ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИПЛОМАТИЯИ ОБ. ДИПЛОМАТИЯИ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГИСТ

ДИПЛОМАТИЯИ ОБ. ДИПЛОМАТИЯИ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГИСТ

12 апрел 2023, Чоршанбе
69
0
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки давоми се рӯз дар қароргоҳи СММ (Ню-Йорк) баргузор гашт, умеди башарро барои рафъи буҳрони об зинда кард. Зеро ин чорабинӣ дар ҳоле доир гашт, ки барои раҳоӣ аз ин мушкилот интихоби роҳи нави муштарак ва иқдомоти фаъоли тамоми давлатҳо лозим буд. Яъне, баъд аз анқариб ним аср доир гардидани Конфронси дуюми СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамин ҳадафро дошт. 
Агар Конфронси якум (соли 1977) дар оғози ба вуҷуд омадани тағйирёбии иқлим баргузор гардида бошад, пас Конфронси дуюм дар шароит ва вазъияте сурат гирифт, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз ба рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дода истодаанд. 
Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсола дар самти об ва мудирияти он ба монанди ҳалқаҳои як занҷир бо ҳамдигар пайваст ва якдигарро такмил дода, ба як занҷири том мубаддал гардид. Агар соли 2003 Соли оби тоза эълон гашта буд, пас соли 2018 об ҳамчун рушди устувор дониста шуд. Яъне об на танҳо ҳамчун манбаи ҳаёт (аз 3/2 ҳиссаи бадани инсонро об ташкил медиҳад), балки унсури муҳими рушди саноат, кишоварзӣ, иқтисод ва дигар соҳаҳо эътироф гашт, ки воқеан ҳам, ҳамин тавр аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳибаи махсуси худ бо шабакаи телевизионии СММ дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” масъалаҳои вобаста ба обро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид доштанд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ, сол ба сол муташанниҷ гардида истодааст”.
Мувофиқи таҳлилҳо даҳсолаи охир мушкилиҳои вобаста ба об дар ҳоли афзоишанд. Ҳамасола ба ҳалокат расидани то ним миллион инсон аз бемориҳои сироятии марбут ба об, афзоиши шумораи одамоне, ки аз шароити одии беҳдоштӣ бархурдор нестанд, гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо далели афзоиши мушкилоти об аст. Бар пояи маълумоти сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон 3 миллиарду 600 миллион нафар ба низоми обу корези бехатар дастрасӣ надорад. Гузашта аз ин, теъдоди аҳолие, ки дар  шаҳрҳо ба об дастрасӣ надорад, меафзояд. Тибқи ҳисоби тахминии коршиносон, шумораи аҳолии шаҳрҳои дунё, ки ба об дастрасӣ надорад, аз 930 миллиони дар соли 2016 ба 1,7-2, 4 миллиард дар соли 2050 мерасад. Ба ҳолати моҳи марти соли 2023 дар ҷаҳон 2 миллиард нафар умуман ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад.
Бар асоси оморҳои болозикр, аз 4/1 ҳиссаи аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Яъне, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои ҳалли мушкилоти мазкур равона гардидааст. Ин ташаббусҳо ҷомеаи башариро водор намуда истодаанд, ки дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар авлавият қарор диҳанд. Чунки идомаи ҳаёт ва бақои инсону табиат ба об вобастагии ҷиддӣ дорад. Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ низ, бори дигар таъкид кард: “Об бояд дар меҳвари рӯзномаи сиёсии ҷаҳонӣ бошад”.
Бояд гуфт, ки ҳамасола афзоиши шумораи аҳолии сайёра боиси сарфи бештари захираҳои обӣ гардида, вазъро печидатар мегардонад. Аз тарафи дигар бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар ҷаҳон ва ихроҷи газҳои гулхонаӣ боис шуда, ки ҳарорати ҳаво дар сайёраи Замин боло равад. Ин омил обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии босуръати иқлимро ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин, дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон масъалаи мудирияти об ва муносибат ба табиат мақоми асосиро касб намудааст. 
Хуллас, Конфронси дуюми СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, зеро дар меҳвари ин Конфронс арзишҳои башардӯстона мақоми махсусро доштанд. Мақсад аз ташаббус ва иқдомҳои Тоҷикистон наҷоти башарият ва сайёраи Замин аз фоҷиаи нобудист. Гузашта аз ин, ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар бақои сулҳу субот, амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирии муноқишаву низоъҳои мусаллаҳона миёни давлатҳо нақши муҳим мегузорад. Имрӯз дар атрофи беш аз 200 дарёи ҷорие, ки аз ҳудуди чанд давлат мегузарад, баҳсҳо вуҷуд доранд. Масалан, перомуни дарёи Нил миёни Судону Миср, дарёи Арванд байни Ирону Ироқ баҳс аст. Бинобар ин, дар сурати амалӣ гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон ва дуруст дарк шудани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ метавон садҳо низоъҳои эҳтимолиро пешгирӣ намуд. 
 
Матлуба ҲАЙДАРОВА, 
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Санаи нашр: 12.04.2023 №: 75 - 76
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив