ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЙҲУН. ТАРОВАТИ ЗИНДАГӢ АЗ ЗАҲМАТ АСТ

ҶАЙҲУН. ТАРОВАТИ ЗИНДАГӢ АЗ ЗАҲМАТ АСТ

24 апрел 2023, Душанбе
16
0


Мардуми ноҳияи Ҷайҳун дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамчун деҳқонону боғдорони асил ном баровардаанд. Маҳз майл ба ободкории онҳо аст, ки нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ хуб ҷамъбаст шуданд, - иброз дошт Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳия. 
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеоянд, тадбирҳои заруриро амалӣ сохта, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2021-2026 Солҳои рушди саноат ва баҳри истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро вусъати тоза бахшидааст, – тазаккур дод ӯ зимни суҳбат ва бо қаноатмандӣ, аз ҷумла чунин гуфт:
– Ба ифтихори таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо тамоми сохторҳои марбута дар ҳаҷми 222 банд таҳия гардида, 504 иншооти гуногунро дар бар мегирад. Агар музаффариятҳои меҳнатии сокинонро бо рақамҳо зикр кунем, маҷмуи умумии маҳсулоти минтақавӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба 200,8 миллион сомонӣ баробар шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ 28,5 миллион сомонӣ  (афзоиш 6,6%), соҳаи саноат 34,8 миллион сомонӣ (17,9%), хизматрасонии пулакӣ 24,7 миллион сомонӣ (18,3%), гардиши савдо 86,6 миллион сомонӣ (5,4%), фондҳои асосии ба кор андохташуда 10,2 миллион сомонӣ (6,9 баробар) ва даромади буҷети маҳаллӣ 16 миллион сомонӣ (афзоиш 2,5%)-ро ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми даромадҳои буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,05 фоиз иҷро гашт. Аз 15,6 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷет 16 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 397,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025 бо фарогирии 131 лоиҳа ба маблағи 133,3 миллион сомонӣ таҳия гардид,  аз он ба соҳаҳои иқтисодӣ 70 лоиҳа ба маблағи 94,4 миллион сомонӣ, иҷтимоӣ 28 лоиҳа ба маблағи 26,7 миллион сомонӣ ва  инфрасохтор 33 лоиҳа ба маблағи 12,1 миллион сомонӣ равона гашт. 
Дар  семоҳаи якуми соли равон иҷрои 51 лоиҳа ба маблағи 37,3 миллион  сомонӣ таъмин шуд,  ки 28,3 фоизи барномаи болозикрро ташкил дод.  37 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад. Дар ин муддат 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 11 миллион доллари амрикоӣ маблагузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  1,6 миллион доллар  зиёд мебошад. 
Дар ин давра 3 миллиону 897 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб шуд, ки аз ин ҳисоб ду нуқтаи таъмири мошинҳои сабукрав ва даҳ гармхонаи лимӯпарварӣ  ба истифода дода шуда, 2,7 километр роҳ шағалпӯш гашт ва як адад пул ба маблағи умумии 60 ҳазор сомонӣ аз таъмир баромад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 34,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 5,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 117,9 фоизро ташкил дод. 
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”, ки дар ҳудуди ноҳия ҷойгир аст, 12 субъект ба қайд гирифта шуда, айни ҳол 7-тои он фаъол аст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар ин давра 3,6 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба 2,4 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхтанд.         
Содироти маҳсулот дар ин давра ба хориҷи кишвар 5,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 255,8 километрро ташкил медиҳад, ки 65,8 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 8,4 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 181 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллианд. Барои нигоҳдорӣ, таъмири ҷорию асосии роҳу пулу лӯлаҳо, кабудизоркунӣ ва  зимистонгузаронӣ 53,7 ҳазор сомонӣ  ҷудо ва масраф шуд. Соҳибкорон ба маблағи  умумии 212,7  ҳазор сомонӣ 3 пул, 6,7 километр роҳро таъмиру шағалпӯш карданд.
Дар семоҳа ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 86,6 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 24,7 миллион сомониро ташкил дод, ки 118,8  фоизи ҳамин давраи соли рафтаро дар бар мегирад. 3400 нафар аҳолии шаҳраки Дӯстӣ, яъне маркази ноҳия, бо оби ошомиданӣ таъмин шуд.    
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ сатҳи 28,5 миллион сомониро убур намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ (106,6%) афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти соҳаи рустанипаварӣ 177,6 фоиз ва чорводорӣ 103,2  фоизро ташкил додааст.
Кишти пунбадона ба 4964 гектар, ғалладона ба 3968 гектар (ҷуворимакка барои дон 641 гектар), сабзавот ба 3662 гектар (пиёз 3540 гектар, картошка 221 гектар, полизиҳо 1400 гектар, лубиёгиҳо 6 гектар) ва  зироатҳои  хӯроки  чорво ба 680 гектар, истеҳсоли сабзавот ба 93 тонна, гӯшт 450 тонна, шир 2000 тонна, тухм 918,2 ҳазор дона расонда шуд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан аз 102 то 104,3 фоизро ташкил медиҳад.
Саршумори чорвои калону хурд, асп, паранда, заргӯш, оилаҳои занбӯри асал сол ба сол дар афзоиш аст. 
Ҷайҳун дар бунёди гармхонаҳои  доимӣ дар кишвар пешсаф буда, пайваста аз онҳо ҳосили фаровони лимӯ, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон ва ғайра мерӯёнад ва шумори сардхонаҳоро ба 12 адад расондааст, ғунҷоиши онҳо 1980 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.  
Нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар дар соли 2023  дар ҳаҷми 27500 тонна тасдиқ гаштааст, ба якуми апрел 106  тонна сабзавот содирот шудааст.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз табрикоти наврӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  неруи тоза гирифта, минбаъд низ, тамоми имкониятҳои мавҷударо  барои  бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардондани қисми даромади буҷет ва дар ин замина сари вақт ба иҷро расондани уҳдадориҳои иҷтимоӣ баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд, – зикр кард раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода  Абдулҳафиз  Абдусаттор.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив