ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. АЗ КАФОЛАТҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ТО ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КАФОЛАТҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ТО ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН

04 июл 2024, Панҷшанбе
10
0
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ баёнгари арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ буда, тибқи пешбинии коршиносон ин амри муҳим ба эҳтиром ва риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, иштироки фарогири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат хоҳад кард. 
Таваҷҷуҳи дигарбора ба ин масъала, яъне баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ҳам дар ин самт тадбирҳои судманд андешида, барномаву стратегиҳои давлатиро қабул ва амалӣ намудааст. Дар баробари таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ, ҳамчунин, барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар низоми ҳуқуқии мамлакат ниҳоди вижа-Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон таъсис ёфта, барои фаъолияти босамари марказҳои ёрирасони ҳуқуқӣ низ шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” амал мекунад, ки расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ меҳвари фаъолияти онро ташкил медиҳад. Фаридун Бобозода, мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи Марказ, дар суҳбат бо мо ин амрро тасдиқ намуд ва ба паҳлуҳои дигари кори ин Муассиса равшанӣ андохт:
– Низоми  ёрии  ҳуқуқие, ки имрӯз дар Вазорати адлия амалӣ мешавад, дар асоси қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шакл гирифтааст. Дар баробари кафолати ҳимояи судие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсонро ба зимма гирифта, мувофиқи онҳо дар ҳар маврид барои шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ мерасонад. Ёрии ҳуқуқӣ дар қатори дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия кафолат дода шудааст. Дар моддаи 19 омадааст, ки ҳар кас кафолати судӣ дорад, ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад. Моддаи 92 Конститутсия муқаррар намудааст, ки ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳалаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. 
Бояд гуфт, ки тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад. Барои дар амал татбиқ намудани моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия 4-уми ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” қабул гардид, ки ёрии ҳуқуқии ройгон дар моддаи 19 он ба танзим дароварда шуда буд. Бо мурури замон ва бо назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, ислоҳоти судӣ, ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ 18-уми марти соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” қабул гардид. 
Ҳоло пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандони ниёзманд ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд. 
Тавре Президенти кишвар таъкид менамоянд: “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад”. Ҳадафи низоми ёрии ҳуқуқие, ки дар Вазорати адлия амалӣ мегардад, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омиле аст, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир мерасонад. Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор додани меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ аст. 
Дар Соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо роҳи гузарондани ҷаласаҳо, паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, баромад намудан тариқи воситаҳои ахбори омма ва навиштани мақолаҳо саҳм мегузоранд, – изҳор дошт Фариддун Бобозода. 
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив