хоберо мемонд, ки ормони ҳамешагии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд. 
Инак, мо дар давроне қарор дорем, ки таҳаввулоти фикриву техникии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, то ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон, барои дифои арзишҳои милливу фарҳангӣ соҳибтахассус гардида, дар рушди бемайлони соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳми хешро гузоранд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, имтиёзҳои дониш андӯхтан, соҳибилм гардидан, ихтисосманд шудан ва ниҳоят донистани ҳуқуқҳои шаҳрвандии хешро фароҳам овардаанд. Тибқи ин имтиёзҳо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад, ки дониш андӯзад, соҳибихтисос шавад ва дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми хешро гузорад. Гузашта аз ин, ҳатто, барои ҳимояву ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш соли 2024 аз ҷониби Сарвари давлат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. 
Яъне  аз  ибтидо,  ҳадафи  ягонаи Пешвои миллат аз он иборат буд, ки сарзамини аҷдодии худ – Тоҷикистонро ба рушди устувор расонанд ва имрӯз самараи ин талошҳо дар рушди бонизоми самтҳои гуногуни ҷомеа ба пуррагӣ мушоҳида мешавад. Аз ин бармеояд, ки тамоми имконоти моддиву маънавии миллии мо бо неруи ваҳдату ягонагӣ қудратманд мегардад. Имрӯз беш аз ҳар вақте миллати тоҷик ба ин ҳамбастагӣ ниёз дорад ва мо – шаҳрвандон вазифадорем, ки барои фардои дурахшони Ватану миллат дар атрофи Пешвои миллат муттаҳидтар бошем, барои дифои ҳар зарра хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем. 
Аминҷон АМЛОЕВ, 
дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДСРТ

Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив