ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. РОҲҲО КӮТОҲ ВА БЕХАТАР МЕГАРДАНД

ВМКБ. РОҲҲО КӮТОҲ ВА БЕХАТАР МЕГАРДАНД

11 июл 2024, Панҷшанбе
13
0
Муваффақ шудани Тоҷикистон  ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ  дастоварди бузурги даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Дар ин давра даҳҳо  лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт татбиқ гардиданд.  Дар доираи стратегияи табдил додани  Тоҷикистон ба  мамлакати транзитӣ  сохтмони роҳҳои байналмилалии кишвар,  тибқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бо маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ  амалӣ мегарданд, ки яке аз онҳо таҷдиди сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, аз ҷумла қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то даромадгоҳи  ноҳияи Рӯшон, мебошад.
Ин қитъаи  роҳ ҷузъи асосии роҳи мошингарди  Қалъаи Хумб – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ ба ҳисоб меравад ва бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар ҳамаи фасли сол  бо тамоми минтақаҳои кишвар таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.
Бунёди қитъаи роҳи  Қалъаи Хумб – Ванҷ то даромадгоҳи  ноҳияи Рӯшон як қисми ин лоиҳа мебошад. Дар он сохтмони 2 нақби дарозиашон 5 ҳазору 200 метр, 15 пули мошингузар, 5 долони зиддитармавӣ  бо дарозии 438 метр, 22000 метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, инчунин, лӯлаҳои обгузари қутрашон гуногун ва чароғонкунонии қад-қадди роҳ дар 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо дарозии зиёда аз 17 км ба нақша гирифта шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоот идома доранд.
Роҳ аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии он  12 метр   ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад.  Роҳи мазкур 109 км дарозӣ дошта, ҳудуди ноҳияи Ванҷ ва Дарвозро убур намуда, аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз мегузарад ва душворгузартарин роҳ  дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Тибқи иттилои масъулони роҳсозӣ,  баъди пурра ба анҷом расидани сохтмони роҳи мазкур дарозии роҳ ба масофаи 16 километр  кӯтоҳ мегардад. Ба корҳои  сохтмонӣ  дар ин қитъаи роҳ зиёда аз 100 мутахассиси дохилию  хориҷӣ  машғул  мебошад.  Аз давраи оғози  корҳои  сохтмонӣ то инҷониб бо ҷалби коргарону мутахассисони касбӣ ва техникаву механизмҳои зарурӣ  корҳои зиёди сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расиданд.  Корҳои сохтмону навсозӣ, аз ҷумла  хокканӣ, пармакунӣ, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ, деворҳои ҳимоявӣ ва васлу насби арматур, анҷом дода мешаванд. 
Ҳадафи амалисозии лоиҳаи мазкур,  таъмини ҳаракати бехатари  нақлиёт, сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи аввали мардум ва таъмини ҷойҳои корӣ дар ҳудуди  вилоят ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар масири шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон яке аз хатарноктарин мавзеъҳо ба ҳисоб рафта, айни ҳол ронандагони мошинҳои мусофирбару боркаш бо мушкилиҳои зиёде ин масирро тай мекунанд.  Ба гуфтаи роҳсозон, сохтмони ин минтақаи роҳ аз душвортарин қисмати сохтмони шоҳроҳ  мебошад, вале корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. Тавре аз ситоди сохтмони шоҳроҳ иттилоъ доданд, имсол масофаи 50 километри қитъаи мазкур  асфалтпӯш   мешавад. 
Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи тахрибшудаи Бердибекобод – Колхозободи шоҳроҳ, тибқи лоиҳаи дигари сохтмонӣ, бомаром идома доранд. Роҳи мазкур бар асари омадани сел дар деҳаи  Барсем, ки манзили истиқоматии 80 хонавода, даҳҳо гектар заминро хароб карда буд, пурра аз истифода баромад. Бинобар иттилои муҳандис-мушовири сохтмон, ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот беҳтарин  мутахассисони роҳсозии ватанию чинӣ  ва техникаи пуриқтидор ҷалб шудаанд. Мувофиқи лоиҳа, дар ин қисми роҳ як пул, ду долони зиддитармавӣ сохта мешавад. Анҷоми корҳои сохтмонӣ  имкон медиҳад, ки ҳаракати бонизом ва бехатари нақлиёт дар ин масири роҳ  дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардад.
   
Раҳмон  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив