ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо варзишгарони шиновар

Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо варзишгарони шиновар

05 апрел 2023, Чоршанбе
7
0

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки, ҳамзамон, раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба Кумитаи миллии олимпӣ ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо варзишгарону намояндагони дастаи мунтахаби мамлакат оид ба шиноварӣ вохӯрд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки маҷмааи варзиши обӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, варзишгарон бояд пайваста ба машқу тамрин машғул гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба таври ҷиддӣ омода бошанд.
Гуфта шуд, ки маҳз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат ба варзиш боиси устувор гардидани пойгоҳи моддию техникӣ барои оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардидааст.


Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қазоқи худро табрик кард
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом дод. 
Сироҷиддин Муҳриддин Мурат Нуртлеуро ба муносибати роҳбари мақомоти корҳои хориҷии Қазоқистон таъин гардиданаш табрик карда, ба ӯ дар фаъолияташ комёбиҳо орзу намуд.
Тибқи иттилои Вазорат, зимни суҳбат маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва омодагӣ ба тамосҳои сатҳи олӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Сел дар ноҳияи Панҷ ба беш аз 100 манзил зарар расонд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, ки соати 01:30 дақиқаи 4 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва Пахтакори Ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷ сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ 15 хонаводае, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол ёфтанд. 
Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар натиҷаи боришот зиёда аз 100 манзили истиқоматӣ зарар дидааст. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ҷойи ҳодиса дидан карда, ба масъулон дастур дод, ки хисороти офат муайян шуда, баҳри ёрии саривақтӣ ва тоза намудани манзили шаҳрвандон чораҳо андешанд. Барои рафъи пайомадҳои офати табиат гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 05.04.2023 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив