ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » СУҒД. ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИПРОПИЛЕНИИ ҶДММ  «АЗИЯПОЛИТЕКС» ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «СУҒД» ФАЪОЛ ШУД

СУҒД. ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲОИ ПОЛИПРОПИЛЕНИИ ҶДММ  «АЗИЯПОЛИТЕКС» ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «СУҒД» ФАЪОЛ ШУД

04 апрел 2023, Сешанбе
45
0

 1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо пахши тугмаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс»-ро ба кор дароварданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд ёфтааст. Фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар се баст 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст. Дар корхона панҷ хатти муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид шудааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гашта, халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 килограмм то 3 тонна истеҳсол карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ то 13 ҳазор дона халтаҳои полипропилении калонҳаҷм буда, солона ба зиёда аз 156 ҳазор дона мерасад. Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Сохтмони корхонаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта, дар масоҳати 1 гектар бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шудааст. Халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона сифати баланд дошта, барои ангишт, семент, ғалладона ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Бо дарназардошти босифат будани халтаҳои калонҳаҷми корхона, муҳлати истифодаи он тулонӣ буда, дар натиҷаи интиқоли дилхоҳ маҳсулот фарсуда намегардад. Соҳибкорон, аллакай, дар баробари таъмини талаботи бозорҳои дохилӣ, содироти ин навъи маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои хориҷа низ, ба роҳ мондаанд. 
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении калонҳаҷм тақвияти иқтидори истеҳсолии   вилояти Суғд мебошад. Корхонаи мазкур дорои ошхона барои 100 нафар, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дигар шароити мусоид муҷаҳҳазанд. Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхона муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ва кормандон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори содироти он ба хориҷи мамлакат маслиҳатҳои муфид доданд.

МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШӢ ОИД БА НАМУДҲОИ КАМОНВАРӢ 
ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд.
Мактаби мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст. Иншооти навбунёди варзишӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои беш аз 10 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият ва кормандон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, дастшӯӣ, анбор барои нигаҳдории таҷҳизоти варзишӣ ва дигар нуқтаҳои ёрирасон мебошад. Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ  дар шафати варзишгоҳи марказии “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҷойгир аст. Дар гӯшаҳои алоҳидаи ошёнаи якуми бинои Мактаб намунаи либосҳои варзиши камонварӣ, тиру камонҳо ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик аз ин риштаи варзиш ба маъраз гузошта шудаанд.  
Бо таъсиси Мактаби болозикр 20 нафар, аз ҷумла 5 мураббии касбӣ, ба кор ҷалб гардид. Дар Мактаби варзишӣ толори маҷлисӣ бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфт. Дар ҳуҷраҳои алоҳидаи Мактаб таҷҳизоти гуногуни варзишӣ нигаҳдорӣ шуда,  дастгоҳҳои зарурӣ насб гардидааст, ки, асосан, барои таъмиру навсозии тиру камон истифода мешаванд. Инчунин, дар бино нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраи равоншинос низ мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуюми иншооти мазкур толори барҳавои машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши камонварӣ бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр ҷойгир аст. Дар толори Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар баробари машқу тамрин, инчунин, барои баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи баланд оид ба камонварӣ шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Айни замон дар Мактаби мазкур 90 нафар ҷавонону наврасон машқу тамрин менамоянд, ки ба онҳо мураббиёни соҳибтаҷриба нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзонанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони соҳа, мураббиён ва варзишгарон суҳбати самимӣ ороста, изҳори боварӣ карданд, ки бо бунёд ва ба истифода супурдани Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд барои тамрини наврасону ҷавонони варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд ва аз байни онҳо қаҳрамононе чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.

МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ҲАВЗҲОИ ПАРВАРИШИ ГУЛМОҲӢ 
ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ОҒОЗ ГАРДИД
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода дода, аз намоиши дастовардҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” боздид намуданд.
Ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст. Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” маҳсуб ёфта, барои таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат мекунад. 
Бо ифтитоҳи ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 12 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, тибқи нақша, соли аввал истеҳсоли 100 тонна гӯшти парҳезӣ дар назар аст. Дар асоси тавсияи мутахассисон бо мақсади зиёд намудани оксиген, ки дар инкишофи моҳӣ нақши муҳим дорад, аз хориҷи кишвар 10 аэратор ворид ва дар ҳавзҳо гузошта шудааст. Дар як қисми ҳавзҳо ҳамчун таҷриба парвариши тосмоҳӣ (остёра) ба роҳ монда шудааст, ки ба таъкиди масъулон натиҷаҳои хуб ба назар мерасад. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 29 июли соли 2021 дар масоҳати 40 садяк замин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Ба андешаи масъулон, баъди ифтитоҳи нахустин хоҷагии гулмоҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пешравиҳои назаррас дар соҳаи моҳидорӣ ва моҳипарварӣ дар ҳудуди вилояти Суғд ба миён омад. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми ҳавзҳои моҳипарварии “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷалби 50 мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хайри Сафо” дар давоми 6 моҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шудаанд.
Иттилоъ доданд, ки то соли 2025 дар ҳамаи беш аз 3 гектар заминҳои “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳавзҳо таъсис дода шуда, дар марҳилаи сеюм, асосан, парвариши тосмоҳӣ ба роҳ монда мешавад. Бо пурра ташкил намудани  ҳавзҳои моҳипарварӣ иқтидори истеҳсолӣ то 500 тонна дар як сол расонда хоҳад шуд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз 5 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дорад ва соли гузашта наздики 38 тонна маҳсулот истеҳсол гардидааст. Моҳипарварони ноҳия соли равон 2,8 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол карданд ва то охири соли равон истеҳсоли 45 тонна маҳсулот дар назар аст. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ аз намоиши дастовардҳои ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дидан намуданд. Дар намоишгоҳ беш аз 10 зоти моҳӣ, консерваҳо аз моҳӣ, моҳиҳои дудандохташуда, хӯрокаи он ва харитаи ҷойгиршавии “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муаррифӣ гардиданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми  роҳбарияти ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-ро дар самти мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 
БА НОМИ ЮСУФ ИСҲОҚӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави таълимӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ" бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидаанд.
Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё шудани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб роҳнамоӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дорои 41 синфхона, толорҳои барҳавои лексионӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо, муҷаҳҳаз шуда, барои таҳсили 2200 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи мазкур 8 факултет ва 19 кафедра амал мекунад. Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 8 ихтисос, аз ҷумла кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ – ташхисӣ, кори тиббӣ – офиятӣ ва кори тиббӣ – профилактикӣ, омода карда мешаванд.
Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 4 ҳазору 436 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 3 ҳазору 847 нафари онҳо духтар ва 589 нафар писар мебошанд. Аз ин шумора 10 нафараш шаҳрванди хориҷӣ аст. Ба онҳо, дар умум, 230 омӯзгори соҳибтахассус дарс мегӯяд. Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, Озмоишгоҳи таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, озмоишгоҳҳои таълимии химия, биология, физика ва Маркази таълимии дандонсозӣ таъсис дода шудаанд. Марказу озмоишгоҳҳои мазкур ва синфхонаҳои фаннии Коллеҷ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва аёниятҳои таълимию таҷрибавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, ки бо истифода аз онҳо донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Илова бар ин, ҳамаи ҳуҷраҳои кории омӯзгорон бо мизу курсӣ, дастгоҳҳои зарурӣ ва хатти интернет пайваст мебошанд. Дар таҳхонаи бинои Муассисаи таълимӣ ошхона бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ мавҷуд буда, синфхонаи компютерӣ низ, таъсис дода шудааст, ки 100 ҷойи нишаст дорад. Минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои Муассисаи таълимӣ дар толори барҳавои дорои 300 ҷойи нишаст, баргузор мешаванд. Дар бинои навбунёд ду лифти замонавӣ насб гардида, раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад. Ҷиҳати таъмини гармӣ дар фасли зимистон бинои Коллеҷ бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ пайваст гардидааст. Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, бо хобгоҳи дорои шароити хуби истиқоматӣ таъмин мегарданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорони ин Муассисаи таълимӣ арзёбӣ карданд.

КУШОДАШАВИИ МАҶМААИ САВДОЮ ХИЗМАТРАСОНӢ 
ВА ИСТИҚОМАТИИ “СОМОН ПЛАЗА” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамдастӣ-2013” Исломҷон Солиев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти соҳаи меъморию шаҳрcозӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Иншоот аз ду бинои 13-ошёна иборат буда, тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба санъати меъмории миллии он зебоии маркази маъмурии вилояти Суғдро таъмин менамояд. Дар таҳхона ва ду ошёнаи аввали бинои якуми Маҷмаа Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил” ташкил карда шудааст. Марказ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Насим Мирпочоев дар ҳамкорӣ бо табибон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин аст.
Дастгоҳу таҷҳизоти васлу насбшуда истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Олмон, Ҷопон, Корея, Чин ва Амрико мебошанд. Дар иншооти тандурустӣ ташхису табобати пурраи дил ва рагҳои хунгарди организми инсон анҷом дода мешавад. Ангиографии “ВI-planе”-и дар ин ҷо васлу насбгардида, аз навтарин таҷҳизоти тиббӣ маҳсуб ёфта, бори аввал ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Бо ин таҷҳизот имкон аст, ки дил ва рагҳои хунгарди организми инсон бе ҷарроҳӣ ва беҳушкунӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба таври комил ташхису табобат шаванд. Дигар номгӯи таҷҳизот, аз қабили ултрасадо, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, рентген ва ғайра низ, навтарин буда, бо ҳар кадоми он ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии беморон имконпазир мебошад.
Қабул, ташхис ва табобати беморон дар ин ҷо бо низоми мутамаркази электронӣ сурат мегирад. Ин низом барои сарфа кардани вақти беморон ва ҳам табибону дигар кормандони Марказ мусоидат менамояд. Шуъбаи эҳё бо катҳои функсионалӣ ва дигар таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин аст.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории табибон, озмоишгоҳ, ҳуҷраи рентген, ҳуҷраҳои безараргардонию шустушӯӣ, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва бойгонии иншоот бо истифода аз пешрафтатарин технология ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар Марказ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёну магистрантони соҳа шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Дар толори лексионӣ монитор бо ҳуҷраҳои ташхис, ҷарроҳӣ ва табобатӣ ба таври онлайн пайваст гардидааст, ки тавассути он дарсҳои амалӣ гузаронда мешаванд. Ҳамчунин, барои табибони оянда дастгоҳи ангиографии алоҳидаи омӯзишӣ васл шудааст, ки ин таҷрибаи нав ва пешқадам дар мамлакат маҳсуб меёбад. Дар Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил” мутахассисони варзидаи маҳаллӣ, табибон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор мекунанд. Табибони Марказ бо мутахассисони соҳаи тибби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркия ҳамкории зич дошта, миёни ҳам пайваста табодули таҷриба менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Марказ 70 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, муассисон нақша доранд, оянда бо васеъ намудани доираи фаъолият шумораи кормандонро ба 100 нафар расонанд. Озмоишгоҳи Марказ аз панҷ ҳуҷра иборат буда, дар он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти навтарин 35 намуди таҳлили тиббӣ сари вақт ва бо сифат гузаронда мешавад. Дар Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил” 120 ҳуҷраи табобатию бистаригардонӣ ва ёрирасон мавҷуд аст ва дар як рӯз ба 100 нафар ниёзманд хизмати тиббӣ расонда мешавад. Ҳамзамон, дар он имкони 50 нафар беморро ба табобат фаро гирифтан мавҷуд аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ташкил гардидани боз як иншооти муосири ташхисию табобатии бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазро дар шаҳри Хуҷанд омили муҳим дар ҳифзи солимии аҳолӣ маънидод карданд. Ошёнаҳои болоии иншоот ҳамчун хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ шудаанд. Дар бино 126 хонаи 1, 2 ва 3 - ҳуҷрагӣ мавҷуд мебошад. Иншоот бо гармидиҳӣ ва хатти алоҳидаи барқ пайваст аст. Аз рӯи нақша, оянда дар ин ҷо боз 5 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида, ҳамчунин, сохтмони майдончаи варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон ва ҷой барои истироҳати сокинон дар назар аст.
ТАҚДИМИ ТУҲФА БА ЯТИМОН
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза”-и шаҳри Хуҷанд бо 100 нафар ятим аз шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Спитамен суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, либос, шириниҳо ва маблағ иборат мебошанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид намуданд, ки ҳар нафари онҳо таҳти ғамхории бевоситаи давлат қарор доранд ва барои тарбияву ба камол расиданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷавонону наврасон танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, анҷоми амалҳои созанда баҳри дурахши бештари сарзамини аҷдодӣ ва мушарраф шуданашон ба зиндагии шоиста талаб мегардад.
Ятимон дар навбати худ иброз доштанд, ки аз пуштибонӣ ва кумаку дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳраваранд. Чунин ғамхориҳои ҳамешагӣ онҳоро водор месозад, ки дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбият ёфта, бо аз худ кардани илму донишҳои замонавӣ мутахассиси варзидаи касби интихобнамудаи хеш гарданд ва дар оянда ба нафъи давлату миллат хизмат намоянд.

ШИНОСОӢ БО ПАРВАРИШИ САБЗАВОТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии “Темурҷон” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Масоҳати умумии хоҷагӣ 1,5 гектар буда, дар як гектари он барои парвариши сабзавот, хосса помидор, бодиринг ва қаламфур гармхона бунёд шудааст. Гармхонаро соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Иброҳимов ба хотири истиқболи сазовор аз Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудааст.
Ҳоло дар гармхона, асосан, бодиринги навъҳои гуногун парвариш меёбад. Ҳосилнокии солонаи навъҳои бодиринги киштшуда ба 2500-3000 сентнер баробар мебошад.
Технологияи гармхона истеҳсоли Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ буда, зироат ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад. Меъёри об ва ғизодиҳӣ тавассути компютер идора карда мешавад.
Дар дохили гармхона бо истифода аз 8 ҳазор лампаи махсуси барқӣ офтоби сунъӣ ба вуҷуд меоранд. Ин низоми нав дар Тоҷикистон бори аввал роҳандозӣ шудааст. Усули мазкур дар рӯзҳои абрнок ва барои дароз намудани рӯзҳои кӯтоҳи зимистон истифода шуда, ҷиҳати инкишофёбии хубу саривақтии зироат муфид мебошад.
Дар ҳудуди Хоҷагӣ дар масоҳати 0,1 гектар гармхонаи алоҳида барои омода намудани кӯчати сабзавот бунёд намудаанд, ки дар як вақт 170 ҳазор кӯчат тайёр мегардад. Хоҷагидорон, аллакай, як маротиба 23 ҳазор кӯчати бодиринг, помидор ва қаламфур парвариш намудаанд. Ҳоло бошад, дар ин қитъа барои таҷриба 8 навъи помидор шинондаанд, ки нашъунамои хуб дорад.
Барои муътадил нигоҳ доштани ҳаво дар гармхона низоми сардкунандаи обӣ васлу насб шудааст. Гармӣ дар ҳудуди иншоот тавассути низоми мутамарказ ва бо истифода аз ангиштсанг таъмин мегардад. Ҳоло дар Хоҷагии мазкур 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди чунин иншооти замонавии истеҳсолӣ изҳори сипос намуда, фаъолияти хоҷагидоронро намунаи ибрат ва боиси таҳсин маънидод карданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар намоишгоҳ, асосан, сабзавоти дар гармхона парваришнамудаи хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид. Ба иттилои масъулони соҳа, айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 205 гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 27 гектар фаъолият менамояд. Бо назардошти талаботи замон, хоҷагидорони ноҳия масоҳати гармхонаҳои типи навро бештар намуда, кӯшиш доранд, истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи фасли сол афзоянд ва бо ин роҳ, дар ғанӣ гардондани бозор бо маҳсулоти сифатнок саҳм гузоранд.

Санаи нашр: 03.04.2023 №: 68
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив