ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОФАТҲОИ ТАБИӢ. ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ КАМТАР РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД, ЧАРО?

ОФАТҲОИ ТАБИӢ. ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ КАМТАР РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД, ЧАРО?

04 июл 2024, Панҷшанбе
14
0
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 465 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди он, яъне 246 ҳолат ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 110 ҳолат ба вилояти Хатлон рост меояд. Махсусан, бар асари офатҳои табиии рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25-уми майи соли 2024, дар маҷмуъ, 99 хонаи истиқоматӣ ва 1530 иншооти ёрирасон зарар диданд. Танҳо дар давраи аз 3 то 26-уми май дар ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ рух дода, маблағи зарар (тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо) беш аз 70 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
Сар задани чунин ҳодиса ва ҳолатҳои табиӣ дар кишвар қариб ҳар сол ба вуқуъ пайваста, аз ин ҳисоб ба аҳолӣ ва буҷети давлат хисороти зиёд мерасад. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар ин самт барои пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла ҳушдор медиҳанд, ки шаҳрвандон, субъектҳои воқеию ҳуқуқӣ дар ҷойҳои хавфнок ва осебпазир ба офатҳои табиӣ хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бунёд накунанд. Аммо, мутаассифона, тавре ба мушоҳида мерасад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёр хонаҳои нави истиқоматӣ ва иншооти хизматрасонӣ дар ҷойҳои номувофиқ ва осебпазир ба офатҳои табиӣ худсарона бунёд карда мешаванд, ки дар натиҷаи обхезӣ  ё дигар ҳодисаҳои табиӣ зарар дида, ба буҷети давлат хисороти калон ворид месозанд. 
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳарчанд таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор аз бунёди чунин иншоотҳо худдорӣ намоянд ва, махсусан Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, дар навбати худ, ҷудо кардани қитъаҳои заминро дар ҷойҳои хавфнок қатъиян манъ кунад, сарфи назар аз ин, ҳолати бунёди манзилҳои зист ва дигар иншоот дар ҷойҳои номувофиқ идома дорад.
Далелҳои худсарона сохтани манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои саноатию хизматрасонӣ дар ҷойҳои ба офати табиӣ осебпазир хеле зиёданд. Аз ҷумла, дар соҳили дарёи Симиганҷ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, бо назардошти аз худ кардани фонди манзил иншоот худсарона бунёд шудааст, имрӯз аз офати табиӣ зарар дид. Чунин ҳолати хароб гаштани манзилҳои зист ва иншооти ёрирасон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Турсунзода, Мастчоҳ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Нуробод ва Шамсиддин Шоҳин низ ба назар расида, бар асари офати табиӣ, ҳатто талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. 
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1209 минтақаи хавфнок мавҷуд буда, қисми зиёди онҳо мавзеъҳои аз ҷиҳати селу обхезӣ, ярч, сангрезаву тармафароӣ хатарнокро ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар ин минтақаҳо сохтмони ин ё он намуди иншоот қатъиян манъ аст. Тартиботи мазкур дар қонунҳои амалкунанда низ мушаххас дарҷ ёфта, мақомоти дахлдори назоратию иҷозатномадиҳӣ аз он воқифанд. 
Дар баробари ин, аз ҷониби мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва корхонаҳои тобеи он дар ҳудуди мамлакат қабл аз сохтмони иншоотҳо, ки барои пешгирии таъсири офатҳои табиӣ мусоидат менамояд, дар мавзеъҳои гуногун тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронда, хулоса бо тавсияҳо ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод мешаванд. Дар асоси хулосаю тавсияҳо, аллакай, зиёда аз 110 хоҷагӣ аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. Аммо, бо вуҷуди хулосаи муҳандисӣ-геологӣ ва хулосаи дигар мақомотҳо, ки аз хавфнок будан ё набудани мавзеъҳо дарак медиҳанд, худсарона сохтани иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ҳамоно давом дорад. 
Албатта, дар ҷумҳурӣ ҳастанд деҳаҳое, ки аз ҳудуди онҳо канал ё заҳбурҳои обпарто мегузаранд ва ҳеҷ раванди таҳдидкунанда дар ин мавзеъҳо мушоҳида намешавад, вале натиҷаи боришоти зиёд аз онҳо селҳои гуногун ҷамъ оварда, ба хоҷагиҳо ва муҳити зист зарари худро мерасонанд. Мисоли равшан дар шаҳри Кӯлоб буда метавонад, ки биноҳои истиқоматии дар канори канали Бештигирмон сохташуда дар натиҷаи боришоти зиёд зарар диданд.
Масъулони соҳаро зарур аст, барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ҳудуди  дарёҳо, сойҳо ва каналҳоро муҳофизат кунанд ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро пурзӯр намоянд, то самти равиши оби дарёҳо ба танзим дароварда шавад. Ғайр аз ин, ҷӯйборҳо барои обҳои боришот аз мавзеи сохтмон дур сохта шаванд ё баръакс, иншоот бо назардошти риояи қоидаҳои сохтмонӣ ба каналу ҷӯйборҳо наздик сохта нашаванд. 
Бисёр муҳим аст, ки дар вақти сохтмони иншоотҳо хулосаи ҳамаи мақомотҳои дахлдор, ҳам объёрию заминсозӣ, ҳам муҳандисию геологӣ ва экспертизаи давлатии экологӣ ба инобат гирифта шавад ва назорат дар ин самт пурзӯр гардад. Махсусан, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ки иншоотҳои бунёдшаванда дар заминҳои ба онҳо тааллуқдошта ҷойгиранд, масъулияти бештар эҳсос намоянд. Хисорот аз офатҳои табиӣ пешгиришаванда аст, агар масъулони соҳа бо ҳисси баланди масъулият ба ҳолатҳои худсарона бунёд кардани иншоотҳо роҳ надиҳанд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив