ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ.  ҶАНГАЛ ҲАМ ГАНҶ АСТ

ВАНҶ.  ҶАНГАЛ ҲАМ ГАНҶ АСТ

01 июл 2024, Душанбе
5
0
Дар суҳбати кӯтоҳ роҳбари идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ Мунаввар Музаффаров иброз дошт, ки ҷангалзорҳои ин минтақаи пурфайзу пурбаракати вилоят аз резишгоҳи рӯдхонаи Ванҷоб ибтидо гирифта, дар ҳудуди паҳновари водиҳои Вотхуд, Ванҷи Боло ва Язгулом, инчунин, то пиряхҳои Ванҷия, Хирсону Кашолаях ва қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино то саргаҳи рӯдхонаи Язгуломоб, мавзеъҳои Босид ва Ӯбағн  дар ҳазорҳо гектар доман паҳн кардаанд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар ҷангалзорҳои даврони соҳибистиқлолӣ бунёдгардида садҳо ниҳоли мевадори себу нок, амруд, зардолу, гелосу олуболу ва чормағз шинонда шудааст, ки, акнун онҳо боровар гаштаанд. Тайи солҳои охир бештар аз 70 гектар ҷангалзори куҳна барқарор ва  зиёда аз  50 гектар ҷангалзори нав бунёд шудааст.
 
Тибқи иттилои мавсуф дар ҳудуди ҷангалзорҳои ноҳия бештар аз 450 гектар замин дар ихтиёри ин муассиса қарор дошт, вале тайи солиёни дароз ин заминҳоро аҳолии деҳот истифода мебурданд. Бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо соли гузашта аз сари нав ба тавозуни идораи хоҷагии ҷангали ноҳия баргардонда шуданд.
 Ҳамзамон, Мунаввар Музаффаров зикр кард, ки  соли 2022 дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ноҳия ҳамагӣ 20 оилаи занбӯри асал парвариш меёфт, ки ин теъдод бо баназаргирифтани захираҳои табиии минтақа ҷиҳати занбӯриасалпарварӣ хеле кам мебошад. Дар ин самти афзалиятнок тадбирҳои зарурӣ  андешида, тайи ду соли охир  миқдори занбӯри асал ба 140 оила расонда шудааст. Аз ҷумла, занбӯриасалпарвар Давлатшо Ғайратов, аз Ҷамоати деҳоти Вотхуд бо 5 нафар шариконаш азм дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори  занбӯрҳои асалро ба 220 оила мерасонад. Зикр бояд кард, ки рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ  ва дигар самтҳо дар ноҳияи Ванҷ, ин ҷангалзорҳои анбуҳи  диёр мебошанд.
Мунаввар Музаффаров гуфт, ки дар баробари дигар самтҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равнақи минбаъдаи  ин соҳаи муҳим аз ҷониби масъулини Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Тайи солҳои охир муассиса соҳиби экскаватори тавоно ва нақлиёти хизматӣ низ гардидааст. 
Дар ин рӯзҳои фасли тобистон дар баробари нигоҳубини ҳазорҳо ниҳоли мевадиҳанда ва ороишӣ, инчунин, кормандон  барои давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2024-2025 омодагӣ дида, ҷиҳати идора ва муассисаҳои ноҳия ҳезум тайёр мекунанд, ҳамчунин, даҳҳо тонна  хӯроки дурушти чорво низ ҷамъоварӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки кормандони идораи хоҷагии ҷангал низ дар баробари дигар коркунони идораву муассисаҳо ва, инчунин, аҳли деҳоти ноҳияи Ванҷ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаи ҷангалпарварӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 01.07.2024 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив