ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАХМҲОИ РӮЗГОР

ЗАХМҲОИ РӮЗГОР

05 апрел 2023, Чоршанбе
35
0

 
Сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ва ҳамсоядеҳагони он баъди нимаи дуюми солҳои 20-уми асри гузашта аз кӯҳистони диёрамон ба ин ҷо, яъне ба таҳдашт муҳоҷир карда буданд. Чанд деҳаи бо ҳам наздикро муттаҳид гардонда, дар даврони шуравӣ колхози “ Коммунизм” ном гузоштанд, ки шумораи  аҳолияш то солҳои 80-90-ум ба 10 000 нафар мерасид. Қисми зиёди сокинони ин деҳкадаҳо, асосан, аз як қавму аз ҳар маҳали кӯҳистонанд. Аз ҳамон даврон хоҷагикунонии ин деҳаҳо ва ҳамсоядеҳаҳои он оғоз ёфт, шинондани ҳар гуна дарахтҳо, ба мисли себ, ангур ва беду тутҳои гуногун. Тутзорони  деҳаҳо айёми баҳорон, асосан, хӯроки кирми пиллаи деҳқонони хоҷагиҳо ба шумор мерафтанд. Дар як давраи кӯтоҳ мутаассифона, аз тутзори шоҳроҳу қитъаҳои замини хоҷагӣ танҳо ва танҳо появу бехи онҳо боқӣ монду халос. Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохӯриҳояшон ба кулли мардум доимо такрор батакрор таъкид менамоянд, ки он чи, ки мо имрӯз ободу навсозӣ мекунем,  ҳамаи ин барои пасвандони мост. Ва пасвандони мо низ, дар ободии Ватани худ барои ояндагони хеш кӯшиш хоҳанд кард.
Ба маврид аст ёдовар бишавам, ки даврони кӯдакиву наврасии мо - бачаҳои солҳои 60-70-уми деҳот, асосан, дар талу теппаҳои ин диёр, дар миёни киштаву ҷӯяҳои пахтаҳо сипарӣ гашт. Он айём мардону занҳои калонсоли деҳ бештар ба кору бори хоҷагиҳо ҷалб мешуданд. Бархе аз мӯйсафедони барнодил, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, аз он рӯзгор ба мо – наврасон қисса мекарданд. Бобои Мақсуд, бобои Саидисуф ва бобои Шер, ки дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекарданду ҳамарӯза мо - наврасон бо ин се мӯйсафеди нуронӣ рӯ ба рӯ мешудем, аз ин зумра буданд.
- Аз субҳи содиқ то посе аз шаб дар талу теппаҳои заминҳои лалмӣ ва қитъаи заминҳои оби хоҷагиҳо бо кор банд будем. Дар соати муайяне ҳама сари як дастархон нишаста, хӯрок мехӯрдему боз то дервақт ба кори саҳро банд мешудем. Ҳангоми дарави ғалла муддате хонаву дар ва зану фарзандҳоямонро намедидем. Дар талу теппаҳо ба дарави ғалла, нахӯд, зағер, кунҷид машғул мешудем. Медаравидему дар хирманҷойҳо кӯфта, бод медодем. Умри азизи худро гоҳ дар хирманҷойҳо мегузарондему гоҳи дигар бошад, дар шипангҳои қитъаҳои замини обӣ. Аз туғайзору аз овози  ҳайвонҳои ваҳшӣ, мисли гургу шағол ва рӯбоҳ, дигар ному нишоне намонда буд. Бисёре аз заминҳои хоҷагӣ пахтазору қисман тутзор гашта буданд. Қисме аз заминҳои хоҷагиро ба боғҳо табдил додем, - мегуфтанд онҳо. Имрӯз аз он боғҳои хушмева на ном ҳасту на нишоне. Ҳамаро ба коми нестӣ додаанд. Омад-омади баҳори нозанин оғози тоза намудани ҷӯйбору  заҳбурҳои  хоҷагӣ буд. Тамоми  мардони тануманд ба он сафарбар мегаштанд. Баъди чанде мавсими пиллапарварӣ шуруъ мегашту аз тутзорони хоҷагӣ танҳо ва танҳо беху пояи онҳо боқӣ мемонду халос. Бисёре аз дарахтоне, ки имрӯз қад-қадди роҳҳо ва қитъаи заминҳои хоҷагӣ шинонда шуда буданд,  умри 60-70 - сола ва беш аз онро доранд. 
Ҳолиё қисме аз заминҳои хоҷагиҳо ба саҳмдорон  тақсим гаштаанду тутзорони қитъаи заминҳову шоҳроҳҳо дар ҳоли  ҳузнангез қарор доранд. Кас ҳине ба он дарахтон менигарад, қалбаш ба фиғон меояд. Қариб панҷоҳ дарсади тутзорон решакоб шудаанду  боқимонда  дар арафаи хушкшавӣ қарор доранд. Ку марди дилсӯзе, ки аз ин ҳама нестшавии тутзори қитъаҳои замин ва шоҳроҳҳо ба  сари андешае ояд? Пас аз 5 соли дигар аз ин дарахтон ҳатто решаашон боқӣ нахоҳад монд. Зеро, аллакай,  чанд сол боз аз таъсири боду борону хунукӣ ва табарзании бамавриду бемаврид ва коркарди агротехникӣ нашудан бисёрашон рӯ ба нестшавӣ оварда истодаанд, ки боиси ташвиш мебошад. Масъулини хоҷагию ноҳия тули солҳо дар андешаи эҳёи тутзорони хоҷагиҳо наафтодаанд. Роҳбарони хоҷагиҳо боре ҳам  накӯшиданд, ки ақаллан як бех ниҳоли дарахтони сояафканро  миёни онҳо шинонанд. Ҳамаи ин, албатта, аз бемасъулиятӣ, камҳавсалагӣ ва беаҳамиятӣ гувоҳӣ  медиҳад. Заррае  ҳам парво надоранд ва интизори онанд, ки кай аз мақомотҳои болоӣ барояшон дастуру супориш медиҳанд. Ҳамасола тавассути ахбори омма мебинем ва шоҳиди он мегардем, ки дар тамоми гӯшаву канори азизамон мавсими ниҳолшионӣ оғоз меёбад. Ин ҳамаро мебинаму ба худ мегӯям: «Кош шаст дарсади ин ниҳолакон месабзиданд». Барои сабзондан ва нигоҳдошти як дарахти сояафкан, ки ба ҳусни табиати диёр ҳусни дубора мебахшад, солҳои зиёд лозим меояд. Аз ин хотир, ҳар сари чанд вақт, барои нигоҳдошт ва нашъунамои долу дарахтон коркарди агротехникӣ, аз қабили мулоим намудани бехи дарахтон,  дар муҳлаташ  бо об таъмин  кардан ва билохира, пошидани ҳар гуна нуриҳои минераливу доруҳои безараргардониро фаромӯш насозем, то ки дарахтон  боз солиёни дароз  умр бинанду атрофу акнофи Ватани моро зебою мунаққаш нигоҳ доранд. Ҳар гоҳе ки ба кӯҳсорони диёр роҳ пеш мегирам, мебинам, ки дарахтоне чун тут, чормағз, сафедор, бед ва бисёри дигар умри сесад-чорсадсола ва аз ин ҳам беш доранду заррае ҳам рӯ ба нестӣ наовардаанд ва бовиқору тануманд дар нашъунамо мебошанд. Кас вақте зери он дарахтони соядор лаҳзае  менишинад, аз бузургии онҳо дар ҳайрат меафтад. Чандин умри насли одамиро аз сар гузарондаанд. Лаҳзае ба андеша меравӣ, ва ба худ суол медиҳӣ: «-Кӣ ин ҳамаро шинондаву парвариш карда?»
Оре, ин нақши неке аз марди барзгар, марди деҳқон аст, ки чандин даҳсола пеш барои пасовандони худ, барои мо - имрӯзиён боқӣ гузоштааст. Гузаштагони мо ғами имрӯзи моро хӯрда бошанд, пас, чаро мо барои пасовандони худ, барои ояндагони хеш худро бетараф мегирему канораҷӯӣ мекунем? 
Одамӣ  бояд аз ҳар лаҳзаи умри гузарон ба манфиати ҷомеа, ба манфиати Ватану кишвар истифода барад, то аз худ як нақши неке гузорад, то пасовандон аз ӯ ба некӣ ёд бикунанду дуои хайре дар ҳаққаш намоянд.
Кош тули ин солҳо роҳбари дилсӯзе ва ё саркори ҳимматбаланде пайдо мешуду байни ҳар дарахти солоре, ки аллакай, синнашон аз 60-70 гузаштаанд, як бех ниҳоли сояафкан мешинонданд. Он гоҳ нуран ало нур мегашт. Боз қад-қадди роҳҳо ва қитъаҳои заминҳо  ҳусни дигар мегирифтанд. Парандаҳо  дар шохаҳояшон лона мегузоштанду субҳи босафо ва шоми зеборо бо овози хуши онҳо истиқбол мегирифтем. 

Ҳусайн САФАРЗОДА, узви Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив