ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮДАК. ҒИЗОИ ДУРУСТ КАФИЛИ СОЛИМИИ ӮСТ

КӮДАК. ҒИЗОИ ДУРУСТ КАФИЛИ СОЛИМИИ ӮСТ

01 май 2023, Душанбе
22
0


Масъалаи солимии модару кӯдак чун ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, чандин дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо фаро гирифт. Аз ин ҷост, ки тибқи таҳлилҳо, дар замони соҳибистиқлолии кишвар нишондиҳандаи умумии фавт ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. 
Далелҳои болозикр гувоҳи онанд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ сол ба сол беҳтар гардида, ҳамкории соҳаи тандурустӣ бо аҳолӣ, хусусан якдигарфаҳмии табибони оилавӣ бо модарону кӯдакони онҳо, зич ба роҳ монда шудааст. 
Аз  ҷониби дигар, таъмин будани модарону кӯдакон бо ғизои солим ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат менамояд. Барои кӯдак беҳтарин ғизои табиӣ ва солим – шири модар мебошад, мутаассифона, баъзе аз модарон аз додани он худдорӣ мекунанд. Ё шири модар барои ғизогирии кӯдак камӣ мекунад. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст ҳар як бону ва духтар, ки оянда модар мешаванд, дар бораи аҳамияти шири модар бояд хуб донанд. Шири модар беҳтарин ғизои табиӣ барои тифли навзод аст. Ҳеҷ ягон намуди дигари ғизо шири модарро иваз карда наметавонад. Он барои инкишофи дуруст ва баландшавии масъунияти навзод ёрӣ мерасонад. Дарҳол, пас аз таваллуд модар бояд аз ғизоҳои барангезандаи аллергикӣ, ба монанди донагиҳо, шоколад, асал ва, ҳатто шири гов худдорӣ намояд, зеро организми кӯдаки навзод ниҳоят нозук буда, ғизои дӯстдоштаи модар метавонад ба организмаш таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, модари ширдеҳ бояд ғизои дуруст ва солим истеъмол намояд, чун таркиби шири ӯ аз ғизои истеъмолнамудааш вобаста аст. Истеъмоли ғизои нодуруст дар вақти синамаконӣ аз тарафи модар ба навзод таъсири бад гузошта, ба вайроншавии кори меъдаю рӯда, пайдошавии аксуламали ҳассосият ва, ҳатто заҳролудшавӣ оварда мерасонад.
Рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввали пас аз таваллуди кӯдак барои модар зарур аст, ки ба хӯроки дуруст диққати бештар диҳад, зеро давомнокии лактатсия, яъне ҳосилшавии шир ва барқароршавии организми модар аз ҳамин вақт асос мегирад. Маҳз барои ҳамин ғизои модар пурра солим ва сабук шуда, аз чунин хӯрока бояд иборат бошад. Ба монанди омехтаҳо аз биринҷ ва ҷуворимакка, гӯшти камравғани гов ва дар буғ пухташуда, сабзавотҳои маҳаллии мавсимии гулкарам, картошка, маҳсулотҳои турши ширӣ  – ҷурғот ва твороги беравған ба миқдори кам.
Витаминҳо, микроэлементҳо ва минералҳо низ, барои инкишофи дурусти ақлонӣ ва ҷисмонии кӯдак лозиманд. Ҳамаи инҳо ба воситаи шири модар ба организми навзод ворид мешаванд. Ба ҳисоби миёна талаботи шабонарӯзии занҳо ба ғизо тақрибан 2500 кило калорияро ташкил медиҳад. Модари ширдеҳро мебояд ҳамеша ба миқдори 500-700 ккал талаботи худро ба ғизо зиёд намояд. Ҳаҷми ғизогирии модар дар як шабонарӯз 5-6 маротиба буда, аз ин се маротиба ғизо  – ғизои асосӣ ба ҳисоб меравад. Мутаносиби дурусти ратсиони модар вобаста аст ба будани сафеда, чарбу ва карбогидрат дар таркиби ғизои истифодашавандаи ӯ. Таркиби ғизои модари ширдеҳро бояд дар як шабонарӯз 130-150 грамм сафеда, 100-120 грамм чарбу ва 600 грамм карбогидрат ташкил диҳад. Аз меъёр зиёд ва ё баръакс кам будани моддаҳо дар хӯрок метавонанд ба бисёр касалиҳо оварда расонад. Барои мисол, истеъмоли аз меъёр зиёди маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ ба пайдошавии сенсибилизатсия ва камхунӣ дар кӯдакон сабаб мешавад. Кам нӯшидани об ба камшавии шири модар ва аз меъёр зиёди он боиси ҳосилшавии валактостаз, яъне ҷамъшавии шир мегардад, Модар, инчунин, бояд маводҳои ношинос барои кӯдакашро эҳтиёткорона истеъмол кунад, зеро танҳо як маҳсулоти навро давоми се рӯз ба миқдори кам истеъмол намуда, ба ҳолати кӯдак менигарад, пас аз набудани ҳассосият метавонад маҳсулоти дигарро зам намояд. 
Ҳамин тариқ, солимии модару кӯдак, ки сол ба сол таваҷҷуҳ ба он зиёд гашта истодааст, аз худи модар низ, вобастагии калон дорад. Махсусан, дар замони муосир, ки ҳар гуна хӯрокҳои тезтайёр ва истифодаи маҳсулоти гӯштии дубора коркардшуда маъмул шудааст, истеъмоли ғизои солимро зери суол мебарад. 

Анвар МЕНИҚУЛОВ, 
табиби навзодони беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив