ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ. ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

МУРҒОБ. ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

26 июн 2024, Чоршанбе
19
0
Дар остонаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” доир ба нақши ваҳдати миллӣ дар ҳаёти сокинони ин минтақаи дурдасттарини кишвар ибрози назар кард:
– Сулҳу субот, амнияти комил ва ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи бебаҳои таърих насиби мардуми кишвари азизамон гардиданд, барои сокинони ноҳияи Мурғоб низ шароити созгори рушд ва кору зиндагӣ дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамзистии осоиштаро фароҳам сохтанд. Сокинони ноҳияи дурдасти кишвар самараи ваҳдату истиқлол ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлатро дар ҳаёти рӯзмарраашон эҳсос мекунанд ва қадр менамоянд. Биноҳои наву зебои замонавии маъмурӣ, бонкҳо, муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ ба симои марказ ва деҳоти ноҳия ҳусни дигар зам мекунанд. Бо сохта ба истифода дода шудани Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” ва нахустин неругоҳи офтобӣ дар ноҳия аҳли шаҳраки Мурғоб ва деҳоти гирду атрофи он ба неруи барқ дастрасии доимӣ пайдо намуданд. Бо ибтикор ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаргоҳи байналмилалии миёнмарзии Кулма – Қароқурум, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад, ба истифода дода шуда, ноҳияи Мурғобро ба минтақаи транзитӣ табдил дод. 
Ширкати фаъолонаи сокинони ноҳия дар масоили ба истифода додани чоҳҳои об, тозагии маҳал, таъмири роҳҳо, макотиб, чароғонкунии кӯчаҳои шаҳрак ва деҳот, анъанаи дар рӯзи аввали сафарбарӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намудани нақшаи даъват ва дигар амалҳои хайру созанда баёнгари ҳисси баланди ватандӯстии сокинони ноҳия ва ҷонибдориашон аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 
Дар баробари ободонии бесобиқа, солҳои охир дар ноҳия кабудизоркунӣ вусъати тоза пайдо кард. Бо супориши Сарвари давлат соли гузашта, бори нахуст дар таърихи Мурғоб, дар даромадгоҳи маркази ноҳия бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғоз ёфта, бо саъйи сокинон ва кормандони идораву муассисаҳо дар он ҳудуди 10 ҳазор бех дарахти бед, буттаи ангату хоргул ва сафедору настаран шинонда шуд. Имсол дар ноҳия ин иқдоми нек идома ёфта, бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовинони раис, як гурӯҳ кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар маркази ноҳия дастаҷамъона боғи нави интенсивӣ иборат аз хучу ангат, қоти сиёҳ ва сурх, беду сафедор бунёд гардид. 
Сокинони ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд. Маҳз ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои хастагинопазири Сарвари муаззами миллат ба даст омад, ба пешрафти ноҳия, бо тамоми маънояш, роҳи васеъ кушод. Кушода шудани шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, ки ноҳияро дар масири бештар аз 200 км убур мекунад, барои рушди сайёҳӣ дар ноҳия мусоидат намуд. Талоши инсони табиатан эҷодкор барои ҳаёт дар шароити сарду сахту сангини иқлимӣ, тарзи зист ва ҳунари волои халқҳои тоҷику қирғиз барои сайёҳон мароқангез аст. Ноҳия бо олами рангини набототу ҳайвонот, кӯлҳояш, ки «чашмони нилгуни Помир» унвон мешаванд, тамошогарони зиёдро ҷалб мекунад. Ин бошад, ба бунёди беш аз пеши инфрасохтори сайёҳӣ, ошхона, меҳмонхонаву меҳмонсаройҳои нав ва дар ин замина, ба некуаҳволии аҳли деҳоти ноҳия такони мусбат бахшид.
Мурғоб, ки наздики 53 фоизи ҳудуди кишварамонро ташкил медиҳад, аз сарватҳои табиӣ бой буда, дар он кулли маъданҳои ҷадвали Менделеевро пайдо намудан мумкин аст. Ноҳия ҳанӯз дар даврони собиқ шуравӣ аз лиҳози мавҷудияти сарватҳои саршори табиӣ “Хазинаи тиллоӣ” ва “Сибири Тоҷикистон” ном гирифта буд. Бо назардошти афзоиши талабот ба металлҳои нодир дар ҷаҳон, ба кор андохтани маъданҳои минтақа барои кишварамон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Боиси хушнудист, ки дар доираи рушди саноатикунонии босуръат ба коркарди маодин дар минтақа оғоз бахшида шуд. Дар маҳали Якҷилваи ноҳия бо ҷалби ширкати чинӣ корхонаи коркарди нуқра ба кор даромад. Иктишоф ва ба кор андохтани боз чандин конҳои маъдани ноҳия дар нақшаанд. Ин ҳама аз баракати ваҳдат аст.
Мурғоб сарзамини ваҳдат ва ҳунар аст ва ин ҳамгироии фарҳангӣ, эҳтиром ба сулҳ, ҳаёти осоишта, дӯстӣ, меҳнат дар маҳсулоти бофандагӣ ва гулдӯзии занони ҳунарманди ноҳия бармало мушоҳида мешавад. Як худи ҳамзистии осоишта ва пур аз меҳру шафқат нисбат ба ҳамдигари тоҷикону қирғизони ноҳия намунаи беҳтарини ваҳдати миллӣ ва фаротар аз он мебошад. 
Истиқлол ва ваҳдати миллиро арзишмандтарин дастовард ва боли иқболи миллату давлатамон номиданд, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Ваҳдати миллӣ, сулҳ, ҳаёти амну осоишта ва ҳусни ҳамҷаворӣ кафили пешрафту шукуфоии ҳар миллату давлат ҳастанд ва мо, сокинони минтақаи аз ҳама дурдасту баландкӯҳи кишвар, самараи ин дастовардҳоро дар ҳаёти рӯзмарраамон эҳсос менамоем. 
Халқҳои тоҷику қирғиз асрҳо паҳлуи ҳам дар фазои сулҳу дӯстӣ, бародариву баробарӣ зиндагии осоишта ва бунёдкорона доштанд ва мо, сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия, пос доштани фарҳанги сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии осоиштаву халалнопазир ҳифз намудани онро бароямон муқаддас ва масъулияти бузург медонем. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив