ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИЗОМИ БИЛЛИНГӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК ИҚДОМИ ИҚТИСОДСОЗ

НИЗОМИ БИЛЛИНГӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ЯК ИҚДОМИ ИҚТИСОДСОЗ

01 июл 2024, Душанбе
9
0
 
Ду сол аст, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» системаи нав – низоми биллингӣ ҷорӣ шудааст. Мавриди зикр аст, ки лоиҳа, аллакай, дар ин самт натиҷаҳои мусбат ва дастовардҳои хубро ноил гашт.  Яъне, нишондоди талафот соли 2023 аз 19 то 8 дарсад кам ва сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ аз 81 то 99-100 дарсад боло бурда шуд. Айни ҳол татбиқи лоиҳа дар минтақаи нави иловашудаи ноҳияи Сино (аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ) идома дорад. 
Тибқи иттилои Шавкат Раҳимов, роҳбари лоиҳаи мазкур, бо мақсади ҷорӣ ва татбиқ намудани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК  «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶСП «Душанбе Сити Бонк» ба Ҳукумати мамлакат лоиҳаи «Созишномаи сармоягузорӣ»-ро  пешниҳод намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиситон бо қарори худ лоиҳаи созишномаро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол намуд, ки он 22-юми январи соли 2020 ба тасвиб расид. Ҳамчунин, Консорсиуми сармоягузорон бо ШСХК «Барқи тоҷик», ки тибқи Созишномаи сармоягузорӣ сохтори ваколатдор мебошад, ҷиҳати ҳамкории тарафайн шартнома оид ба амалисозии лоиҳа ба имзо расонданд. Манбаи маблағгузорӣ аз ҷониби Консорсиуми сармоягузорон ба роҳ монда шудааст.
– Пеш  аз оғози кори асосии лоиҳа аз моҳи январи соли 2021 дар як қисмати маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино дар се объекти пилотӣ низоми биллингиро ҷорӣ намудем. Давоми се моҳ дар иншоот, биноҳои баландошёна, хонаҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳисобкунакҳои барқии нав васл карда шуданд. Сипас, аз натиҷаи  корҳои санҷишӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намудем. Вазорат натиҷаи кори пилотии лоиҳаро маъқул донист ва барои оғози корҳои лоиҳа розигӣ дод, – изҳор дошт Ш. Раҳимов.   
Ҳадафи асосии лоиҳа кам кардани талафоти неруи барқ ва зиёд намудани сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ мебошад. Тибқи нақшаи лоиҳа, кам кардани талафоти тиҷоратию технологии қувваи барқ аз 19 фоизи расмӣ то 12,6 дарсад дар назар дошта шуда буд. Лекин дар амал нишондоди талафот давоми соли 2023 дар ҳудуди лоиҳа то 8 дарсадро ташкил дод.  Зиёд намудани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ бошад, аз 81 то 98,2 дарсад пешбинӣ гардида, дар асл ин нишондод имрӯз аз 99 то 100 дарсадро ташкил медиҳад. Дар муқоиса нисбат ба солҳои қаблӣ, ин дастоварди назаррас мебошад.
Чунонки аз суҳбат бо мутахассисони соҳа бармеояд, афзалияти асосии гузариш ба ин самт аз он иборат аст, ки кор бо роҳи автоматизатсия ба роҳ монда шудаву омилҳои инсонӣ аз байн рафтааст. Инсон дар ин раванд дигар нақш намебозад. Кор дар низоми биллингӣ ин аст, ки охири ҳар моҳ маълумот доир ба ҳаҷми истифодашудаи қувваи барқ  ва маблағи он ба воситаи рақами телефони муштарӣ бо паёмак ирсол мегардад. Баъд аз санаи ҳисобишуда ба муштарӣ то 15-уми моҳи оянда муҳлат дода мешавад, то ки маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро бо тариқи ғайринақдӣ супорад, вагарна баъд аз ин муҳлат интиқоли қувваи барқ ба таври автоматӣ қатъ мегардад.   
Чунонки аз суҳбат бо чанд сокини ноҳия аён гашт, онҳо аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ қаноатманданд. Наврӯз Рустамов, сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳия, доир ба ин масъала изҳор дошт, ки солҳои қабл мо баъзан миёни муштариён ва нозирони минтақавӣ нофаҳмиҳоро медидем. Инчунин, аксари одамон маблағи ҳаққи истифодаи барқро дар вақташ намесупурданд. Имрӯз ин мушкилиҳо аз байн рафтанд. 
Гуландом Сафарова, сокини дигари ноҳияи Сино низ аз роҳандозӣ ва амалӣ гаштани ин низом розӣ аст. Тавре ӯ мегӯяд, қаблан бештари муштариён бепарвоӣ зоҳир намуда, то чанд моҳ қарзи худро пардохт намекарданд. Имрӯз бошад, онҳо яқин медонанд, ки агар то муҳлати муайяншуда қарзро насупоранд, дар манзили онҳо барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад. 
Айни ҳол масъулони лоиҳа 80 дарсади нақшаи дар лоиҳа пешбинишударо ба анҷом расондаанд. Мавриди зикр аст, ки сарфи назар аз ин, соли 2022 ба ҳудуди ноҳияи Сино аз ҳисоби сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Пахтакор ва Балх 18 000 муштарӣ ворид гашт. Бинобар ин, Консорсиуми сармоягузорон ҷиҳати зиёд кардани уҳдадориҳои худ бо ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва ҶСК “Барқи тоҷик” шартномаи иловагӣ ба имзо расонданд. Айни ҳол дастаҳои кормандони лоиҳа дар минтақаи нав фаъолият доранд. Муҳлати анҷоми корҳои сохтмонии лоиҳа, тибқи нақша, моҳи декабри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.07.2024 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив