ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ МАРГБОР.  МАСЪУЛИЯТИ НАЗОРАТ БАР ДӮШИ КИСТ?

БОЗИҲОИ МАРГБОР.  МАСЪУЛИЯТИ НАЗОРАТ БАР ДӮШИ КИСТ?

09 июл 2024, Сешанбе
23
0
 
Дар ҷаҳони муосир бозиҳои интернетӣ ба шуғли дӯстдоштаи насли нав табдил ёфта, баъзеҳо онро, ҳатто ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти худ табдил додаанд. Ҳарчанд аксарият медонанд, ки паси ин ҷаҳони ҷолиби виртуалӣ паҳлуи торике низ ҳаст, ки метавонад оқибатҳои фоҷиавӣ думбол дошта бошад. Барои мисол, гирифтории аз меъёр зиёд ба чунин бозиҳо метавонад ба вазъи равонӣ ва мафкуравии ҷавонон таъсири манфӣ расонда, ба саломатии онҳо асар кунад.
 
Воқеан, солҳои охир бо вуҷуди як қатор тадбирҳои танзимкунанда аз ҷониби мақомоти масъул, дар фазои маҷозӣ теъдоди бозиву гурӯҳҳои хатарнок меафзоянд. Хоса бозиҳое амсоли «тихий дом», «разбуди меня в 4:20!», «море китов», «биги или умри!» ва «Бункер» ҷавонони моро рӯз то рӯз бештар фаро гирифтан доранд, ки нигаронкунанда аст. Тавре мушоҳида мешавад, худи номи бозиҳо, аллакай, ғайриодиву, баъзан шубҳаоваранд ва таббиист, ки бозигарро ҳадафи тарбия кардан надоранд. Баръакс чунин номгузорӣ хоҳ-нохоҳ ба ҳолати равонии бозигар таъсири манфӣ расонда, ӯро ба анҷом додани корҳои ношоям ҳидоят мекунад. Ҳатто, ҳолатҳое мешаванд, ки ҷавонон ба қаҳрамонҳои хаёлии худ тақлид карда, даст ба худкушӣ мезананд.
Раванди бозиҳо одатан чунин аст: ҳангоми ворид шудан ба бозӣ шахс барои худ саҳифаи қалбакӣ мекушояд ва ба яке аз гурӯҳҳо ё бозиҳои зикршуда ворид гардида, дар он ибораи «ман ба бозӣ омодаам, мунтазири дастурам»-ро мегузорад. Ин гӯё паёмест, ки ба идоракунандагони бозӣ, яъне кураторон, расонда мешавад.
Кураторон чун боварӣ ҳосил намоянд, ки нияти бозигар ҷиҳати идомаи бозӣ ҷиддӣ аст, ба пурсиш оғоз карда, дар бораи муносибатҳои ӯ бо волидону ҳамсолон, дар бораи он ки чи ӯро бештар нигарон мекунад ва амсоли инҳо маълумот мегиранд. Маҳз ҳамин маълумот барои минбаъд расондани фишори равонӣ ба бозигар замина фароҳам месозад. Дар марҳалаи баъдӣ кураторон маълумоти шахсӣ, (суроға, маҳали истиқомат, ҳайати оила, рақами телефони хонагӣ ва ғайра)-ро мепурсанд, то ки агар бозигар дар оянда аз бозӣ хориҷ шудан хоҳад, онҳо бо ҳар гуна таҳдидҳо ба шуури ӯ фишор оварда метавонанд. 
Идомаи ҷараёни бозӣ дар гузориши Агентии давлатии иттилоотии “Рес” шарҳи бештар дорад, ки мазмунан чунин аст: “Аксари ин бозиҳо 50 рӯз идома меёбанд ва ҳар субҳ соати 4:20 оғоз мешаванд. Дар аввал вазифаҳое, ки аз ҷониби кураторон дода мешаванд, хеле содаанд. Аммо минбаъд ин вазифаҳо мураккаб ва гоҳе хатарноктар мешаванд, ба мисли кашидани расми афроде, ки дар даст теғ доранд, буридани рагҳои даст, соати 4:20 ба боми биноҳои баландошёна баромадан ё гузаштан аз назди мошине, ки бо суръати баланд ҳаракат дорад ва амсоли инҳо. Ва ниҳоят дар рӯзи 50-ум куратор супориш медиҳад, ки бозигар даст ба худкушӣ занад. Дар аксарияти ҳолатҳо бозигар чунин супоришҳои кураторро ғайриихтиёр иҷро намуда, ноогоҳ ба дом меафтад...”
Тавре равоншиносон иброз медоранд, наврасону ҷавононе, ки дар ҳолати афсурдагӣ ва  изтироб қарор доранд, ба осонӣ ба чунин бозиҳо ҷалб мешаванд. Аз ин лиҳоз, ҳар як волидайн бояд ба дурустӣ  дарк намоянд, ки давраи наврасӣ  барои кӯдак осебпазиртарин марҳала аст ва бояд тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то бо фарзанд доим дар робита буда, дар бораи ҳавасу хоҳишҳои ӯ, баъзан тарсу мушкилиҳояш суҳбат намоянд. Зеро маҳз муносибати нобоварона ба волидайн ба он оварда мерасонад, ки кӯдакон ба нақл кардани мушкилиҳояшон бо шахсони бегона, аз ҷумла бо нафароне, ки дар интернет шиносоӣ пайдо мекунанд, шуруъ намоянд. Дар бисёр маврид калонсолон, ҳатто намедонанд, ки фарзанди ӯ дар фазои интернетӣ ба чи корҳо машғул аст. 
Бинобар ин, ҳанӯз ҳам ки дер нашудааст, волидонро зарур аст, ки махсусан будубоши фарзандони худро дар олами маҷозӣ зери назорати қатъӣ қарор дода бошанд. Зеро ин ва даҳҳо далелҳои дигар собит месозанд, ки бозиҳои тулонии хусусияти зӯроваридошта ба рафтори ҷавонон бетаъсир намемонад. Аксари ҷавонон дар ҳолати ноомад аввалин фикре, ки ба сарашон меояд, ин тақлид ба амалкарди “қаҳрамонҳо”-яшон аз бозиҳои интернетист, ки метавонад оқибати  фоҷиабор дошта бошад. Пас, биёед, сари ин масъала дурусттар биандешем ва кӯдакону наврасонро аз моҳияти ин гуна бозиҳо бохабар созем, то онҳо ба роҳи хато  нараванд. 
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив