ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ДУРБИНИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ

ТОҶИКИСТОН. АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ДУРБИНИ РАСОНАҲОИ ХОРИҶӢ

11 июл 2024, Панҷшанбе
19
0
 
Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» як қадами устувор барои дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба оби тоза буд. 
Ҳадафи Конфронси мазкур тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 арзёбӣ мешавад. Ин ҳамоиши муҳим, ки аз 10 то 13-уми июн бо ҳузури зиёда аз ду ҳазор намояндаи беш аз 100 давлати дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилотҳои хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардид. Ин дар ҳолест, ки барои бозтоби он 300 хабарнигори дохиливу хориҷӣ иштирок дошт.
 
ҲАВАСМАНДИИ ЮНЕСКО БАРОИ ТАБЛИҒИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО 
"Намояндагони ҳукумат, олимон, ниҳодҳои тахассусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар пойтахти кишвар барои баррасии иҷрои Барномаи об, ки дар Конфронси оби соли гузаштаи Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, мулоқот карданд. Барнома 832 уҳдадории ихтиёрии кишварҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои суръат бахшидан ба пешрафт дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор муттаҳид мекунад. Бо гузашти як сол, то ҳол механизми маблағгузорӣ ё пайгирии ин уҳдадориҳо вуҷуд надорад. Конфронси байналмилалии Душанбе оид ба «Об барои рушди устувор» имкон медиҳад, ки роҳҳои рафъи ин монеаҳо тавассути муколамаи сиёсӣ ва шарикӣ пайдо шавад". Ин матлабро зери унвони “Сафари расмии директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле ба Тоҷикистон” сомонаи расмии ҳамин ниҳод навишт. Дар гузориши сомона омадааст, ки ЮНЕСКО дар Душанбе лоиҳаи минтақавиеро муаррифӣ кард, ки ҳадафаш таъсиси системаҳои огоҳсозии бармаҳал дар Осиёи Марказӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир аз обхезӣ, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо ба вуҷуд меояд, мебошад.
Ҳамчунин, дар гузориши дигари ҳамин сомона дар бораи баргузор гардидани Форуми байналмилалӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо омадааст, ки ЮНЕСКО Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро дар соли 2025 таблиғ мекунад. 
– Обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ боиси нигаронӣ аст, зеро системаҳои асосии дарёҳои минтақа аз обшавии мавсимии барф ва пиряхҳо вобастаанд. Бар асари тағйирёбии иқлим, пиряхҳо сол ба сол кам мешаванд. Бинобар ин, сатҳи ҷараёни он тадриҷан коҳиш меёбад, – зикр мегардад дар гузориш.
 
АЗ РОССИЯ ТО БА КИШВАРҲОИ АРАБ 
Агентии иттилоотии ТАСС низ доир ба Конфронс хабару гузоришҳои зиёде нашр карда, кори онро ба пуррагӣ инъикос намуд. Мавриди зикр аст, ки дар расонаҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Россия Конфронси мазкур бозтоби васеъ пайдо намуд.
Дар васоити ахбори оммаи кишварҳои арабӣ кори Конфронс ба таври густурда инъикос гардид. Аз ҷумла, рӯзномаи мисрӣ “Олам-ул-явм” (Ҷаҳони имрӯза https://alalamelyoum.co) маводе ба нашр расонд, ки сухан аз иштироки намояндагони Миср ва суханронии онлайнии вазири хоҷагии об ва обёрии Миср, раиси Шурои вазирони оби Африқо, доктор Ҳони Сувайлам дар ин Конфронси сатҳи баланд меравад. Вазири Миср аҳамияти ин форумро дар кушодани роҳ барои шунидани овози Африқо дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳавасмандгардонии амалу ҳамкорӣ дар соҳаи об медонад. 
Дар Агентии иттилоотии Қатар (www.qna.org.qa) матлабе зери унвони “Давлати Қатар дар Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” ширкат мекунад” нашр гардид. Тавре Агентии мазкур иттилоъ медиҳад, Конфронси сеюм, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи онро бар уҳда дошт, дар сатҳи баланд баргузор гардид. Давлати Қатарро дар Конфронс Муборак бини Абдураҳмон ан-Наср, сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Корпоратсияи генералии барқ ва оби ин кишвар намояндагӣ карданд. 
Ҳамчунин, зикр гардидааст, ки ҳадафи Конфронс ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои об, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, густариши саъю кӯшишҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда мебошад.
Маводи дигаре, ки бо сарлавҳаи “Сафири Тоҷикистон дар Риёз оғози Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро эълон мекунад”, дар сомонаи иттилоотии “Роҳи абрешим” (شبكة طريق الحرير الصيني الإخبارية //https://alharir.info) нашр шуд, баёнгари таваҷҷуҳи кишварҳои араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ба Тоҷикистон мебошад. Дар матлаи мақола аз нутқи сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ гуфта мешавад, ки Конфронси мазкур бо ташаббусу роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар ин росто, хонум Ноҳид Ҳусайн, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ёдовар мешавад, ки дар давоми ду даҳсола Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои байналмилалии обро пеш мебарад. Ҳамчунин, зикр шудааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар асоси ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон 9 қатънома қабул кардааст, ки эълон гардидани соли 2003 – «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" аз ҷумлаи онҳост. 
Дар интиҳои матлаб гуфта мешавад, ки ҳадафи Конфронси сеюми сатҳи баланд дар Душанбе табодули таҷрибаи пешқадам ва ҳалли инноватсионалӣ, таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор, тақвияти огоҳии ҷомеаи ҷаҳон ва сафарбар кардани иродаи сиёсӣ барои суръат бахшидан ба пешрафт дар самти об мебошад.
Дар Агентии иттилоотии Амороти Муттаҳидаи Араб (https://wam.ae) низ бо сарлавҳаи “Аморот дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Об барои рушди устувор” ширкат мекунад”, маводе ба нашр расид, ки бозгӯи аҳдоф ва кори рӯзномаи Конфронс дар Тоҷикистон мебошад. Бо иқтибос аз сухани сафири Тоҷикистон дар АМА зикр шудааст, ки дар ин ҳамоиш аҳамияти мониторинг, маблағгузорӣ, рушди иқтидор ва инноватсия яке аз масъалаҳои меҳварӣ арзёбӣ мешавад. 
Бо ҳамин мазмун дар бисёре аз расонаҳои хориҷӣ хабару мақолаҳои зиёде нашр шудаанд. Нашри ин матлабҳо, пеш аз ҳама, баёнгари онанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, бо иқдомоти хайрхоҳонаи худ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, қудрати комил дорад, ки дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамоно нақшофарӣ кунад. Дуюм ин, ки пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо фазои амну осуда ва зебоии ба худ хосаш як бори дигар қалбҳоро тасхир кард. Сеюм, номи Тоҷикистон дар сархати расонаҳои кишварҳои олам чун кишвари башардӯст бори дигар қарор гирифт. 
Дар маҷмуъ, ташаббусҳои Тоҷикистон ба манфиати тамоми аҳли олам ва рифоҳи зиндагии бани башар нигаронда шудааст. Аз ин рӯ, бо дарки аҳамияти иқдомоти Пешвои муаззами миллат, яқин хоҳад буд, ки номи Тоҷикистон низ чун об ҳамеша ва дар ҳама ҷо ёд хоҳад шуд.
 
Комрон САФАР, Шодмон АБДУРАҲИМ,
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив